ҲАМЕША БО ВАТАН

Вақте аз мошин поён омад, деҳа оҳиста ба ҳукми шом тобеъ мешуд.

Садоҳои мухталиф ба тадриҷ фурӯ нишаста, як сукути баасрор доман мегустурд. Ба сару рӯи мард ҳавои салқини тирамоҳон нишаста, боди шомҳангом аз дуриҳо – аз паҳнои боғзорони васеъ накҳати себу анор, хурмову ангур...  ва боз чандин бӯйи барояш шиносро расонд. Вай, димоғаш муаттар, ба ду самти роҳи васеъ, ки дуртар аз ҷои истодаи ӯ печ хӯрда аз як ҷониб ба дарёчаи қаламрав ва аз сӯи дигар ба пушти талҳои бегиёҳ пайваставу паноҳ мешуданд, назар партофта аз чӣ бошад, пастиву баландиҳои ҳаёти одамиро ба хотир овард. Оҳе меҳмони лабҳояш шуд, аммо зуд аз сари ин андешаҳо гузашта, дубора асири бӯйи хоси деҳа гашт. Ҳамин ҳоло кадом ҳамдеҳаи сахтҷони ӯ аз оби ангур ширинӣ мепухт магар, ки низ бӯйи хушу аҷаб форамаш ба атроф паҳн мегашт. Мард дар худ тасаввур кард, ки чӣ тавр бонуе гирди оташдон нишаставу нигоҳи чашмони аз кӯрдуд ба сӯзишомада ва обкушодаашро мудом ба ширинии дарҷӯш дӯхта, ҳар замон бо дасткоса онро бод медиҳад. Бод медиҳад, то дамидаву аз лаби зарфи то баногӯшаш пур ба хок рехта, талаф наёбад. Ӯ нек медонад, ки ширинипазӣ чӣ машаққате дорад, ҳар тоифа мардум таҳаммули он меҳнати дандоншиканро надоранд!  Айнан як замонаҳо модари вай – зани нерӯманду серғайрат Рӯзихол ҳам ба ин тарз ширинӣ мепухт. Вай дар қатори бародаронаш ба модар кумак мерасонд. Гоҳ ба коми оташ ҳезум мепартофт, гоҳе бо сатил оби ангури афшурдаашонро кашондаву ба даҳони дег мерехт. Пас, оҳиста ҷӯшида-ҷӯшида ширинӣ омода мегардид... Аммо ҳоло он азиз дар қайди ҳаёт нест.
– Равонат шод ва манзили охиратат обод бод, очаҷон! – аз дил гузаронида, даст ба дуо бардошт мард. 
Ҳар гоҳе аз Душанбе ба деҳа ояд, ҳатман ба зиёрати қабри волидон меравад. Онҳо дар қабристони Лалмикори деҳа ба хоби абад рафтаанд. Падараш Холбой, модараш Рӯзихол, бародаронаш Абдухалилу Абдуҷалил... ва боз даҳҳо пайвандони дигар.
Мард ҳоло ҷавон нест,  дар кӯлбори умр шаст солро захира кардааст, дар хирмани мӯйҳои замоне қатрониаш сафедӣ дамида, дар бари рӯю ҷабинаш ожангҳо зуҳур кардаанд. Айёми охир  ӯро ғами ин дунёи фонӣ не, балки он дунёе, ки ғолибан бақояш меноманд, бештар машғул медорад. Зиёдтар ба корҳои савоб даст зада, ҳар қадами худро дар роҳи хушнудии Парвардигор мегузорад. 
