Панҷумин гурӯҳи доруҳои зидди гепатити "С" дар соли ҷорӣ аз Миср ба Тошканд оварда шуд

Аз Миср ба Тошканд панҷумин партияи доруи «Sofosbuvir-400mg» зидди гепатити “С” дар ҳаҷми 6720 адад оварда шуд.

Бинобар хабари сафоратхонаи Ўзбекистон бо ҳукумати Миср дар бораи ба Ӯзбекистон интиқол додани 800 ҳазор дору (тақрибан 40 тонна) «Дакласвир» ва «Софосбувир» бар зидди гепатити «С» ва «Энтекавир» бар зидди гепатити «В» ба маблағи умумии 4,2 миллион доллари ИМА тавофуқ ҳосил шуд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Дар давоми соли 2023 як қисми ин доруворӣ, ки 696 ҳазор доллар арзиш дорад, тадриҷан ба кишвари мо фиристода шуданд.

10 феврал ширкати ҳавопаймоии «Ўзбекистон ҳаво йуллари» бори чорум дар соли 2024 аз Шарм-эл-Шайх ба Тошканд доруи зидди гепатити «Sofosbuvir-400mg», ки ҳукумати Миср ба сифати ёрии башардӯстона ба кишвар ҷудо намудаасст, расонд. Ҳамагӣ 6720 адад доруи «Sofosbuvir-400mg», дар 12 қуттӣ ба мизоҷони ДИТ вирусологияи Вазорати тандурустии Ӯзбекистон интиқол дода хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ба гуфтаи мутахассисон, ба як бемор ба ҳисоби миёна барои 3-моҳи пурраи муолиҷа 3 бастаи «Daclatasvir»  ва 3 баста «Sofosbuvir» лозим аст. Нархи миёнаи ин курси табобат дар Миср 31 доллар ва дар Ӯзбекистон то соли ҷорӣ 100 доллар арзёбӣ мешуд. 800 ҳазор доруе, ки ҳукумати Миср додааст, ниёзҳои табобати 133 ҳазор беморро таъмин хоҳад кард. Яъне агар доруҳои зидди гепатити "С" барои ин теъдод беморон бо нархҳое, ки ҳоло вазорати тандурустӣ аз хориҷ харидорӣ мекунад, харидорӣ мешуд, аз буҷаи давлатии Ӯзбеакистон 13,3 миллион доллар масраф мешавад. Маблағҳои дар буҷети давлати мо сарфашуда имкон медиҳанд, ки ҳаҷми муоинаи аҳолӣ аз бемории гепатит аз 10 ҳазор то ба 1 миллион нафар расонида, вирусҳои пинҳоншуда ошкор карда, ин беморӣ пурра нест карда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: