ТУҲФА БА ПЕШВОЁНИ ҶАВОНОН

Имрӯз аз ҷониби ҳукумат ва Президент эътибор ба ҷавонон, ки бунёдкорони оянда маҳсуб меёбанд, эътибори махсус дода мешавад.

. Аз ҷумла, қарори Президент “Дар бораи чорабиниҳои аз нав ташаккул додани механизми кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо” аз 19 январи соли 2022 дар фаъолияти корӣ ва ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла пешвои ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо нақши муҳим гузошт. Имрӯз дар асоси қарори мазкур дар сартосари кишвар дар ҳар як маҳаллаи кишвар пешвоёни ҷавонон фаъолияти худро пеш мебаранд. 
Ба қарибӣ дар ҳокимияти ноҳияи Бӯка бо ташаббуси ҳокими ноҳия Низомиддин Аббосов ва роҳбари шуъбаи агентии кор бо ҷавонони ноҳия Одил Ҷӯраев ба пешвои ҷавонони 44 маҳаллаи ноҳия барои осон намудани фаъолияти кории онҳо планшетҳо тақдим карда шуд.  
– Имрӯз барои пешвои ҷавонон дар асоси қарори Президент барои осон ва босифат анҷом додани супоришҳои мавҷуда планшетҳо тақдим карда шуд, ки барои онҳо аз ҳама чизи муҳим маҳсуб меёбад, – гуфт роҳбари шуъбаи агентии кор бо ҷавонони ноҳияи Бӯка Одил Ҷӯраев. – Пешвои ҷавонон тавассути онҳо рӯйхати ҷавонони аз 16 то 30-сола, “Баланси ҷавонон”-и маҳаллаи худро тартиб медиҳанд. Алҳол се вазифаи асосии пешвои ҷавонон мавҷуд аст, ки онҳо аз ташаккул додани “Баланси ҷавонон”, “Дафтари ҷавонон” ва дар асоси дастури ҷавонон ба нақша даровардани реҷаҳои рӯзона, ҳафтаина ва  моҳона иборат аст. Алҳол пешвоёни ҷавонони маҳаллаҳои ноҳия бо ташаккул додани “Баланси ҷавонон” машғул мебошанд, ки аз он маълумот дар бораи шуғл, таълим, ҳолати оилавӣ, иҷтимоӣ, саломатии ҷавонон ҷой гирифтааст. 
Бинобар гуфти О.Ҷӯраев дар асоси  қарори Президент алҳол барои пешвои ҷавонон дар мактаб ва идораи маҳаллаҳо хонаҳои корӣ ҷудо карда шудааст, ки қисми зиёди онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мешаванд.
 
М. ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: