ХИСЛАТҲОИ НЕКИ ИНСОНӢ ДАР АШЪОРИ БУЗУРГОН

Ҳар як асари бадеӣ хоҳ афоризм, хоҳ зарбулмасалу мақол ва хоҳ асарҳои назмию насрӣ, як ғоя, фикру мақсадеро баён мекунад.

Ҳар як асари бадеӣ хоҳ афоризм, хоҳ зарбулмасалу мақол ва хоҳ асарҳои назмию насрӣ, як ғоя, фикру мақсадеро баён мекунад. Онро қабул кардан ва ё накардан ба ихтиёри хонанда аст. Саҳми адибон, мутафаккиру олимони бузурги форсизабон дар тарғиби ахлоқу одоби ҳамидаи  умумиинсонӣ аён аст. Онҳо ақидаҳои инсондӯстии худро бештар дар шакли панду ҳикмат изҳор намудаанд. Хусусан, панду андарзи адибони оламшумул Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Фаридаддуни Аттор, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон бобати ахлоқу одоб сазовори диққатанд. Тавре ки халқҳои дигар панду ҳикматҳои бузургони худашонро дӯст медоранд, халқи тоҷик низ нисбат ба суханони ҳакимонаи гузаштагони худ, ки дар зиндагӣ чун дастуруламал хидмат кардаанд,  эҳтиром дорад. Мо ҳоло ба қадри имкон кӯшиш мекунем, ки он панду ҳикмат ва зарбулмасалу мақолҳоеро, ки оид ба хулқу атвор, рафтору одоб эҷод шудаанд, аз назар гузаронем. 

Доир ба майпарастӣ 
Мутаассифона, дар байни мо шахсони беирода ва бадахлоқе ҳастанд, ки мунтазам мастӣ карда, интизоми меҳнат ва ҷамъиятиро вайрон мекунанд, ба сари мардум кулфати зиёде меоваранд. 
Хусрави Деҳлавӣ фармудааст: 
Чунон бода хӯр, к-аз забардастият,
Беҳ аз ҳушёрӣ бувад мастият.
Ба андозае хӯр, ки кор орадат,
На чандон, ки фардо хумор орадат.
Ҳувайдост, ки бузургони мо нӯшидани майро тамоман манъ накарда, ба меъёраш нӯшиданро судманд донистаанд. Онҳо дилсӯзона қайд намуданд, ки майро зиёд нӯшида аз ақл бегона шудан, суханҳои беҳуда гуфтан, шӯру ғавғо бардошта, ба одамон азият расонидан, расвои мардум гашта, ҷавонмарг шудан камоли беиродагию ҷоҳилӣ мебошад. 
Аз дилозор ҳама безор
Дар байни мо одамоне ёфт мешаванд, ки аз бемаданиятии худ ва ё мағрурӣ бе ҳеҷ сабаб атрофиёни худро озор дода, онҳоро дилшикаста мекунанд. Дар бораи чунин касон бузургон гуфтаанд:
Бипарҳез аз ҳар чӣ нокарданист,
Наёзор онро, ки ноозурданист.
(Абулқосим Фирдавсӣ). 
Говону харони борбардор
Беҳ з-одамиёни мардумозор!
                          (Саъдии Шерозӣ).
Ба он одамони бемурувват хотирнишон кардани панду ҳикмат ва мақолҳои зер аз фоида холӣ нест. Умари Хайём байте дорад:
Сад Каъбаи обу гил ба як дил нарасад,
Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб!
Одоби сухангӯӣ 
Дар мақолҳо дуруст гуфта шудааст, ки “Гапи бисёр ба як хар бор ё бисёр гуфтан бори хар аст”, ё «Забони сурх сари сабз медиҳад барбод».  
Сухандон ба андеша ронад калом,
Ки бе фикр бошад сухан нотамом.
                           (Низомии Ганҷавӣ).
Пеш аз гуфтан, бояд мулоҳизаву андеша намуд, то ки аз гуфтаи худ пушаймон нагардӣ.
Росткорӣ ва ростқавлӣ
Ростгӯӣ ва росткорӣ ба иродаву шуури ҳар кас вобаста аст. Ҳама он мисраъҳое, ки дар бораи ростқавлӣ ва росткорӣ гуфта шудаанд, ба ҳақиқати зиндагӣ рост меоянд. 
Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи ростӣ ду байти обдор дорад:
Аз каҷӣ хезад ҳар ҷо халалест,
“Ростӣ-растӣ” некӯ масалест.
Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузин,
Рост гӯ, рост шав, рост нишин!
Омӯхтани илму дониш
Аҳамияти илм дар инкишофу равнақ ёфтани саноату хоҷагии қишлоқ, дар кушодани асрори табиату коинот ва ҳал намудани мушкилот ниҳоят бузург аст. Дар ин хусус бузургони мо фармудаанд: 
Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз. 
(Камолиддини Биноӣ).
Фалакҳоро чу нақши по кунӣ паст,
Вале гар донише нагзорӣ аз даст.
(Абдулқодир Бедил).
 
Суҳбатҷон НУРАЛИЕВ, 
муаллими забон ва адабиёти 
мактаби рақами 11-уми 
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: