Нахи акрил – самти нав дар Ӯзбекистони Нав

  • Нахи акрил – самти нав дар Ӯзбекистони Нав

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи «Сиёвуш текстил»-и ноҳияи Когони вилояти Бухоро шинос шуд.

Пештар дар қитъае, ки ҳоло корхона воқеъ аст, замини бекорхобида буд. Барои фароҳам овардани шароит барои соҳибкорон ҳудуд ба минтақаи озоди иқтисодии «Ғиҷдувон» дохил карда, ба ин ҷо инфрасохтори зарурӣ оварда, дар натиҷа барои саноат шароит фароҳам оварда шуд.

Аз ҷумла, лоиҳаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сиёвуш текстил» ба маблағи 36 миллион доллар дар моҳи гузашта анҷом ёфт. Корхона имкони тавлиди 40 ҳазор тонна калобаи акрилиро дорад. 600 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

– Ин дар Ўзбекистони Нав самти нав мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар мамлакати мо саноати бофандагӣ босуръат тараққӣ мекунад. Агар корхонаҳо барои пайдо намудани  арзиши иловагӣ ва гирифтани даромади бештар саъй кунанд, онҳо бояд ҳадди аққал қисман акрилро азхуд кунанд. Маҳсулоти аз он тайёршуда 5 баробар қимат шуд. Ин фоида, субот ва ҷойҳои корӣ аст. Бинобар ин давлате, ки коркарди пахтаро ҳавасманд мекунад, акнун ба истеҳмоли нахҳои сунъӣ низ ҳаматарафа ёрӣ мерасонад.

Корхона марҳилаи аввали лоиҳаро ба анҷом расонида, айни замон бо шарикони хориҷӣ ҷиҳати густариши фаъолияти худ ҳамкорӣ дорад. Дар марҳилаи оянда пурра маҳаллӣ гардондани истеҳсоли нахи акрил ва маҳсулоти тайёр аз он пешбинӣ карда шудааст. Шумораи ҷойҳои корӣ ба 1,2 ҳазор нафар мерасад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: