БУХОРО – ШОМИЛИ ШАБАКАИ ШАҲРҲОИ ЭҶОДИИ ЮНЕСКО

Дар Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрҳо 55 шаҳр шомили шабакаи шаҳрҳои эҷодии ЮНЕСКО гардиданд.

Ин шаҳрҳо ҳамчун рамзи садоқат ба стратегияҳои рушд баҳри фарогирии фарҳангу эҷодкорӣ ва намоиши усулҳои инноватсионии шаҳрсозӣ, ки ба манфиати одамон равона гардидааст, эътироф шудаанд. 
Ҳоло шабакаи номбурда 350-то шаҳри беш аз 100 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифта, онҳо дар худ соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ ва санъати амалии халқ, дизайн, синамо, гастрономия, адабиёт, медиа, санъат ва мусиқаро ифода намудаанд. Бинобар ин, Бухоро дар «шабакаи шаҳрҳои эҷодкор» ҳамчун шаҳри ҳунар ва санъати халқӣ – Crafts and Folk Art эътироф гардидааст.
Бухоро дар Осиёи Марказӣ шаҳри ягонаест, ки дар равияи «нигориши амалӣ ва санъати халқӣ» шомили барномаи «Шабакаи шаҳрҳои эҷодкор»-и ЮНЕСКО гаштааст.
Бо ташаббуси Бунёди рушди маданият ва санъати Ӯзбекистон соли 2025 дар Бухоро аввалин Биеннале оид ба тарроҳии муосир ва ҳунармандӣ баргузор мегардад.

Амрулло АВЕЗОВ,
 хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: