ҲУНАР ГАНҶИНАИ ПУРЗАР

Ҳунар ганҷинаест, ки аз ҳама ганҷҳо пурқиматтару аз ҳама қуллаҳо болотар.

Бузургон беҳуда нагуфтаанд: Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор... 

Имрӯзҳо дар мамлакатамон ба рушди ҳунарҳои миллӣ, тавсеаи соҳибкорӣ ва дар ин замина баланд бардоштани фаъолияти занон ва таъмини шуғли онҳо таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Ба шарофати ба роҳ мондани имконият баҳри рушди ҳунарҳои миллӣ бонувони кишвари мо ба ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қаннодӣ ва амсоли инҳо машғул шуда, бо завқи беандоза анъанаҳои миллиро ривоҷ медиҳанд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон низ бонувоне, ки бо маҳорати баланди худ дар озмуну намоишҳои ҳунарӣ анъанаҳои ниёгонамонро муаррифӣ менамоянд, бисёранд.
Яке аз онҳо Райҳона Амонбоева мебошад, ки бо ҳунари тоқидӯзии худ на танҳо дар деҳа, балки берун аз он низ иззату эҳтироми хоса дорад. Ӯ дар асоси анъанаи устоду шогирд то имрӯз ба чанд нафар занону духтарон асрори тоқидӯзиву гулдӯзӣ, инчунин қуроқдӯзиро ёд дода, бо ҷойи корӣ таъмин кардааст.
– Ҳунари тоқидӯзӣ аз одам сабру таҳаммул ва завқи нозукро талаб мекунад. Гулдӯзии тоқиҳо яке аз санъатҳои нозук буда, аз маҳорати нақшофарӣ ва тахайюми ҳунарманд вобастагӣ дорад. Тоқиҳо чун шиносномаи маҳал, ҷойи зисти шахсро низ муайян менамояд, – мегӯяд Р. Амонбоева.
Бонувони маҳаллаи Чорбоғи ноҳия низ бо ҳунар ва меҳнати худ сазовори эҳтироманд. Аз ҷумла, Машҳура Иброҳимова сокини ҳамин маҳалла коргоҳи хурд кушода, занони хонанишинро бо ҷойи корӣ таъмин намуда, ба дӯхтани пардаву либосҳои миллӣ шурӯъ кардааст.
– Ман хурсандам, ки ба воситаи ҳунарам нафърасони мардум мебошам. Асосан барои ороиши хонаи наварӯсон пардаву либосҳои миллӣ медӯзем. Мо занони соҳибкор барои шароиту имкониятҳое, ки давлатамон фароҳам овардааст, миннатдорем,– иброз дошт Машҳура. 
Соҳибкор ният дорад, ки корхонаи дӯзандагиро васеъ карда, шумораи коргарон ва ҳаҷми корро афзоиш диҳад.
Бонуи ҳунарманди дигари ноҳия, ки бо тайёркунии маҳсулоти қаннодӣ шуғл дорад, Дилфуза Мамазоитова мебошад. Ӯ дар маҳаллаи Ҷари ноҳия истиқомат мекунад. 
– Мо дар сех маҳсулоти қаннодию нонии маҳаллӣ ва таомҳои миллӣ тайёр мекунем, ки дасторхони тӯю маъракаи мардумро оро медиҳад. Мақсади мо васеъ намудани коргоҳ ва бо ҷойи кори нав таъмин кардани занони хонанишин аст, – афзуд қандолатпази моҳир Д. Мамазоитова.
Ин занони ҳунарманд дар озмуни «Бонувони ҳунарманд» бо намоишҳои ҳунарии худ ширкат варзида, ғолибиятро ба даст даровардаанд.
Дар ноҳияи Косонсой чунин бонувони ҳунарманд бисёранд, ки бо ҳунармандии худ баробари ба буҷаи оилаашон даромади иловагӣ овардан, анъанаҳои ниёгонро тарғиб мекунанд.
Ҳунар, қобилият, кордонӣ, касб фазилатест, ки ҳамеша инсонро сарфарозу бахтиёр мегардонад.  
Хушбахтиву комронӣ ва зебоиву шодмонӣ ҳама аз маҳсули дасти ҳунармандон сарчашма мегирад. Аз ин ҷост бонувони ҳунарманди косонсоӣ бо ҳунари худ сарфарозу воломақоманд.

Махфират 
МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: