БЕРУНӢ ВА ЭКОЛОГИЯ

Экология ҳамчун илм дар асри ХIХ зуҳур кард. Баъзе олимони табиатшинос Чарлз Дарвин (1809-1882), табиатшиноси бузурги англисро асосгузори илми экология медонанд ва асари ӯ «Пайдоиши намудҳо»-ро далели мустанади ин фикр мешуморанд.

Дар ҳақиқат Ч. Дарвин назарияи эволютсионии ба вуҷуд омадани рустанӣ, ҳайвонот, умуман, намудҳои зиндаро дар табиат кор карда баромадааст, ҳарчанд мафҳуми «экология»-ро олим ва табиатшиноси немис Э. Геккел (1834-1919) ба илми табиатшиносӣ ворид карда буд. Номбурда дар асари худ «Асрори олам» таълимоти пантеистии файласуфи ҳоландӣ Б. Спинозаро (1632-1677) тақвият медиҳад, ки тибқи он табиатро на Худо (дар фаҳмиши динии он) офаридааст, балки он худ аз худ, дар ҷараёни эволютсионии кулли мавҷудоти олам ба вуҷуд омад.
Дар замони мо экология ба илми нисбатан мустақил табдил ёфта, предмет, мавзӯъ, таркиб, сохти мафоҳими худро дорад ва  ба чандин дастоварди назариву амалӣ низ муваффақ шудааст. Алҳол бисёр олимони соҳаи илми экология ба он чунин таъриф медиҳанд: «Экология илмест, ки дар бораи алоқамандии мустақими табиат ва инсон баҳс менамояд». 
Ҳарчанд ин таъриф бо вуҷуди баъзе нуқсонҳои назарӣ дар бисёр китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ васеъ истифода мешавад, дар оянда барои мукаммалтар кардани тавсифи экология ҳамчун асос кумаки калон расонда метавонад.
Аммо дар ин ҷо бояд гуфт, ки аз хидмат ва саҳми олимони бузурги Шарқи исломӣ, аз он ҷумла Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки оид ба табиат ва муносибати ҷудонашавандаи одам бо он, табақабандии рустаниҳо ва ҳайвонот, ки бевосита ба экология дахл дошта, фикрҳои барои замони мо хеле ҷолиб гуфтаанд, ёдовар намешаванд. Мо таълимоти экологии Абубакри Розӣ (865-935) ва Абурайҳони Беруниро (973-1023) дар назар дорем, ки ҳанӯз дар асрҳои IX-Х пеш аз Дарвин ва дигар олимони табиатшиноси аврупоии асрҳои XV-XIV зикр шуда, то ҳол аҳамияти илмии худро гум накардаанд. Барои он, ки ин таъкид ҳавоӣ набошад, метавон навиштаҳои шарқшиноси рус В. Розен (1849-1908) дар бораи асари Берунӣ «Ҳиндустон»-ро мисол овард: «Ин асар (яъне «Ҳиндустон» – Ҳ.Қ.) асарест, ки мислашро дар асрҳои гузаштаю миёнаи Шарқ ва Аврупо ёфтан душвор аст. Он дар рӯҳияи интиқодии беғаразона эҷод шуда, аз мавҳумот, тасаввуроти динӣ, нажодӣ, қавмӣ куллан озод аст. Дар ин асар диди васеи оламу одам, табиат, тадқиқоти воқеан илмӣ, ба маънии пуррааш, ба назар мерасад». 
Берунӣ дар асари дигари худ «Қонуни Масъуд», ки аз ёздаҳ китоби бузургҳаҷм иборат аст, ғайр аз масъалаҳои кайҳоншиносӣ, ситорашиносӣ, сохти курраи Замин, мубоҳиса бо Батламиус (Птоломей) (ваф. с.168 милодӣ), бисёр масъалаҳои табиатшиносиро ҳам таҳлил мекунад. Тавре ки муаррих, сайёҳи машҳури асри миёнаи Шарқ Абдулло Ёқуб ал-Ҳамавӣ (1178-1229) – муаллифи китоби «Маҷмаъ ал-Булдон» менависад, Масъуд (писари Султон Маҳмуд) барои заҳмати бузурги Берунӣ дар навишти ин асар ба ӯ баробари вазни шутур инъом доданӣ мешавад, вале Берунӣ онро намепазирад.
«Қонуни Масъуд» масъалаҳои экологиро ҳам дар бар мегирад. Дар он тавсифи намуди рустаниҳо ва ҳайвонот, ландшафти Ҳиндустон, ҳамбастагии зичи одам, табиат ва коинот ва ғайра мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Табиат тибқи таълимоти Берунӣ як воқеияти ҳастӣ буда, бо моҳият ва зуҳурҳояш абадист, вале бо мурури замон ба тағйирот дучор мегардад. Метавон гуфт, ки «Ҳиндустон» аз лиҳози арзиши илмии худ нисбати экология бо асари Чарлз Дарвин «Пайдоиши намудҳо» дар як радиф меистад, агарчи фосилаи таърихии байни ин ду асар хеле тӯлонист. Диди олам ва одам, таҳлили амиқи илмии масъалаҳои экологӣ дар ин асарҳо як хел аст.
Аз лиҳози экология асари дигари Берунӣ «Сангҳои қиматбаҳо», ки онро олимони муосир «Минералогия» ном мебаранд, арзиши баланди илмӣ дорад. Дар он Берунӣ на танҳо тақрибан 50 намуди сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъли бадахшон, фирӯза, яшма, зумрад, ёқут, марворид, ақиқ, алмос ва ғайраро аз ҷиҳати ранг, вазн, сохт, шаклу намуд, мустаҳкамӣ таҳлил мекунад, балки ба онҳо аз назари эстетикӣ ҳам баҳо медиҳад. Бесабаб нест, ки олимон «Минералогия»-ро суруд дар васфи сангҳои қиматбаҳо номидаанд. Ҷолибияти «Минералогия» дар он аст, ки Берунӣ тавсифи сангҳои қиматбаҳоро бо ҳикоятҳои пандомез, шеърҳои шоирони намоёни олами ислом зинат медиҳад. Дар ин ҷо лозим медонем чун  намуна ҳикоятеро оварем. 
«Марде гунҷишкеро дастгир мекунад. Гунҷишк аз ӯ мепурсад: «Аз ман чӣ мехоҳӣ?» Мард мегӯяд: «Туро мекушам ва гӯштатро бирён карда мехӯрам!» Гунҷишк дар ҷавоб: «Аз гӯштам сер намешавӣ, зеро гӯштам як луқма ҳам намешавад. Вале агар маро раҳо кунӣ, се насиҳат мешунавӣ, ки дар зиндагӣ ба ту дастур мешаванд». Мард розӣ мешавад. Гунҷишк мегӯяд: «Аввало, боре ҳам барои чизи аздастдода афсӯс махур, дувум, аз паси чизе, ки медонӣ, дарёфта наметавонӣ, магард, сеюм, ба он чизе, ки мавҷуд нест, бовар макун!» 
Мард ба андешаи «Ин пандҳо барои ман аз як луқмаи гӯшти ӯ беҳтар», – гунҷишкро раҳо кард. Гунҷишк париду дар муқобили девори хонааш нишаста гуфт: «Агар ту мақсади худро амалӣ карда гӯшти маро мехурдӣ, аз шикамам баробари як тухми кабӯтар марворид меёфтӣ». Мард аз он ки гунҷишкро раҳо кард, афсӯс хӯрда, хост бори дуюм онро ба даст дароварад. Бинобар ин гуфт: «Эй гунҷишк, ба наздам баргард. Ман бароят донаҳои тозашудаи кунҷид ва оби тоза медиҳам». Гунҷишк дар ҷавоб гуфт: «Эй одам! Ту маро накушта, гӯшти маро бирён карда нахӯрдӣ ва панду насиҳати маро гӯш накардӣ, акнун ту афсӯс мехурӣ, ки маро аз даст додӣ ва мехоҳӣ маро аз сари нав ба даст оварӣ. Аммо ту маро дигар ба даст оварда наметавонӣ. Охир ман худ баробари як тухми кабӯтарам. Чӣ гуна меъдаи ман метавонад дар худ баробари ҷисмам марворид ҷойгир кунад»!  Гунҷишк инро гуфт ва бо он мард хайрухуш карда, парида рафт»...
Диққати Беруниро масъалаи Замин, пайдоиши он низ аз назари экологӣ ба худ ҷалб карда буд. Ба қавли ӯ, дар сайёраи Замин дар давраҳои гуногун мусибатҳое чун заминҷунбӣ, тӯфон, хушксолӣ, сӯхтор, обхезӣ, сел ва ғайра ба вуқӯъ омадаанд. Баъди чунин воқеаҳои даҳшатангез дар рӯйи Замин рустанӣ, дарё, кӯл, кӯҳ ба вуҷуд омада, ландшафти заминро тағйир додаанд. Дигаргуниҳои сохти Замин дар мабнои қавонини табиат ба вуқӯъ меоянд. Ин фаҳмиш асоси ҷаҳонбинии экологии Беруниро ташкил медиҳад. Ба андешаи Берунӣ ҳифзи сарватҳои табиат: об, дарё, кӯҳ, рустанӣ, ҳайвонот, ҳатто қавмҳои гуногуни башарӣ бояд дар мадди аввали фаъолияти ҳаррӯзаи инсон бошанд.
Умуман, Беруниро метавон асосгузори қисматҳои экология, ба мисли геоэкология, экологияи глобалӣ, экологияи растанӣ ва ҳайвонот номид. Нисбати дониши экологии Берунӣ суханони С. П.Толстов (1907-1976) – археолог, муаррихи Хоразми бостониро овардан ҷоиз аст: «Андешаҳои беназири Берунӣ аз лиҳози амиқии илмӣ роҷеъ ба навъи рустаниҳо ва ҳайвонот то дараҷаи муайян аз кашфиёти Дарвин сабқат бурдаанд. Таълимоти ӯ дар бораи пастии Ҳиндустони шимолӣ ва Турон, дар маҷмӯъ, аз назарияи Леонардо да Винчӣ (1452-1519) дар асоси маводҳои Ломбард пештаранд. Аммо мулоҳизаҳои ӯ нисбати Турон ва таърихи он, ба ақидаҳои Мушкетов ва палеографҳои муосир шабоҳат доранд». 
Алҳол дар асри ХХI равшан гардид, ки муносибати тарафайни инсон ва табиатро, тавре ки Берунӣ таълим медод, бе «нури ақли солим» дарк кардан аз имкон берун аст. Инсоният дар муносибати худ ба табиат ва муҳити атроф бисёр ҳангом ба иштибоҳҳо роҳ дод, ки ин ба бӯҳрони экологии ҷаҳонӣ оварда расонд, минбаъд набояд ба чунин хатоҳо роҳ дода шавад.

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
доктори улуми фалсафа, профессор.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: