ИДИ ДӮСТӢ ДАР ҶИЗЗАХ

Дар доираи «Ҳафтаи дӯстӣ», ки ба муносибати 30-июл – Рӯзи дӯстии халқҳо оғоз ёфта, дар саросари мамлакатамон ботантана таҷлил карда мешавад, дар боғи экологии «Ӯрда»-и шаҳри Ҷиззах чорабинии идона баргузор гардид.

Дар он намояндагони ҳокимияти вилояту ноҳия-ҳо, фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ширкат варзиданд. Намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, расму овезаҳо, наворҳо, таронаву мусиқӣ, рақсу бозиҳое, ки дар он урфу одат ва арзишҳои фарҳангиву миллии миллатҳои маскуни кишвари офтобии мо акс ёфта буд, баргузор карда шуд.
Дар саҳна муовини ҳокими вилоят Аҳмадҷон Латифов оид ба аҳамияти дӯстӣ дар омади гап чунин гуфт: 
– Хушбахтона дар қаламрави вилоятамон, мисли саросари ин кишвари азиз, ҳаёти хурраму осуда ҳукмфармост. Бо ташаббус ва пешниҳоди сарвари давлат Ш. Мирзиёев ҳар сол ин рӯзро ҳамчун Рӯзи дӯстӣ ботантана таҷлил менамоем. Иззату эҳтиром, меҳру оқибат, ҳифзи суннатҳо, аз ҳама муҳимаш, риштаҳои дӯстӣ маҳз ба туфайли ҳамин гуна ҷашнвораҳо мустаҳкам мегарданд.
Дар ин ҷашнвора беш аз панҷ ҳазор нафар пиру барно ширкат ҷустанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: