ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ӮЗБЕКИСТОН—ТОҶИКИСТОН БО МАЗМУНИ НАВ ҒАНӢ МЕГАРДАД

Душанбе, 14 сентябр. Хабарнигори махсуси ӮзА Ғайрат ХОННАЗАРОВ хабар медиҳад.

Душанбе, 14 сентябр. Хабарнигори махсуси ӮзА Ғайрат ХОННАЗАРОВ хабар медиҳад.
14 сентябр дар Душанбе таҳти унвони «Саҳми роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, кушодани сафҳаҳои нав дар муносибатҳои шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуд.
Сухани ифтитоҳиро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори мамлакатамон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов иброз доштанд. Онҳо қайд карданд, ки дӯстии чандинасра ва муносибатҳои бародаронаи байни кишварҳои мо ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, амалҳои пайгирона, мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаклу мазмуни нав касб карданд. Ҳамкории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, таълимӣ, илмӣ дар самти санъат ва фарҳанг фаъолона рушд мекунад. Ризоият, робитаҳои оилавӣ, ки дар тӯли асрҳо озмуда шуда буданд, эҳё ва мустаҳкам шуданд. Ниятҳои сарони давлатҳоро на танҳо сиёсатшиносон ва коршиносон, балки халқҳои ҳарду кишвар низ самимона эътироф мекунанд.
Дар ҷамъомади умумии конфронси байналмилалӣ кормандони масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мутахассисони академияҳои илмҳо, олимон, коршиносон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои кишварҳои моро дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмӣ, маданӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Коршиносони мо ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, нақши шарикии стратегии байни кишварҳо дар таъмини рушди бехатар ва устувор дар Осиёи Марказӣ эътибори хоса доданд. Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Осиёи Марказиро самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар муайян намуд, васеъ гардондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бошад, яке аз мақсадҳои асосӣ гардид. Иштирокчиён маълумоти таҳлилӣ ва стратегӣ, муваффақиятҳои бадастомада, аз ҷумла ҳамкориҳои мунтазам рушдёбандаи кишварҳои моро дар бисёр соҳаҳо пешниҳод карданд. Ҳамин тариқ, таҳлили се соли охир нишон дод, ки дар соли 2016 ҳаҷми мубодилаи мол байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 200 миллион долларро ташкил додааст, дар охири соли 2019 ин рақам се маротиба афзуда, 497 миллион долларро ташкил додааст. Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои муайян бо сабаби паҳншавии сирояти коронавирус, дар моҳҳои январ-июл ҳаҷми савдои тарафайн 275,2 миллион долларро ташкил дод.
Нотиқони Тоҷикистон қайд карданд, ки рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоямон дар тарзи ҳаёти халқҳои мо инъикос меёбад. Намояндагони ду кишвар, ки дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, санъат, илм кор мекунанд, дар бораи таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн ибрози назар карданд. Самтҳои умедбахши ҳамкориҳои минбаъда муайян карда шуданд.
Дар ҷамъомадҳои сексионӣ мутахассисон масъалаҳои ҳамгироии минтақавӣ, амният ва инчунин саҳми кишварҳоро дар таъмини субот дар Афғонистон таъкид карданд. Маърӯза  «Дар бораи амалҳо, орзуҳо ва муносибати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳалли мусолиматомези вазъ дар Афғонистон: самтҳои пешомадноки ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» таваҷҷӯҳи зиёдро ба бор овард.
Дар ҷамъомади сексионӣ бахшида ба иқтисодиёт иттилоот дар бораи самтҳои стратегии ҳамкориҳои иқтисодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои пешомади дарозмуддат, ҳамкорӣ дар соҳаи савдо, кооператсияи саноатӣ, ки ба беҳбудии некӯҳолии халқҳои мо мусоидат мекунанд, шунида шуд. Иштирокчиён ҳамкориҳои олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар соҳаи таҳқиқоти иқтисодӣ ва демографӣ, рушди равобити соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, маориф, истеҳсолоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа муҳокима карданд.
Роҳбарон ва мутахассисони Донишкадаи сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишкадаи геология, сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳоро, аллахусус, байни донишгоҳҳои ду кишвар муҳокима намуда, аҳамияти татбиқи потенсиали илмӣ ва инноватсионӣ, истифодаи биологияи таҷрибавӣ, технологияҳои ядроӣ дар соҳаи тиб, кишоварзӣ ва соҳаҳои саноат, гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи пахтакорӣ ва кишоварзиро таъкид намуданд.
Мубоҳисаҳо оид ба амнияти ҷаҳонӣ дар шароити пандемия, омӯзиши пиряхҳо ва захираҳои об дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, стратегияҳои гуногунии биологӣ баргузор шуданд.
Иштирокчиён як қатор созишномаҳо ба даст оварданд: байни Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода муоҳидаи ҳамкории мутақобила ба имзо расид.
Директори Донишкадаи ботаника, физиология ва генетикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобозода Бақохоҷа пешниҳод кард, ки бо Институти генетика ва биологияи таҷрибавии растаниҳои Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар бораи омода кардани докторҳои илм ва ҳимояи рисолаҳо дар соҳаи генетика муоҳидаи ҳусни тафоҳум ба имзо расонад. Дар Тоҷикистон мутахассисон дар ин самт кофӣ нестанд.
Созишномаи ҳамкории илмӣ байни Донишкадаи физикӣ-техникии Тоҷикистон ба номи  С. Умаров ва Пажӯҳишгоҳи физикаи ядроии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба имзо расид. Тарафҳо дар соҳаи физикаи ядроӣ ва назариявӣ, физикаи нимноқил тадқиқоти муштарак анҷом медиҳанд.
Ҷамъомади ниҳоии сексионии конфронс ба робитаҳои фарҳангӣ бахшида шуд. Дар он маърӯзаҳо дар бораи таърихи халқи ӯзбек ва тоҷик, паҳлӯҳои умумӣ дар фарҳанг, нақши анъанаҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, арзишҳои маънавӣ ҳамчун омили рушди дипломатияи мардумӣ шунида шуд. Оид ба таҳқиқи намунаҳои хаттии адабиёти классикӣ, рушди санъати мақом, минбаъд мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ пешниҳод ва тавсияҳо дода шуданд. Муҳокимаи дастхатҳои Алишер Навоӣ, ки дар фонди дастхатҳои шарқшиносии Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст, баргузор гардид. Тадқиқотчии пешбари марказ Саидхоҷа Ализода ба мутахассисон дар бораи дастхатҳои нодири барои мо хеле арзанда маълумот дод.
Иштироккунандагон аҳа-мияти конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро қайд карданд ва таъкид намуданд, ки чунин вохӯриҳои намояндагони доираҳои илмии ду давлат дар ғанӣ гардондани шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: