ДАР БОРАИ САРФАРОЗ ГАРДОНДАН БО ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ ЗУЛФИЯ

Бо мақсади дастгирии занони кишварамон, амалӣ гардонидани орзую умеди онҳо, муносиб ҳавасманд гардонидани духтароне, ки бо истеъдод ва фаъолияти ибратбахши худ барои ҷавонон намунаанд, қобилият ва имкониятҳои худро дар ҷабҳаҳои гуногун амалӣ намуда, дар асоси дониши амиқ ва нерӯи баланди зеҳниашон ғояву ташаббусҳои муҳимро пеш мегузоранд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолнокӣ нишон медиҳанд:

1. Пешниҳоди Комисссияи оид ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия барои духтарони соҳибистеъдод аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, барои хулқи аъло, истеъдоди ноёб, тезкорӣ, ташаббуснокӣ, комёбиҳо дар таҳсил, инчунин комёбиҳои махсусашон дар соҳаи таълим, илм, адабиёт, санъат, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ додани Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия мувофиқи рӯйхати замимашуда тасдиқ карда шавад. 
2. Ба лауреатҳои Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия диплом ва нишонҳои сарисинагӣ дар тантанаҳое, ки ба муносибати иди Рӯзи байналхалқии занон — 8 Март барпо мегарданд, супурда шаванд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳар як лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия додани мукофоти пулиро дар ҳаҷми 50 воҳиди базавии ҳисобӣ таъмин намояд. 
4. Ба Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки фаъолияти намунавӣ, қобилиятҳои беназир ва комёбиҳои лауреатҳои Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфияро васеъ равшан кунанд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Низомиддинов гузошта шавад.
     
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД, 
5 марти соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: