– мегӯянд гурӯҳи журналистони хориҷӣ
Дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии туризми СММ, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, як гурӯҳи 24 нафарии журналистони хориҷӣ барои саёҳат ба шаҳрҳои Бухоро ва Хева рафтанд. Онҳо саёҳати худро аз боздиди мақбараи Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд шурӯъ карданд, ки дар 12 километр дуртар аз шаҳри Бухоро воқеъ гаштааст.
– Ман аз тариқи шабакаҳои интернетӣ хондаам, ки шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хева таърихи дуру дароз доранд ва ҳамчун марказҳои адабу фарҳанг, илму фан ном баровардаанд. Барои ҳамин солҳои дароз орзуи ба ин шаҳрҳо омадан ва боздид аз зиёратгоҳҳову қадамҷойҳои онро дар дил мепарваридам. Танҳо баргузории иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии СҶТ мусоидат намуд, ки ин орзуям ҷомаи амал пӯшад, – гуфт бо хушҳолии том мухбири хабаргузории «Ал-Явм ас-Сабиъ»-и Миср хонум Рубоб Фатҳӣ.
Ба гуфтаи ӯ тамошои сурату наворҳои ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Хева дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд вомехӯранд, аммо бо чашмони сар дидани он куллан накҳати дигар доштааст. Рубоб Фатҳӣ мегӯяд, дар Миср медонанд, ки мақбараи Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд Маккаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва мӯъминони зиёд аз кишварҳои гуногун маҳз ба ин ҷо меоянд.
Дар идома саёҳати журналистони хориҷӣ ба самти Ситораи Моҳи Хоса давом кард, ки он низ барои сайёҳони зиёд қобили таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
– Дар байни мардуми мо мақоли «Шунидан кай бувад монанди дидан» хеле маъруф аст. Дар ҷараёни ин сафар эътимод ҳосил намудам, ки дар шаҳрҳои бостонии шумо зиёратгоҳҳо хеле зиёданд. Баъди тамошои мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд ва Ситораи Моҳи Хоса ин эътимодам боз ҳам қавитар гардид. Қасри бошукӯҳ ва ботароват, ки дар гузаштаи начандон дур бӯстонсарои амирони Бухоро будаааст, бо санъати ороишӣ ва амалии худ низ диққати ҳамаи моро ба худ ҷалб намуд. Мусаввараҳои девори биноҳои алоҳидаи он басо ҷолиб, бо зебоиҳояшон чашмҳоро мерабуданд, – гуфт хабарнигори нашрияи «The Gulf Obser-ver»-и Покистон Муҳаммад Алӣ Пошо.
Корманди рӯзномаи «Бакинский рабочий»-и Озарбойҷон Роман Темников иброз дошт, ки кайҳо боз дидану тамошои мақбараи Исмоили Сомониро орзу мекард. Ҳоло чунин имкон фароҳам омадааст, ки аз ин ёдгории барои таърихи мардуми Бухоро хеле муҳим дидан намояд.
– Банда ба Бухорои бостонӣ бори аввал омадаам. Ин шаҳр мисли Самарқандшаҳр зебову дилрабо будааст. Ҳамаи ёдгориҳои таърихиву меъмории он як давраи таърихиро бозтоб медиҳанд. Аз ҷумла, мақбараи сулолаи Сомониён, ки дар ибтидои қарнҳои IX ва X-и милодӣ, дар замони шоҳии Исмоили Сомонӣ (892-907) сохта шудааст, яке аз қадимтарин ёдгориҳои меъмории Осиёи Марказӣ буда, аҳамияти ҷаҳониро касб менамояд, – изҳор намуд Роман Темников.
Роҳбалади гурӯҳ Зебунисо Ниёзова ба меҳмонон тавзеҳ дод, ки айни замон мақбараи Исмоили Сомонӣ ягона бинои боқимондаи замони Сомониён дар ҳудуди вилояти Бухоро муаррифӣ мешавад. Он инчунин яке аз аввалин иншооти бақодору зиндамондаи қадимӣ низ мебошад, ки комилан аз хишти пухта сохта шудааст.
– Мақбара соли 1993 ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ин яке аз мавзеъҳои асосии сайёҳии Бухоро маҳсуб меёбад, зеро аксарияти одамони ба тамошои боғи истроҳатомада як сари қадам ба ин мақбара қадам ранҷа месозанд,– афзуд ӯ.
Боздид аз тоқи Саррофон, тоқи Телпакфурӯшон ва тоқи Заргарон низ ба журналистон таассуроти хуб боқӣ гузошт. Саёҳат ба маҷмӯи «Чор Бакр» аз тарафи журналистон хеле қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ гардид.
Онҳо аз он ифтихор намуданд, ки дар Ӯзбекистон ба аркони ислом ва ёдгориҳои таърихиву меъмории он таваҷҷуҳи беназир зоҳир мегардад. Ҳар як ёдгорӣ дар ҳифзу ҳимояи ҳукумат қарор дорад ва хеле хуб нигоҳубин мешавад.
– Дар як кишвари дур аз Африқо ва Ховари Миёна, ки кишвари мо он ҷо воқеъ гаштааст, мебинем, ки ба алломаҳои дини ислом, аз қабили Абубакри Саъд, Абубакр Аҳмад ибни Хоҷа Саъди Яманӣ, Абубакри Фазл, Абубакр Муҳаммад ибни Фазл бин Ҷаъфари Бухории аъробитабор ин қадар таваҷҷуҳи бузург зоҳир карда мешавад. Зиёрати қабри ҳар кадоми онҳо ва фиристодани дуову фотиҳа дар ҳаққашон барои мо низ муяссар гашт, ки боиси ифтихор аст. Дарҳақиқат, Ӯзбекистон ба рушди туризм аҳамияти хосаро қоил мешудааст. Чунин бархурд барои ҷалби ҳар чи бештари сайёҳони хориҷӣ хеле мусоидат хоҳад кард,– гуфт бо шавқи том хабарнигори хабаргузории «MENA»-и Миср хонум Шӯҳрат Ориф.
– Аксари номгузории ёдгориҳои таърихиву меъморӣ форсӣ мебошанд. Мадрасаи «Чор манор» – як муассисаи таълимии исломӣ, маҷмааи Пои Калон – як ансамбли меъмории иборат аз Манораи Калон, Масҷиди Калон ва Мадрасаи Мири Араб, маҷмааи Лаби Ҳавз, ки яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Бухоро аст ва дар атрофи он мадрасаҳои Кӯкалдош ва Девонбегӣ воқеъ гаштаанд, аз ҳамин зумра мебошанд, – мегӯяд хабарнигори тоҷикистонӣ аз «Авеста.тҷ» Ҷаннатхон Қурбонова.
Сайру саёҳат ба шаҳри бостонии Хева низ дар журналистон таассуроти амиқ боқӣ гузошт. Аммо танҳо як рӯз онҳо дар ихтиёр доштанд, ки Ичан Қалъаро боздид кунанд ва дар он сайр намоянд. Вақте диданд, ки зиёда аз 250 хонаи қадимӣ ва тақрибан панҷоҳ иншооти гуногуни таърихӣ боқӣ мондаанд, хеле ба тааҷҷуб омаданд. Шаҳр бо ёдгориҳои пурарзиши худ соли 1990 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст ва ҳамаи ин ёдгориҳо бо ҳамон ҷилои худ намудор мешуданд.
– Ин ҷо аксари ёдгориҳои беназири он ҷанбаи исломӣ низ доштаанд ва хеле хуб нигаҳдорӣ шудаанд. Атрофи Ичан Қалъа саросар бо девори баланд иҳота шудааст, шояд барои ҳамин онро «шаҳри дарунӣ» ҳам меномидаанд. Барои мо дидану зиёрати мақбараи олиму шоир Паҳлавон Маҳмуд хеле писанд омад. Маълум, ки вай ба забони форсӣ эҷод кардааст ва баъдтар ба забонҳои дигар тарҷума шудаанд,– изҳор намуд корманди шабакаи телевизиони давлатии Уммон Исмоил Масъуд ал-Ҳарсӣ.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик».
ТОШКАНД – САМАРҚАНД – БУХОРО – ХЕВА – ТОШКАНД.