Суҳбати мо бо Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, муаллимаи фаъоли мактаби миёнаи рақами 43-юми деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато Холбика Нурназарова доир ба адабиёти бадеии кӯдакона, ҷалби онҳо ба китоб ва нақши падару модар дар ин бора дар сари як пиёла чой барпо шуд.
Фикр мекунам, назар ва фикрҳои муаллима барои ҳамкасбон аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
– Муаллима, мактабе, ки шумо фаъолият мебаред, дар деҳаи дурдасти силсилакӯҳҳои Нурато ҷойгир аст. Оё китобҳои дарсиву бадеӣ барои хонандагон пурра дастрас мегарданд?
– Китобҳои дарсӣ ба қадри имкон дастрас мегарданд. Аммо китобҳои бадеии бачагона нисбати китобҳои бадеии калонсолон хеле кам ҳастанд. Бо роҳи тарғибу ташвиқ ба омӯзгорон мефармоем, ки агар бо коре аз деҳа берун раванд, аз дуконҳои китоб ду-се дона китобҳои бадеиро ба китобхонаи мактаб харид кунанд. Бо ҳамин роҳҳо ҳаракат мекунем, ки китобхонаи мактабамон ғанӣ гардад. Гуфтан мумкин аст, ки дар 30 соли охир барои кӯдакон баробари калонсолон китобҳои бисёре чоп шуданд, вале қисса, ҳикояву афсона, шеъру таронаи, ба қавле, бачахӯрак кам аст. Китоби хуб аҳён-аҳён ба дасти кӯдак мерасад. Ин ҷо насру назми кӯдаконаи барои 5-10-соларо дар назар дорам. Шукри беадад, ки баъди танаффуси тӯлонӣ ҳоло китобҳои бадеии тоҷикӣ аз Тоҷикистон дастраси мо мегарданд. Дар ҷумҳурии худамон низ эҷодкорон саъй доранд, ки барои бачагон асарҳои шавқовари бачагона эҷод намоянд. Аз ҷумла, “Даҳ пурсишу даҳ посух”-и Паймон, “Одоб ҳусни инсон аст”, ”Бибии ман”, “Нилуфари аълохон”-и Маҳбуба Неъматзода, “Олами Ирфон”-и Маликаи Бахтиёр, қисса ва ҳикояҳои Болта Ортиқзода – «Бачаҳои лолазор», “Себи орухӯр”, Бахтиёри Ҷумъа – «Маликаи доно”, “Асали бобо”, “Бойчечак” аз он ҷумлаанд.
– Ба назари ман назми кӯдаконаи мо аз наср пешрафтатар аст. Чунки назм дар хотири кӯдак нисбат ба наср мустаҳкам ҷойгир мешавад. Мо то ҳол порчаҳои шеърии Мирсаид Миршакарро азёд медонем. Масалан шеъри “Гумон мабаред”-ро, ки ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад ва сар то по барои кӯдак тарбиявию ахлоқист. Агар мактаби миёнаро 45 сол пеш хатм карда бошам, ин суруди кӯдакона ҳанӯз дар ёдам:
Гумон мабаред, ки ман
хурд ҳастам,
Ана мебинед, ҷорӯб
ба дастам.
Бо ин ҷорӯбам хона
мерӯбам,
Дар даст кӯзача равам
бошитоб,
Ба сӯйи чашма аз барои
об...
– Бале, дуруст гуфтед, назм пешрафтатар аст. Ҳатто Садриддин Айнӣ чанд шеъри бачагонаи хотирмон доранд. “Баррачаи ман”-и Абдусалом Деҳотӣ, шеърҳои бачагонаи Гулчеҳра Сулаймонова низ вирди забони бачаҳо мебошанд.
– Вақте аз мактабу оила сухан меронем, баъзе волидон таълиму тарбияро куллан кору вазифаи мактаб медонанд ва кам касон ҳастанд, ки бо мактаб якҷоя кор кунанд. Барои ин шуури волидонро чӣ гуна тағйир дод, то ки ба тарбияи фарзандашон бештар масъулият доштани худро донанд?
– Ба фикрам ин хатост. Бо ҳамкории волидону муаллимон кӯдак ба китоб шавқ пайдо мекунад. Боварӣ дорам, ки то модар дасту остин барзада, фарзандашро таълим надиҳад, омӯзгор аз ӯҳдаи хонанда кардани лоақал як шогирд намебарояд. Модари кӯдак бояд худ китобхон бошад. Вақте Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ашро ба Султон Маҳмуд пешкаш кард, ба ивазаш чанд тангаи камарзиш гирифт ва шоир дарғазаб шуда гуфт:
Агар модари шоҳ бону
будӣ,
Маро симу зар то ба зону
будӣ...
Яъне, агар модари шоҳ доною маърифатнок мебуд, шоҳ маро то зону бо симу зар ғарқ мекард. Яъне, дар таълиму тарбияи кӯдакон бештар аз ҳама модар масъул аст. Аксарияти оилаҳо маърифат надоранд. Дар назди кӯдаконашон доир ба сарватҷамъкунӣ, молу мулк, сару либоси қаматбаҳо суҳбат мекунанд. Ба китобу дафтар ва донишомӯзии фарзанд кам эътибор медиҳанд. Аз ин сабаб дар мактаб шогирди босаводу хушодоб кам ба назар мерасад. Коре бояд кард, ки волидайн дарк кунанд, ки саводнок будани фарзандашон фарз аст. Масалан, бо роҳи тест қабул шудани хонандагон ба мактабҳои олӣ тасаввуру андешаи падару модарро ба саводомӯзии фарзанд хеле хуб тағйир дод. Онҳо бовар доранд, ки акнун имконияти ба мактаби олӣ дохил шудани фарзандашон зиёдтар шуд ва ба додану гирифтани ришва зарурат нест. Вале ин ҳам кам аст.
Боре аз маҷаллае хондам, ки ҳар як кӯдаки 10-12-солаи ҷопонӣ соле аз 120 китоби бадеӣ имтиҳон месупорад, зеро таълим хусусияти маҷбурӣ дорад. Кош дар мактабҳои мо низ корманде алоҳида фақат бо волидон сарукор мегирифт. Агар оила хоҳад ва бо муаллим ҳамкорӣ намояд, дар ҳар давру замон ва дар ҳар гуна шароит фарзанд метавонад соҳиби одоби хуб ва савод шавад.
– Боз як мушкилии дигарро набояд нодида гирифт. Имрӯз китобҳои равоншиносии кӯдакона ва волидайнро хеле кам дорем.
– Оре, китобҳои равоншиносии кӯдак заруранд. Хуб мешуд, ки онҳо аз ҷониби равоншиносон бо забони содаю фаҳмо таҳия шуда, ба дасти падару модар мерасиданд. Чунин китобҳо дар китобхонаи ҳар як мактаб бояд ҷой гирад. Дар маҷлиси падару модарон мудом рафтори хуб ё бади бачаҳо муҳокима мешавад. Ахлоқи фарзанд бояд дар суҳбати як ба яки омӯзгору мутахассису падару модар ҳаллу фасл шавад, на дар ҷамъомади умумӣ. Дар он ҷамъомадҳо омӯзгорон бо волидайн масъалаҳои муҳимтару бузургтарро бояд муҳокима кунанд. Шарм дорондан ё таърифи ину он падару модар ё хонанда дар маҷлиси падару модарон кори хуб нест. Барои маърифатнок кардани оила китоби бачагонаро аввал модар бояд мутолиа кунад, чун фаҳмиду писандид ба фарзандаш тавсия диҳад, чун ӯ хонд, модар ӯро номаълум имтиҳон намояд. Аммо ин корро на ҳар модар иҷро карда метавонад. Куҷост модари хушҳавсалаи босавод? Ғами фарзандро хӯрдан танҳо ин нест, ки либоси тоза пӯшонӣ ва таоми лазиз ба наздаш гузорӣ. Ғизои маънавӣ аввало аз оила оғоз меёбад.
– Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур.
Суҳбаторо
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.