Сумкаи сафариаш ҳамоно дар сари китф аз ҳавои деҳа нафас кашида ва симои гарми падару модар ва бародарони марҳуми худро як-як пеши назар оварда, аз шитоби умри инсонӣ дар ҳайрат мемонд. Гӯё дирӯзак ҳама сарҷамъ сари як хон нишаста, насиба мебардоштанд, модар фариштавор ба шербачаҳои худ назар афканда, побанди ифтихор мешуд, падар аз шӯхиҳои фарзандон ба ваҷд ояд ҳам, симояш ҷиддӣ ба гӯши онҳо дурри насиҳат мерехт... Акнун ҷамъи онҳо парешон шудааст! Вай боз оҳкашон ба ёд овард, ки чӣ хел бо ҳамсолони худ дар кӯчаҳои деҳа хартозию хокбозӣ мекарданд, аз саҳроҳо коҳ ҷамъ овардаву ба хона мекашонданд. Гоҳе харсавор аз боғзорони колхоз алаф хишова карда, барои ҷонваракони хонадон захира мекарданд. Аммо ҳоло... вай як марди солор ва шаҳрнишин аст, аз ташвишу таҳлукаи аҳли русто дур мондааст. Вале он давраҳои беғилу ғаш дар ёдҳояш абадан нақш баста, ҳар гоҳ ба деҳа биёяд, зуд пеши назараш зинда мегарданд ва ӯро ба доми худ кашида, бас мутаассир месозанд. 
Вай ҳанӯз рӯ ба девори барқади кӯҳи Фарҳод ҳайкалвор рост меистод. Аз лаби шоҳроҳ то пошнаи кӯҳи пешорӯ ҳавлиҳои мардум ҷой гирифтаанд ва дару девору бомашон пасту баланд буда, олами афсонаро ба хотир меоварданд. Ба сари дарахтони бешумор, ки зинати ин макон ҳастанд, кайҳо боди хазон давида, аз вуҷудашон он шукӯҳи пешинро рабудааст – баргҳояшон, ки башумор мондаанд, ҳоло бо зӯри иродат дар шохсорони баланд овезонанд ва ранги сабзашон  бештар ба заъфарон бадал шудааст. Дар ин масофа се деҳаи оғӯш ба оғӯш ҷой гирифтаанд, ки Бибиширин, Пасурхӣ ва Кӯшкак ном доранд. Сокинони ин деҳаҳо дар меҳнат машҳур гаштаанд. Аслан ризқи худро аз пайи деҳқонӣ ва ҳунармандӣ пайдо мекунанд. Мард ин ҳамаро хеле хуб медонад ва фахр ҳам мекунад, ки ҳамдеҳагонаш аз меҳнат асло наметарсанд. Баръакс, мазмуни роҳатро дар меҳнат мебинанд. Айнан ҳамин хислатро худи ӯ низ дорад: ҳаргиз аз меҳнати ҳалол сар намепечад.
Вай дидагони худро ба фарози он кӯҳи азим дӯхта, дар машом бӯйи хоси деҳ зуд-зуд шуши худро пур карда нафас мегирифт, аммо ёду хаёлаш бештар ба замонаҳои дур пайваст мешуд ва гузаштаву имрӯзи зодгоҳи худро муқоиса карда, дар ҳайрат мемонд, ки ҳоло ҳаёт чӣ қадар пеш рафтааст, тафаккури одамон ҳам хеле рушд кардааст. 
Бале, замони бачагии ӯ дар оғӯши ҳамин деҳа, ки Бибиширин мегуфтандаш, гузаштааст. Он вақтҳо деҳа ҷамъияти башуморе дошт. Аммо ҳоло нуфуси он чандин мартаба боло рафта, масоҳаташ аз ҳисоби заминҳои лалмии атроф боз ҳам фарохтар шудааст. Дили мард аз ёди он айёми дур сахт ба тапидан даромадаву гоҳе чун мушт фишурда мешуд. Ёд дорад, ки чун мактабро хатм намуд, аз домани ҳамин хокдон, ана мисли ҳозир як сумка сари китф ба умеди дарёфти дониши бештаре ба шаҳри азими Душанбе рафта буд. Ҳарчанд меҳри ватани бобоӣ ӯро чун оҳанрабо ба худ мекашид, аммо хаёли такмили донишу малака водор месохт, ки чӣ қадар душвор бошад ҳам,  дар шаҳр бимонад ва ба орзуҳои дилаш бирасад. 
Ва ин тавр, шаҳрнишин шуд ӯ ва муқими асили шаҳри Душанбе гашт, ғолибан дар оғӯши ин маскани зебо зиставу шукри Худованд, нон ёфт, ном ёфт, қӯша-қӯша фарзандонро ба дунё оварданд, дар тарбияту камолоти онҳо падарвор заҳмат кашид... Охир, дар зиндагӣ барои хушбахтии воқеӣ боз чӣ ҳам лозим? 
Акнун ӯ дар байни мардум бо номи Ҳоҷӣ Холмуҳаммад машҳур аст. Албатта, дар деҳаи Бибиширин зоирони Каъба кам нестанд, дар Душанбе барин шаҳр-ку, э ҳа-а... сафи ин гуна одамон боз ҳам зиёд аст. Аммо дар деҳа чун мардум номи Ҳоҷиро ба забон меронанд, дарҳол фикру зикри аксар ба ҳамдеҳаи душанбегии худ, ба Холмуҳаммад Тӯраев банд мегардад. Чунки ба маҳбубияти халқ сазовор гаштан кори саҳле нест ва он танҳо бо як Ҳаҷ кардан маҳдуд намешавад. Мардуми ҳушёру закӣ ин нуктаро хеле хуб дарк мекунанд. То касеро ба эҳтироми ҳақиқӣ лоиқ бидонанд, ба пиндору гуфтору кирдори он одам менигаранд, аз чаҳор ҳад ба тарозуи таҳқиқ андохта, баъд баҳои худро медиҳанд. Агар амали кас ғолибан аз некиву накӯкорӣ маншаъ бигирад, мардум бештар ба вай ихлосманд мешаванд ва эҳтиромашон низ самимӣ мегардад. 

Аҳли деҳаи Бибиширин ва ҳама касоне, ки Ҳоҷӣ Холмуҳаммадро мешиносанд, ӯро ба ҳайси як инсони накӯкор ва саховатпеша ҳурмат мекунанд. Чунки гуфторашу амалаш аз як қолаб хеста, яке дигареро пур мекунад. Аслан дар Бибиширин мардуми сарватманд ҳам кам нестанд, аммо мисли Ҳоҷӣ Холмуҳаммад мардони воқеӣ ва саховатпеша ангуштшуморанд. Холмуҳаммад Тӯраев аз бозе, ки муқими шаҳри Душанбе гашт, ҳаргиз риштаи пайвандиашро бо зодгоҳ  гусаста накард. Ҳаёти ҳамдеҳагон ва таборони баоқибатро пайгирӣ карда, дар рӯзҳои ғаму шодии онҳо ширкат меварзад. Ба қавле, як пояш дар Бойсуну пойи дигараш дар Душанбе аст. Вай нек медонад, ки чунин робитаро минбаъд фарзандони барӯманди ӯ идома хоҳанд дод. 
Ҳоҷӣ Холмуҳаммад замони ҳамагӣ 7-8 сол муқаддамро ба ёд оварда ноаён гиребон ҷуфт кард: – мазмун, «Мана мешудааст-ку, осонакак биёиву хурсанд ва бидуни таҳлукае баргардӣ!» Вай дар шигифт буд, ки чаро байни ду мардуми азалан дӯсту бародар банохост ҷудоӣ ба амал омада,  марзҳо бо симхор печондаву ҷой-ҷой минакорӣ ҳам гаштанд. Низоми раводид (виза) ҷорӣ гардида, мардуми ду самти марз басо азият кашиданд. Ана, ҳоло вазъ комилан тағйир ёфтааст. Сарварони хирадманди ду ҷумҳурӣ, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дарҳои солҳо ба рӯйи мардум бастаро кушоданд, режими раводидро барҳам доданд ва муносибатҳои бародаронаро барқарор сохтанд. Чӣ қадар дуои хайри мардумро гирифтанд, танҳо ба парвардигор аён. Аммо ӯ нек медонад, ки дуои неки мардум ба ҳафт пушташон басанда аст! – бо ифтихори тамом аз дил гузаронд Ҳоҷӣ Холмуҳаммад.
– Илоҳо ба дӯстии мо чашми бад нарасад! – дилаш лабрези эҳсоси ширине ноаён даст ба дуо бардошт ӯ. 
Ин дам мошине ба назди ӯ истод ва ронанда аз ӯ хоҳиш кард, ки роҳи масҷиди деҳаро нишон бидиҳад. Меҳмон буданд онҳо. Аз гапашон, сокинони водии Фарғона ҳастанд ва ҳоло озими шаҳри Деҳнав мебошанд. Меҳмонон бо мушояати Холмуҳаммад Ҳоҷӣ то мазори Бибиширин омаданд, ки аз лаби роҳи калон ҳамагӣ сад қадам масофа дошт. Пас аз ибодат меҳмонон қаноатманд ва дар лаб сад дуо ба роҳи худ идома доданд...
***
Меҳмононе, ки ин ҷо барои адои намоз меоянд, албатта, ба мазори Бибиширин ҳам мутаваҷҷеҳ мегарданд ва як каф дуо ба рӯҳи ин азизи Худо низ фиристода, аз таърихаш воқиф мешаванд, ёди некашро бо худ ба гӯшаҳои дурдасти қаламрав мебаранд.
Ҳоҷӣ Холмуҳаммад ба ёд овард, ки дар мавриди номгузории масҷид ҳамдеҳагон як муддат баҳс карданд. Кадоме пешниҳод дошт, ки масҷидро, ки бо маблағи худи ӯ бунёд ёфтааст, сазовор аст ба номи бобою бобокалонаш  Ашӯрбой, Авазбой, Содиқбой ё Тӯрабой... гузоранд, ки онҳо низ дар илми дин пешгоми маҳалли худ будаанд. Аммо Холмуҳаммад комилан ин пешниҳоди ҳамдеҳагонро рад кард. Гуфт, ки номи Бибиширинро гузоштан равост, вассалом! Мазори ин бонуи хушном ҳам дар бари масҷид аст ва ҳамеша пойи зиёраткунандагон канда нест. Дар музофот ин ягона мазорест, ки соҳибаш инҷо мадфун аст. Аслан аксари мазороти қаламрав қадамҷойи азизони Худо буда, ҷасади худи онҳо дар ҷойҳои дигар ба хок дода шудаанд. Азбаски ҳама гуфтору пиндору кирдори ин бонуи покдоман писанди мардум мегардад, ғолибан ба рӯзгори одамон асар кардаву ҳаёти онҳоро ба наҳвае «ширин» месозад, ба ӯ Ширин ном медиҳанд ва ин куният вирди забонҳо гашта, номи аслиаш – Райҳон фаромӯш мешавад. Номи Ширин баъдтар Бибиширин шуда, ин тавр дар байни халқ маъруф гардидааст. Ҳоло ҳам номи деҳа, ҳам номи мазор ва ҳам номи Масҷидро бо эҳтироми тамом Бибиширин мегӯянд. Баъзан ин номро ба достони машҳури «Фарҳод ва Ширин» вобаста медонанд. Чун номи кӯҳи Бойсун дар байни тоҷикон Фарҳод буда, зарби тешаи он кӯҳкан дар девори кӯҳи барқад бараъло маълум аст. Ӯзбекон ин кӯҳро «Катманчопти» меноманд, ки дар ҳар сурат ёде аз он Фарҳоди машҳур медиҳад.
 ***
Ҳоҷӣ Холмуҳаммад  яке аз фарзандони фарзонаи ноҳияи Бойсун буда, 5-уми октябри соли 1962 дар деҳаи Бибиширин, дар оилаи як марди нексиришт, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холбой Тӯраев ба дунё омадааст. Холбой Тӯраев ва Рӯзихол Амонова ёздаҳ фарзандро ба дунё оварданд ва оилаи мӯҳташами онҳо аз нӯҳ писару ду духтар иборат буд. Холмуҳаммад аз ин ҷамъ фарзанди ҳафтум мебошад. Вай соли 1979 мактаби зодгоҳашро хатм намуда, дар даст номаи камол ба  Душанбе омад ва дар факултаи ПГС-и Донишкадаи давлатии политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1984 бо муваффақият хатм кард. Фарзандони деҳа, ки аз барои таҳсил ба шаҳрҳо мерафтанд, асосан ба зодгоҳи худ бармегаштанд ва ҳамсолони Холмуҳаммад ҳам пас аз хатми донишгоҳҳо аз Душанбе ба Бойсун равона шуданд. Вале Холмуҳаммади ҷавон қарор дод, ки дар ин шаҳри дилнишин мемонад ва андӯхтаҳои худро дар коргоҳҳои сохтмонии ин ҷо такмил медиҳад. Ин тавр, ӯ дар трести «Строймонтаж»-и рақами 1 Душанбе ба ҳайси муҳандиси бинокор ба кор шурӯъ кард ва дар ин коргоҳ то соли 2004 ифои вазифа намуд. Ғайрату шуҷоати ӯро ба инобат гирифта, барояш дар шаҳри Душанбе як хонаи алоҳида доданд. Хурсандии Холмуҳаммадро ҳадду каноре набуд. Вай минбаъд бахти худро ба яке аз духтарони зодгоҳаш – Сабоҳат Бобоқулова, ки ин ҷо таҳсилу кор мекард, пайваст. Онҳо бо ризоияти волидон оилаи худро дар Душанбе бунёд ниҳода, як доман фарзандон низ ба дунё оварданд. Аммо замонаҳо зуд тағйир ёфтанд. Дар паҳнои давлати абарқудрати Шӯравӣ боди азнавсозиву ошкорбаёнӣ вазида, дар андак муддат пояи ҳукумат заиф гардид ва билохира аз ҳам пошида, ҷумҳуриҳо ба истиқлол расиданд. Ҳаёти мардум ба мушкилиҳо печида, мутаассифона дар Тоҷикистон низоми ҳаёти осоишта вайрон шуд ва ин ҷумҳурӣ дар доми ҷангҳои шаҳрвандӣ печид, ки зиёда аз панҷ сол идома карда, қурбониҳои зиёде дар пай дошт. Аммо тоҷикон паёмади нохуши ин рӯёрӯиҳоро зуд дарк карда, қарор доданд сулҳу салоҳро дар кишвар барқарор сохта, рӯзгори худро аз нав обод созанд.

***
...Вақте аз масҷид берун омад, атроф дар доми торикӣ монда буд. Холмуҳаммад Ҳоҷӣ муддате бо мушкилоти дигари вобаста бо фаъолияти масҷиди Бибиширин шинос гардида, ба хидматгузорон ҳаққи заҳматашонро супорид, мушкилоти маблағи барқро низ ҳал кард ва ба ин монанд чандин корро ба сомон расонда, ниҳоят худро хеле сабук ҳис намуд ва дар мушоияти таборон роҳ ба сӯйи меҳмонсаро гирифт. Ин бошишгоҳи дорои ҳама шароити будубошро низ худ бунёд кардааст.
Субҳ пас аз намози бомдод ба зиёрати қабристони Лалмикор хоҳад рафт. Он ҷо падару модар, бародарони ба ҷон баробараш ва даҳҳо таборону ҳамдеҳагонаш ба хоби абад рафтаанд...

Масрур АБДУЛЛОЗОДА, доктори илмҳои филологӣ, профессор.
Шариф ХАЛИЛ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: