ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ МАКТАБУ МАОРИФ

дар осори равшангарони тоҷик

дар осори равшангарони тоҷик
Яке аз он масоили муҳиме, ки дар ҷомеаи муосир бештар мавриди таваҷҷӯҳ  қарор гирифтааст,  масъалаи мактабу маориф ба шумор меравад.
Дар оғози садаи бист масъалаи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи равшангарони тоҷик қарор дошт. Таҷдиди мактабу маорифи кишвар аз ҳадафҳои асосии равшанфикрони замон ба шумор мерафт. Чеҳраҳои намоёни наҳзати маорифпарварӣ ин масъаларо дар таълифоти  хеш инъикос намуд.
Ба рушди матбуот ва публитсистика замина фароҳам овардаанд. Онҳо зарурати таъсис додани нашрияҳоро ҷиҳати вусъати афкор ва густариши ҷаҳонбинии мардум эҳсос карда, пайи он талош намуданд, ки ин падидаи тозаи маънавӣ ҳарчӣ зудтар ва бештар миёни оммаи мардум паҳн гардад ва дар бедории миллӣ саҳм гузорад. Эшон саҳфаҳои матбуотро барои ҷавлони афкори хеш истифода бурда, пеш аз ҳама масоили маорифпарварӣ, ба вижа муҳимияти ислоҳоти соҳаи мактабу маорифро ҳамаҷониба тарғиб, дар сафҳаҳои матбуоти даврӣ вазъи рӯзгори адабию фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро бо сабку услуби ба худ хос инъикос намудаанд. Чунончӣ, дар ибтидои садаи ХХ аз Бухорои замони пеш камтар осоре боқӣ монда буд. Аз ин лиҳоз, руҷӯи ҷадидон ба гузаштаи фараҳманди Бухоро муҳимтарин сифати ҳофизаи таърихии онҳоро бозгӯӣ мекунад. Мирзо Сироҷ дар ин бобат чунин мегӯяд:
«Ҳар гоҳ мо, мардуми Бухоро, чашми худро кушода, ба як назар фуқарои замонҳои гузаштаи худро пеши чашм биёварем, хоҳем дид, ки мо ҳам миллати дорои илму фунуни солеҳ буда, дар ҷиргаи милали мутамаддин ба шумор мерафтем, муаллими мо Форобӣ, ҳакими мо Бӯалӣ, алломаи мо Бухорӣ, шуарои мо Рӯдакӣ буданд, ки ҳар кадом ягона ва фарди асри худ буд, номашон ҳанӯз зиннатбахши сафҳаи таворих аст». (БШ.–№10.–22 март.–1912.)
Осори арзишманди Мирзо Сироҷ бо шеваи баён ва ҷаҳони андешаи ӯ бештар бар пояи воқеияти иҷтимоӣ таълиф гардидаанд. Ӯ наомӯзондани илмҳои дунявиро дар мактабу мадорис маҳкум намуда, онро омили соҳибкасб нагардидани аҳли ҷомеа мешуморад. Нуктаи ҷолиб он аст, ки анҷоми мақолаҳои ӯро пурсишҳои паёпай дар бар мегиранд, ки хоҳони ҷавобанд ва онҳо ба рӯҳияву сабки иҷтимоъгарии замона созгорӣ доранд: «Агар Худо нахоҳад, ба манора шикасте ворид шавад, оё мисли аввал метавонем сохт ё на? Дар ҷавоб хоҳед гуфт, ки аз хориҷа усто меорем...». 
Масъалаи нарасидан ва мавҷуд набудани мутахассисон дар ҷомеа низ аз ҷониби равшангарон хуб дарк шуда буд, ки ин нуктаро мо дар таълифоти онҳо метавонем мушоҳида кард. Хонандагони нашрия мушкилоте, ки равшангарон ислоҳи онҳоро дар ҷомеа талаб намудаанд, тарафдорӣ карда, таҷдиду ислоҳи ҷомеаро муҳим ва зарур ҳисобидаанд. 
Дар аксари навиштаҳои хеш равшангарон аз бесаводӣ ва бемаънавиятӣ дар ҷомеа изҳори нигаронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки «бузургтарин хидмати ватани имрӯза ин аст, ки дар таълими нашри маориф ва мактаб ва ислоҳу тартиботи таълим ва таҳсили илм кӯшиш кунад» (БШ.–№21.–4 апр.–1912). 
Наҳзати маорифпарварӣ бештар барои фардои саодатманд талош мекард, ба наҷоти миллат, эҳёи миллӣ ва барпо намудани ҷомеаи маънавибунёд саъй меварзид. Тавре ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд: «Масъалаи растагорӣ масъалаи асосии замон буд, ки дар сари он ҳар равшанфикре ба таври худ теша ба решаи андеша мезад».
Ин гуна равиши андешаронии равшангарон, ки ба аҳли ҷомеа писанд буд, ҳангоми мутолиа ва баррасии маводи рӯзномаи «Бухорои Шариф» собит мегардад. Онҳо рушди бомароми ҷомеаро дар оянда аз донишмандон дониста, таҷдиду ислоҳи ҷомеаро орзу намудаанд. Пешниҳоди эшон барномаеро мемонад, ки тибқи он «ба донишмандон… воҷиб ва лозим аст, бо авзои олами маориф иштирок намуда фурсатро ғанимат шуморанд ва аз барои ислоҳи мактабҳо саъйи болиғ намоянд ва ҷиҳати назорат ва ислоҳи мактаб, алҳамдулиллоҳ, дар Бухорои мо ашхоси қобил низ ҳастанд, ки ин корро пеш бибаранд».
Мутолиаи «Бухорои шариф» ин маъниро возеҳу равшан пеши назар ҳувайдо мегардонад. Чунончӣ, Мирзо Сироҷ аз ҳамзамононаш ҳамқадами замон будан ва аз ҳар лаҳзаву вақт босамар истифода бурданро хоҳиш менамояд, зеро «такомулу тараққии дунё мунтазири мо, оғоён нест. Пас беҳтар аст, ки мо ҳам тобеи тараққии олам гашта мисли дигарон ба тараққӣ бикӯшем». 
Гуфтем, ки муҳимтарин масъалае, ки равшангарон ва хонандагони рӯзномаи “Бухорои Шариф” сари он андеша кардаанд, ин тарғиби мактабу маориф ва омӯзиши илму дониши дунявӣ буд. Ба андешаи онҳо омили асосии рушди ҷомеа илму дониш мебошад. Наомӯхтани илмҳои заруриро дар мадорису макотиб Мирзо Ҷалол қайд намуда, тағйири фанҳои дарсиро низ талаб менамояд.
«Ислоҳи мадорис – мегӯяд ӯ, аз ду қисм: яке ислоҳи вазъи таълим ва феҳраст… улум ва фунуне, ки то ҳол машғул шудаанд. Дигаре таҷдид ва тағйири дарсҳо мувофиқи феҳрасти замони ҳозира аст”. 
Раванди таълиму тарбияро дар макотибу мадорис Мирзо Ҷалол зери тозиёнаи танқид гирифта, ислоҳи онро амали саривақтӣ медонад. Ба андешаи ӯ толибилми мадраса он ҷо ба ҷуз талафи вақт чизе пайдо намекунад. Ӯ бо алам мегӯяд: – “баъд аз даҳ ва понздаҳ соли таҳсил ва таҳқиқ дар илми наҳв боз ибороти арабиро наметавонанд, чунонки муқтазои илми наҳв аст, саҳеҳ ва дуруст нависанд ва дуруст бихонанд”.
Бо дарки он ки муаллимон дар ҷомеа нақши тақдирсоз доранд, Мирзо  Ҷалол аз онҳо низ саъю талошро баҳри тарбияи насли худогоҳу худшинос талаб менамояд. Нуктаи ҷолиберо ӯ қайд менамояд, ки  дар шароити имрӯза бояд “муаллимҳои мо саъй фармуда муаллими ҳақиқӣ гарданд. Исми бе расм маънӣ надорад” .
Дар саҳифаҳои нашрияи “Самарқанд” низ, ки аз ҷониби яке аз чеҳраҳои мондагори наҳзати маорифпарварӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ баҳори (апрел -А.Ш.) соли 1913 ба нашр оғоз намуда буд, афкори пешрави маорифпарварон боз ҳам бештар мунъакис гардидаанд. Ин нашрия чун минбари баёни афкору ғояҳои пешрав дар муддати кӯтоҳ миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард. 
Дар саҳифаҳои рӯзнома маводи ҷолиби равшангароне чун Абдурауфи  Фитрат, Ҳоҷӣ Муин, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Ҳоҷӣ Мирзо Ибрат, Сиддиқӣ ва худи Беҳбудӣ дарҷ гардидаанд, ки тамоми масоили умдаи он замонро фаро гирифтаанд. Забон ва шеваи эҷоди осор ва навиштаҳои ин равшангарон соддаву  равон  буда, дар бозгӯии мушкилот ва муаммои ҷомеаи  он  рӯз   аҳамияти хоса доранд. Масалан, Ҳоҷӣ Муин дар яке аз  навиштаҳояш  «Боиси тараққӣ» аз  нақш ва  зарурати мактаб  дар  ҷомеа  ёдовар гардида, чунин гуфтааст:
«Мабдаи улум   ва  маориф   мактаб  аст, бе  мактаб   ҳеҷ  яке  аз  инҳоро  ҳосил  наметавонем, як  дарича  чашми ибрат   боз  намоем   ва  ба  ақвоми соираи  мутамадин   назар  андозем, чи  сон  барои  мактаб ва  маориф кӯшиш намудаанд, ки аз сад  навад лоақал аз сад ҳафтод соҳиби илму ирфонанд» («Самарқанд»  №39, 27-августи 1913).
Маҳмудхоҷа  Беҳбудӣ бо  пайгирӣ  аз  ин ҳадаф пас аз қатъи нашри рӯзномаи “Самарқанд” ба чопи маҷаллаи «Ойина»-оғоз  намуд. Дар маҷалла матлабе таҳти унвони «Мулоҳиза» дарҷ гардидааст, ки дар он Беҳбудӣ  мегӯяд:
«Ислоҳ  аз  куҷо  сар  мешавад, ҷавоб  хоҳанд гуфт, ки «аз  мактабу  мадраса. Чунки ҳаёти миллат вобаста  ба  мактабу  маориф  аст.  Мактабу мадрасаи  кадом  миллат, ки  обод аст,  он  миллат  худро мудофиа мекунад, ҳам  соҳибу ҳокими  миллати дигар  мегардад. Мактабу  мадрасаи  кадом  миллат хароб, ё  дар  таназзул  аст,  он  миллат  маҳкуми  таданнӣ ва  забун  аст. Ривоҷи  дину  миллат, тараққии  илму  диёнат, пешрафти фазлу  ҳунар, салоҳи ахлоқу одоб, хубии  маишату  зиндагонии  ҳар  тоифаро сабаб  мактабу  маориф аст» («Ойина» №2- 1913).   
Беҳбудӣ ҳамчун  мубаллиғи мактабҳои усули ҷадид пайваста зарурати онҳоро дар таълифоташ   зикр  намудааст.  Ӯ менависад:
«Бародарони муҳтарам, ба  ҳамаамон чун  офтоб  равшан ва  аён  аст, ки мактаб — оғози тараққиёт, дарвозаи маданият ва санъат аст». 
Маҷаллаи «Ойина» барои дигар адибон низ майдони муборизаи ақидавӣ ва сайқали истеъдод буд. Дар саҳифаҳои он ба нашр расидани қасидаи «Мактаб»-и равшангари тоҷик Абдулвоҳиди Мунзим далели ин гуфтаҳост, ки дар он бештар тарғибу ташвиқи мактаби усули ҷадид  мушоҳида мегардад. Чунончӣ, дар матлаи қасида мехонем: 
Бувад файзу саодат ҳосили 
туллоб дар мактаб,
Ки аз файзи саодат ҳаст 
фатҳулбоб дар мактаб. 
Шавад бо каъбаи мақсуд восил 
зуд толиб ҳам,
Шавад аз Замзами илму адаб 
шодоб дар мактаб.
Тавре ба назар мерасад, бунёди сухани Мунзим поя бар воқеяти иҷтимоъ дорад. Мактаб ба сони чашмаест, ки оби зулоли он метавонад,  ҳамаро шодоб гардонад. Қасидаи «Мактаб» саршори андешаҳои маорифпарварии Мунзим мебошад.
Яке аз шуарои машҳури он замон ки ашъори рангини ӯ дар ин маҷалла нашр гардидааст, Мулло Муҳаммади Нормуҳаммадзода мебошад. Шеърҳое чун «Саёҳати фохта»(№30), «Гузашта ва оянда» (№20), «Баҳори Ватан» (№ 26), ки саршори маонии ҷолиб ҳастанд, дар ҳамин маҷалла нашр шудаанд. Баҳри тасдиқи андешаҳои хеш порчаеро аз шеъри «Баҳори Ватан»-и ин шоир намуна меоварем: 
Кунун тарбият бояд 
атфолро,
Сазад  кардан  ислоҳ 
аҳволро.
Ҳама сидқи некуст 
ақволро,
Сафо  лозим ахлоқу 
афъолро.
Бо орзуи рушду пешрафт ва таъсиси мактабҳои ҷадид шоир гӯё  аз  он  изҳори хурсандӣ менамояд, ки аҳли ҷомеа ҳамагон дар талоши рушди макотибанд. 
Умуман, масъалаи таҷдиди мактабу маориф дар бештари навиштаҳои равшангарон ба гунаҳои мухталиф баён гардида, ислоҳот дар ин соҳа муҳим арзёбӣ шудааст. 

Абдуқодир ШЕХОВ,
номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи 
академик Бобоҷон Ғафуров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: