ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН МЭРИ ШАҲРИ НАГОЯРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 декабр мэри шаҳри Нагояи Ҷопон Такаси Кавамураро пазируфт.

Сарвари давлатамон рушди муттасили муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Ҷопон, васеъ гардидани ҳамкории соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бонку молия, илмиву техникӣ ва маданиву инсонпарвариро таъкид кард. Қайд гардид, ки вохӯрии имрӯза дар арафаи ташрифи расмии ҳайати Ӯзбекистон ба Ҷопон ба амал меояд. 
Нагоя яке аз марказҳои бузурги саноатӣ ва илмии Ҷопон ба ҳисоб рафта, ҳамкорӣ бо он пешомади васеи татбиқи барномаву лоиҳаҳои муфидро боз менамояд. 
Ба шарикӣ дар соҳаи таълим ва тайёркунии кадрҳо, ки ба онҳо фаъолияти намояндагии Донишгоҳи Нагоя дар Тошканд, ки соли 2010 кушода шудааст, мусоидат менамояд, баҳои баланд дода шуд. 
Дар вохӯрӣ имкониятҳои ба роҳ мондани равобити наздики корӣ дар соҳаҳои автомобилсозӣ, шаҳрсозӣ, саноати бофандагӣ, технологияҳои баланд, инноватсияҳо, сайёҳӣ ва дигар самтҳо баррасӣ гардиданд. 
Таъкид гардид, ки ба имзо расидани созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Тошканд ва Нагоя, инчунин татбиқи муштараки лоиҳа оид ба созмон додани парки технологияҳои баланд дар пойтахти Ӯзбекистон, бешубҳа, ба минбаъд амиқ гардондани шарикии дарозмуҳлат ва ба ҳамдигар муфид хидмат мекунад. 
Аз он изҳори боварӣ гардид, ки Нагоя барои ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Ҷопон кӯпрук хоҳад гардид. 
Дар бораи коркарди «харитаи роҳ» ба мақсади пеш бурдани татбиқи барномаву лоиҳаҳои пешомаднок аҳду паймон шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: