Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 март муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – сардори Раёсати мубориза бо терроризм Владимир Воронковро, ки дар доираи барномаи Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Владимир Воронков ба Президенти Ӯзбекистон саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро расонд. Барои ташаббуси гузарондан ва ташкил намудани Конфронси байналмилалии намояндагӣ, ки фардо дар пойтахти мо кори дурӯзаи худро оғоз мекунад, миннатдории махсус баён карда шуд.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории амалии кишвари мо бо институтҳо ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Раёсати зиддитеррористӣ баррасӣ шуданд.
Сарвари давлатамон сатҳи кунунии ҳамкориҳои судмандро бо қаноатмандӣ қайд кард. Аз ҷумла, Ӯзбекистон дар татбиқи 15 лоиҳаи Раёсат дар самти мубориза бо терроризм фаъолона иштирок мекунад.
Ба татбиқи Нақшаи амалиёти муштараки навшудаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавсеаи портфели лоиҳаҳо эътибори муҳим дода шуд.
Имкониятҳои баргузории чорабиниҳои бисёрҷониба дар доираи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид “Маърифат ва таҳаммулпазирии мазҳабӣ”, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул шудааст, ҳифзи ҷавонон аз таъсири зараровари ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм, табодули таҷриба дар соҳаи офият ва реинтеграцияи шахсоне, ки аз «нуқтаҳои оташ» баргаштаанд, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳо баррасӣ шуданд.
Доир ба рӯзномаи минтақавӣ, аз он ҷумла масъалаҳои инкишофи вазъият дар Афғонистон, андешидани тадбирҳо оид ба расондани ёрӣ ва кумак ба халқи афғон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Бинобар ҷамъбасти мулоқот оид ба тайёр кардани “харитаи роҳ”-и муштарак бобати васеъ гардондани шарикии амалӣ байни Ӯзбекистон ва Раёсати контртеррористии СММ созишнома ба даст омад.