ДАР ЧУСТ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ФАРОҲАМ ОВАРДА МЕШАВАНД

Тибқи барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон тӯли солҳои 2020-2021 тибқи 150 лоиҳа дар бахши саноат, хидмати маишӣ ва хоҷагии деҳот 2727 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Тибқи барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон тӯли солҳои 2020-2021 тибқи 150 лоиҳа дар бахши саноат, хидмати маишӣ ва хоҷагии деҳот 2727 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Корҳо оиди ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳое, ки арзиши умумиашон 3030,3 млрд. сӯм аст, оғоз ёфтаанд.
Суҳбати инҷониб бо ҳокими ноҳия Бегзодҷон ҲАМДАМОВ дар ҳамин хусус буд. 
— Чунин ба назар мерасад, корҳое, ки бояд доир ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ анҷом дода шаванд, кам нестанд.
— Барои ҳаллу фасли масъалаҳое, ки аҳолиро ба ташвиш меандозанд, баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, кушодани гиреҳҳои мушкилоти ғуншуда, дар асоси барномаи мушаххас якҷо бо роҳбарони секторҳо ва фаъолони аҳли ҷомеа бояд даст ба корҳои амалӣ зада шавад.
Бояд тибқи ислоҳоти пешбинишуда ва қарору фармонҳое, ки аз ҷониби Президент ба тасвиб расидаанд, ба офаридани шароиту имкониятҳо ба соҳибкорон, дастгирии тиҷорати хурду соҳибкорӣ, хоҷагиҳои фермерӣ, бардоштани монеаҳои сунъӣ аз роҳи онҳо рӯйи эътибор гардонем. Дар рафти таҳлилу омӯзиш дар маҳалҳо ба хулосае омадем, ки истеҳсолот бояд ба таври густурда ихтисосонида шавад. Аз ҷумла, муайян намудем, ки бузпарварӣ дар Қароқӯрғон, кишти картошка дар Ғовасой, парвариши помидор дар Шоён натиҷаи матлуб мебахшад. Нақшаҳоямон ба амал татбиқ шаванд, тарзи зиндагонии шаҳрвандон рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод.
Ба мақсади истифода аз заминҳои бекорхобидаи ноҳия ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар назар дошта шудааст, барои кандани чоҳ, ки бояд 323 гектар майдонро бо об таъмин намояд, субсид ҷудо карда шавад. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки 320 нафар бекор аз оилаҳои камбизоат бо кор таъмин карда шаванд. Барои бунёди гармхонаҳо (дар ҳаҷми 1 сотих) ба оилаҳои ниёзманде, ки ба «Дафтари оҳанин» ворид гардидаанд, пешбинӣ шудааст, ки 640 млн. сӯм субсид ҷудо карда мешавад. Оянда дар ин гармхонаҳо 100 нафар бо шуғл фаро гирифта хоҳанд шуд. Дар майдони 31,4 гектар тибқи ба амал татбиқ намудани 40 лоиҳа минтақаи саноатии хурд созмон дода мешавад, ки имконияти бо шуғл фаро гирифтани беш аз ҳазор нафарро медиҳад. Бунёди яхдонҳои меванигоҳдорӣ, гармхонаҳо, ба роҳ мондани чорводорӣ, мурғпарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯрдорӣ ба рушди иқтисодиёти ноҳия заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҳоло дар хоҷагиҳои фермерии «Абдурасул оқ шар», «Чуст дашт оқ сув», «Раҷаббой ҳоҷӣ Тошматов» ва ҶММ «Варзик оқ шар» корҳои амалӣ доир ба бузпарварӣ оғоз ёфтаанд...
— Дар зиёратгоҳу қадамҷойҳои муқаддаси мамлакатамон, ба мақсади эҳёи анъана ва арзишҳои миллӣ, бузургдошти хотираи аҷдод ва рушди сайёҳӣ, корҳои сохтмону ободонӣ вусъат пайдо кардаанд. Дар ин росто дар ноҳия чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?
— Муносибат ба арзишҳои миллӣ, воқеан, тағйир ёфт, садҳо масҷиду зиёратгоҳҳо рӯйи таъмиру таҷдидро диданд. Зиёратгоҳҳои муқаддас имрӯз ба маскани тарбияи маънавию маърифатӣ табдил ёфтаанд, ки онҳо моро ба сӯйи камолот мехонанд.
Тибқи қарори Девони Вазирон «Дар бораи пурсамар ташкил додани корҳо доир ба обод кардани зиёратгоҳу қадамҷойҳои муқаддас ва масҷиду қабристонҳо», аз 15 феврали соли 2018, дар ноҳия бунёди ҷамъиятии «Кишвари азизон» ба кор шурӯъ кард. Ба мақсади ҳифзу таъмири мероси миллии фарҳангӣ ва объектҳои моддию мадании ноҳия, ба насли оянда чун мерос боқӣ гузоштани онҳо, бо кӯмаки созмондиҳандагони бунёди ҷамъиятии мазкур, такядорон ва ташкилотҳои ҳамкор беш аз 40 объекти мероси моддию маданӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар зиёратгоҳи «Бибиона», ки аз зиёратгоҳҳои бостонии Чуст маҳсуб меёбад, корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба амал татбиқ гардиданд. Дар 9 гектар майдон корҳои таҷдиду сохтмон идома доранд. Бо кӯмаки соҳибкорони саховатпеша масҷидҳои «Кӯк тӯнли ота» ва «Ворисбой», баъди таъмир ба истифода супурда шуданд. Дар дигар зиёратгоҳҳо низ корҳои тармиму таҷдид ва сохтмон оғоз ёфтаанд.
— Ба қавле, ҳоло замон замони соҳибкорон аст.  Ба рӯйи онҳо дари ҳамаи имкониятҳо боз, тавону салиқаашон рӯйи об мебарояд...
— Дуруст гуфтед, ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар ин соҳа ба амал татбиқ мешаванд, дар дили чустиён низ, ки соҳибкорию ҳунармандӣ дар хунашон нишастааст, шарораи ҳаракату ҷасоратро афрӯхт. Маҳсулоти корхонаҳои хусусии хурде, ки дирӯз созмон дода шуда буданд, имрӯз дар бозори ватанию ҷаҳон ҷойгоҳи худро пайдо кардаанд. Корхонаҳои замонавии «Чуст текстил», «Чуст Ӯктамҷон сервис», «Мармар-Ф», «Чуст агрофрукт»-ро, ки ба хориҷи кишвар ашёи трикотаж, плитаҳои мармарин ва шарбати мева содир мекунанд, дар сартосари кишварамон хуб медонанд.
— Барои суҳбат ташаккур.
— Саломат бошед.

Суҳбаторо 
Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: