БА ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ АСБОБҲОИ ШУНАВОӢ ТӮҲФА КАРДА ШУД

Ба як гурӯҳ тарбиягирандагони мактаб-интернати ихтисосонидашудаи рақами 61-уми шаҳри Самарқанд Хазинаи байналмилалии ҷамоатии «Замин» ва Агентии рушди хидматҳои тиббӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ дар доираи лоиҳаи «Ман шунидан мехоҳам!» асбобҳои шунавоӣ доданд.

– Ҳоло дар муассисаи мо аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 373 нафар хонанда, ки ба эътибори алоҳида ниёз доранд, таълиму тарбия мегиранд, – гуфт ҷонишини мактаб-интернат доир ба корҳои маънавиву маърифатӣ Ойширин Шодиева. – Дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон бинои нави мактаб-интернат ба истифода дода шуд ва ҳоло дар ин боргоҳи таълимӣ барои таҳсили бачагон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст. Имрӯз ба ҳамаи тарбиягирандагони мо асбобҳои замонавии шунавоӣ тақдим гардид. Бояд гуфт, ки асбобҳои шунавоӣ метавонанд барои беҳтар кардани қобилияти шунавоӣ ва нутқ, махсусан дар одамоне, ки шунавоии сенсорӣ доранд (камшавии шунавоӣ дар гӯши дарунӣ аз сабаби вайрон шудани ҳуҷайраҳои мӯй ё осеби асаби шунавоӣ), мусоидат мекунанд. Камшавии шунавоии сенсорӣ метавонад аз сабаби сирояти вирус ё бактерия, садо, ҷароҳат, пиршавӣ, баъзе дору, нуқсонҳои таваллуд, варам, ихтилоли гардиши хун ё фишори баланди хун ва инсулт ба вуҷуд ояд. Тақдими асбобҳои шунавоӣ ба бачагон, албатта, барои беҳтар аз худ кардани дарс, ривоҷи нутқи онҳо мусоидат мекунад.
Масъулони Хазинаи байналмилалии ҷамоатии «Замин» ва Агентии рушди хидматҳои тиббӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ бо падару модарони тарбиягирандагон мувофиқи тартиби муқарраршуда шартнома баста, бачагонро пурра аз санҷиши тиббӣ гузаронданд. Бо дарназардошти дараҷаи шунавоии онҳо асбобҳои шунавоиро супурданд. 
– Духтарам аз овони тифлӣ дар шунавоӣ нуқс дорад, - гуфт сокини шаҳри Ҷумъаи ноҳияи Пастдарғом Мунира Ҷалолова. – Ҳоло дар синфи якуми мактаб-интернат таҳсил мегирад. Имрӯз шифокорон духтарамро аз муоинаи тиббӣ гузаронда, ба вай асбоби шунавоӣ доданд ва дар бораи тартиби истифода ва нигоҳубини онҳо маълумот доданд.
Инчунин, қариб ба 50 нафар писару духтарони хатмкардаи мактаб-интернат асбоби шунавоӣ дода хоҳад шуд.

Ф. ЮЛДОШЕВ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: