ТАЪЛИМГОҲИ ХУБИ НОҲИЯ

Кашад хома дар дафтари обу гил, Зи дониш диҳад зевари ҷону дил. ҶОМӢ.

Дар шафати роҳи мошингарди Косонсой – Тӯрақӯрғон яке аз мактабҳои ихтисосонидашудаи  ноҳияи Косонсой воқеъ аст. Он тобеи муассисаҳои ихтисосонидашудаи Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ буда, дар ноҳия ягона аст. Фаъолияти он аввали моҳи сентябри соли гузашта оғоз ёфта, декабри ҳамон сол ба бинои ҳозираи сеошёнаи замонавӣ  кӯчидааст. Ба 482 нафар хонанда 45 нафар омӯзгор ба забони давлатӣ илму дониш меомӯзанд. Қариб нисфи ҷамоаи муаллимон ва аз ним зиёди таҳсилгирандагон тоҷиконанд. Онҳо аз шаҳри Косонсою деҳаҳои тоҷикнишини Тагиҷар, Гӯрмирон, Қӯқимбой, Боғи баланд ва ғайраҳо мебошанд.
Муаллимони ботаҷриба ба маърифатгоҳ қабул карда мешаванд. Таълимгирандагонро аз синфи панҷум барои омӯзиши фанҳои дақиқ ва аз синфи ҳафтум баҳри азхудкунии фанҳои табиӣ баъди санҷишҳои агентии Вазорати таълими мактабӣ мепазиранд. Омӯзгорони фанҳои математика Воҳидхон Маматов ва информатика Абдунабӣ Рашидов – ҳар ду устодони кадрҳои баландихтисоси ҷумҳурӣ ва хориҷанд. Муаллимаҳои забони русӣ ва физика Ёдгора Рашидова ва Барно Раҳматуллоева, муаллимони химия Оқила Қосимова ва Ҳусанбой Ҷалилов, муаллимони математика Акрам Рашидов ва Ҳасанбой Ҷалилов, муаллими таърих Ғафурҷон  Шерматов ва дигарон машғулиятҳои сермазмун, пурмаҳсул ва шавқовар мегузаронанд. Омӯзгори фанни биология Анварҷон Иброҳимов дар докторантураи Тошканд таҳсил гирифта, амалиёти замонавии онро дар мактабашон ҷорӣ мекунад. Ба 15 нафар муаллим, аз рӯйи фаннашон сертификати байналхалқӣ дода шудааст, яъне онҳо ба талаботи андозаи байналхалқии таълим ҷавоб дода метавонанд, ҳам 50 фоиз маоши изофӣ мегиранд. Аз ҷумла, Аълочии тавлими  халқ, муаллимаи тоифаи олӣ Гулрух Тошбоева ба гирифтани унвони «Беҳтарин муаллимаи забони ӯзбекии сол», дипломи дараҷаи якум ва мукофоти пулӣ – 25 миллион сӯм  муваффақ шудааст. 
– Ман, – гуфт муаллима, – аз деҳаи Тергачии ноҳия, аз синфи панҷум ба фанҳои забон ва адабиёт шавқу рағбат доштам. Дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок карда, ҷойҳои муносибро ишғол намудам. 
Барои дӯст доштани забони модарӣ бештар адабиёти бадеӣ хондан лозим. Дар ин бора ман бачагонро ҳавасманд мегардонам. Ҳар кӣ забони модарии худро хуб омӯзад, дигар забонҳоро низ хуб аз худ карда метавонад.
– Дарсҳои ин муаллима оммавӣ шудаанд, 3 нафар талабаашон  дар  озмуни  ҷумҳуриявии иншонависӣ  ба ҷойҳои якум соҳиб шуданд, – гуфт ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои таълим  Шерзодбек Исмоилов, – Ҳар сол 10-15 нафар хатмкардагони муаллима ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд.
– Чунон ки мебинед, – ӯ нақлашро давом дод, – аз технологияи муосири таълим – монитори васеъ, тахтаҳои пластикию электронии синф  истифода мебарем. Монитор – ин матн, маводи дарс, сурат, аёният, воқеа ва монанди инҳо, инчунин оинаи нилгун, ки намоиши таълимии шабакаҳоро нишон медиҳад.  Бо падару модарон маҷлисҳо  мегузаронем. Доир ба муваффақиятҳои  фарзандон  ба онҳо маълумот  дода меистем.  Бо оилаю маҳаллаҳо алоқаи мустаҳкам дорем. Дар бораи обуна  гуфтаниям, ки ба мо давлат барои обуна ба газетаҳои таълимӣ   маблағ мегузаронад. Мо он рӯзномаҳоро аз китобхонаи мактаб гирифта, хонда, дар дарсу машғулиятҳо истифода мебарем. 
 
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: