БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ БАХШИДА ШУД

Дар саросари мамлакати соҳибистиқлоламон ҷашну тантанаҳои идона ба шарафи 30-юмин солгарди истиқлолият беш аз пеш доман фарох намуданд.

Дар саросари мамлакати соҳибистиқлоламон ҷашну тантанаҳои идона ба шарафи 30-юмин солгарди истиқлолият беш аз пеш доман фарох намуданд. Яке аз чунин ҷашнҳои бошукӯҳ бо ташаббуси Вазорати энергетика ва дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ” зери шиори  “Дар Ӯзбекистони нав озод ва фаровон зиндагӣ кунем!” дар даромадгоҳи “Нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ”-и Тӯрақӯрғони вилояти Намангон баргузор гардид. 
Даромадгоҳи ин нерӯгоҳ бо шиору навиштаҷоти “Истиқлолияти кишварамон абадӣ бод!”, “Мо ҷавонони фараҳманди диёри Ӯзбекистони мустақилем!”, “Дар мустаҳкам намудани истиқлолияти Ватани худ саҳми худро мегузорем!” ва парчами Ӯзбекистон аз ҳарвақта намуди зеборо касб мекард. Ҳар як иштирокчии он бо либоси хоси идона, ки нерӯгоҳи барқи  ҳароратии Тӯрақӯрғон танзим карда буд, мавҷи хурсандиҳоро боз ҳам меафзуданд. Аз саҳнаи  хеле хуб ороёфта ҳарзамон суханҳои акскунандаи 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар ва шодбахшу хотирмон садо медоданд ва онро иштирокчиёни чорабинӣ бо шавқу шӯр ва дасткӯбиҳо истиқбол мегирифтанд..
– Ин чорабинии идона бар асоси қарори сарвари давлат “Дар бораи омодагирӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба вуқӯъ пайваст. Дар он ҷавонони зиёд аз вилоят ва соири вилоятҳои дигар мушорикат мекунанд,– гуфт раиси мудирони Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ” Фарҳод Абдураҳмонов.
Вай афзуд, ки бо роҳандозии чунин як тантана онҳо ба ҷавонон нишон медиҳанд, ки бо ташаббуси Президент дар ноҳияи Тӯрақӯрғон як иншооти калони нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. 
– Дар вилояти Намангон низ ба роҳ мондани корҳои сохтмони манзил ва таъмини қишрҳои гуногуни аҳолӣ бо манзил хеле хуб вусъат ёфтааст. Дар ин замина бо ташаббуси Вазорати энергетика дар доираи ин форум ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои сарвари давлатамон “Дар бораи чораву тадбирҳои ҷорӣ намудани низоми нав барои аз ҷониби давлат пуштибонӣ намудани кӯдакони аз падару модар маҳрумгашта” ва “Дар бораи чорабиниҳои беҳтар намудани сифати хизматҳои тиббӣ-иҷтимоӣ барои шахсони маълӯл” аз 9 августи соли 2021 чаҳор нафар кӯдакони аз падару модар маҳрум ва оилаҳои дорои кӯдакони маълул чаҳор хона супурда шуд,– изҳор кард Фарҳод Абдураҳмонов. 
Гуфта шуд, ки ин маҷмӯаи хонаҳои истиқоматӣ дар доираи сармояҳое бунёд гардидааст, ки барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тӯрақӯрғон ихтисос дода шудаанд.
Нуктаи дигаре, ки қайди он ҷоиз аст, дар муддати панҷ сол маблағи шартномаи 20 нафар ҷавонон аз тарафи шабакаҳои бахши энергетикӣ пардохта мешавад. Онҳо баъди таҳсил ба ин корхонаҳо баргашта, ба ҳайси мутахассис фаъолияти худро ба роҳ хоҳанд монд.
Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аз рӯи футбол, тенниси рӯи миз ва бозии шоҳмот, инчунин доир ба таъмини бехатарии сӯхтор ва расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ якчанд мусобиқаи варзишӣ ва маҳорати касбӣ  ташкил карда шуданд. Ғолибони он бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд.
Форум бо намоиши суруду тарона ва рақсҳои ҷолиби овозхонҳои маъруф ва дастаҳои ҳунарӣ ҳусни хотима ёфт.

Муҳаммадҷон БЕКМУҲАММЕДОВ,
котиби матбуоти 
“Нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: