Хонандаи азиз, шуморае, ки ҳоло дар даст дорӣ, аз аввалин нусхаи нашри «Овози тоҷики камбағал» – 25 августи соли 1924 15 ҳазорумин шумораи он аст, ки дар муддати дасткам як аср нашр гаштааст.
Табиист, ки бо сабабҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин муддати барои як нашрия тӯлонӣ солҳо танаффус ҳам рӯй додааст. Аммо муҳим он аст, ки ҳоло ин рӯзнома – минбари садсолаи ношири афкору андешаву маънавиёту адабамон зинда аст ва он то ҳанӯз рисолати худро адо намуда, ба таъбири Устод Айнӣ вазифаи «тарҷумони як қавм»-ро иҷро карда меояд.
Мисли ин ки таърихи мамлакат дар таи як қарни охир якрангу яклухт набудааст, «Овози тоҷик» низ чун оинаи тобандаи сиёсатҳои замон ному мӯҳтаво ва сиёсати расонаии худро бидуни ягон тамоилгароӣ таҳвил додааст ва дар замони ҳар гуна низом ва сиёсати ҳоким байрақи таблиғгари дӯстӣ, аҳливу иттифоқ ва маърифатро аз даст нагузоштааст.
Дар ибтидои нашри худ вай якҷоя бо ҷамъият замони маҳви бесаводиро на танҳо пушти сар гузоштааст, балки минбаре низ будааст, ки қишри мазлум ва бесаводу камсаводи миллатро ба саводомӯзиву донишандӯзӣ ҳидоят намудааст. Устод Айнӣ дар ҳамон мақолаи машҳури худ «Қавми тоҷик ва рӯзнома» дар аввалин шумораи «Овози тоҷики камбағал» бо надомат ва таассуф менависад, ки «...ҳамаи ватандорони Туркистон соҳиби рӯзнома, соҳиби мактаб, соҳиби илму қалам шуданд. Аммо қавми тоҷик ҳамон «Аҳмади порина, ки ҳастанд, ҳастанд».
Аз ин хулосае бармеояд, ки бо кӯшиш ва сайъи Устод Айнӣ арзи вуҷуд намудани «Овози тоҷики камбағал» хеле дурусту саривақтӣ ва бинобар ниёзи маънавии қавми мо будааст.
Дар тулӯъи даврони нашри худ «Овози тоҷик» танҳо набуд, маҷалла ва рӯзномаҳои дигар низ нашр мешуданд, аммо хеле номгӯйи ками онҳо то рӯзгори мо расидаанд. Ин нукта низ мояи ифтихор ва шараф аст, ки яке аз онҳо маҳз «Овози тоҷик» мебошад.
Ҳоло мо аз замони як аср пештараи ҷамъияти тақрибан бесавод ва ё камсавод ба давроне расидаем, ки ҳамоно сатҳи дониш ва маърифати ҷомеа қонеъкунанда нест. Ин як иллат дар ду замони аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ комилан фарқкунанда зуҳур мекунад ва ба таъбири шоир «аммо ин куҷову он куҷо!». Чунин ба назар мерасад, ки дар ҳарду замон ҳам бе минбари таблиғоти донишу маърифат қадамҳои ҷиддӣ гузоштан ғайриимкон аст.
Бинобар ин «Овози тоҷик» мисли дигар воситаҳои хабарии чопӣ ҳамоно вазифаи худро то ҳадди имкон иҷро мекунад ва ҳоло акнун барои он ки дастандаркорони рӯзнома низ бидонанд, ки аз ҳосили меҳнаташон баҳра мебаранд ва он заҳматҳо зоеъ намешавад, рӯзномаро бояд дастрас намуд ва аз он баҳраҳо бурд. Ин шумораи таърихӣ, ки ҳоло ба давраи обуна барои соли оянда мувофиқ омад, мавзӯъро дучандон муҳим мегардонад.
Фикр намекунам, ки василаи ахбори интернетӣ ҳоло ҷойгоҳи матбуоти чопиро комилан ишғол карда бошад ва гумон аст, ки дар ин даҳсолаҳои наздик ин кор рӯй диҳад, зеро давлату ҷамъиятҳои имрӯз пешрафтаи ҷаҳон аз ин гуфтаҳо далолат менамоянд. Хусусан дар шароити мо, ки ҳанӯз на аз лиҳози техникӣ ва на аз лиҳози контенти забонӣ ба сатҳи фарогирии кулл расидаем.
Ба далели ҳамаи ин, барои он ки масали «аз ин рондаву аз он монда» бо ҷамъиятамон рӯй надиҳад, баҳраманд будан аз «Овози тоҷик» ва дар соли садуми нашри он ҳамрозу ҳамнафаси он будан барои ҳар худбохабару соҳибмаърифат аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Барои мо, аҳли ҳайати рӯзнома, хеле илҳомбахшу масарратовар аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар чунин шароити ҷории сарнавиштсоз ба «Овози тоҷик» ғамхору ҳамдам аст. Ҷавобан ба он сиёсати дурандешонаву нақшаҳои мақомоти олии ҷумҳуриро дар саҳифаҳои худ инъикос ва эзоҳ додан аз вазифа ва ормонҳои «Овози тоҷик» аст.
Фикр мекунам, 15-ҳазорумин шумораи рӯзномаи мову шумо низ як дастоварди таърихӣ дар саҳафоти маданияту маърифат ва ҳуввиятамон аст ва биноан ин ҷашнро бароятон, хонандагон ва ҳаводорони азизи рӯзнома, табрик мегӯям.