Бар асари тобистони гарм ва хушк, захираи об дар Истамбул то 33,4% аз меъёр кам шудааст, ки аз соли 2014 пасттарин нишондод аст.
Шабакаи телевизионии «А- haber» бо такя ба омори шаҳрдории маҳаллӣ хабар дод, ки тибқи маълумоти охирин, об дар обанборҳои шаҳраки 16 миллион нафара барои 61 рӯз боқӣ мондааст.
Мувофиқи ин маълумотҳо захираи об аз 10 обанбори мегаполис дар 6-тоаш аз 20 фоизи меъёр кам шудааст. Камтарини онҳо - 4,47% - дар сарбанди Пабучдере дар қисми аврупоии Истамбул, хабар медиҳад ТАСС.
Ду ҳафта пеш об дар Истамбул 37 дарсади меъёрро ташкил медод. Тибқи иттилои раёсати захираҳои оби шаҳр, захираи об дар сарбандҳои шаҳр тибқи меъёр бояд 868,7 миллион метри мукаабро ташкил диҳад. Ҳоло онҳо ба 290 миллион мукаабметр кам шудаанд. Моҳи августи соли 2014 вазъият вазнинтар буд, пас захираи об 150 миллион метри мукаабро ташкил дод, шаҳродат медиҳад омори расмӣ.
Сатҳи пасттарини об дар Истанбул дар моҳи марти соли 2014 ба қайд гирифта шуда буд, ки он 28,9% аз меъёр ва ҳадди аксар 95% дар соли 2015 ба қайд гирифта шудааст.