САНГИСТОН

Яке будас яке набудас Сангистон ном кишваре будас.

Дар ин Сангистон ҳама ҷо сангҳои калону теппаҳои баланд будас. Дар он ҷо одам-подам набудасу танҳо мурғобиҳо дар як кӯл зиндагӣ мекарден. Аз ахлот пур шудас ин кӯл, бӯйи бад мебуровардас оби ифлосаш. Ин мурғобиҳо парвоз чист намедонистаанд. Ба ин сабаб намедонистаанд, ки паси теппаҳои баланд кӯҳҳои осмонбӯс ҳастанду кӯлҳои мусаффои калон ва он ҷо низ диёри онҳост.
Барои парвозро ёд гирифтан рӯйи як тахтасанги калон қоидаи он ҳаккокӣ шуда будас. Ба хати морсӣ будас ин қоида.
Аммо мурғобиҳо сад сол пеш хаташонро дигар карда будаанд ва хати морсиро хонда наметавонистанд.
Аз ҳамон кӯҳҳои баланду кӯлҳои обашон шаффоф ба ин тараф калхотҳо парида меомадаанд. Онҳо чӯҷабарак буданд, бачаҳои мурғобиҳоро чанг зада гирифта мебурданд, мурғобиҳо гиря мекарданд ва чунин фикр мекарданд, ки чӯҷаҳояшон дар куҷое зиндаанд ва мардикорӣ карда гаштаанд.
Аммо рӯзе аз ҳамон баландиҳо як тӯтӣ парида омад. Тӯтӣ, ки ширинзабон буду забони мурғони дигарро медонист, ба мурғобичӯҷае гуфт: «Муред аз ҳамин рӯзатон! То кай дар ин ҷо ғут-ғут карда мешинед. Дар паси кӯҳ кӯлҳои калон ҳаст, парвозро омӯзеду ватанро соҳибӣ кунед. Агар хоҳед ман худам ба шумо хати забони морсиро ёд метиям».
Мурғобиҳои калонсол ҳушдор медоданд: «Ба гапи паррандаҳои кишварҳои дигар гӯш накунед, онҳо ҷосусанд, тӯтиёни Ҳиндустонанд, чизе, ки дигарон ёд медиҳанд, ҳамонро мегӯянд».
Аммо як мурғобичӯҷае бовар кард: «То кай дар ин тангиҳо зиндагӣ мекунем? Кӯлҳои калони обашон соф, дарёҳои хурӯшон дар кишварамон будас! Биёед, забони аҷдодӣ – морсиро биомӯзем ва парвозро ёд гирем!»
Калонҳо ба сари он бечора он қадар нӯл заданд, ки бо сари хуншор ҷувонмарг шуд.
Дигар мурғобие аз ин боб сухан накард. Ҳамин тавр то имрӯз дар он кӯл, ки модар-ватан меҳисобанд зиндагӣ доранд, шумо низ зиндаю саломат бошед.

Адаш ИСТАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: