Мо дар асри бисту як, дар асре, ки мурғҳои оҳанини азимҷусса ба ҳаво парвоз карда, касро бо бору будаш ба манзилҳои дур дар муддати хеле кӯтоҳ бурда мерасонанд, зиндагӣ дорем.
Ханда бар лаб, ҳузн дар дил,
Зори як инсони хушгил,
Зори меҳри гарми одам,
Меравам манзил ба манзил.
Мо дар асри бисту як, дар асре, ки мурғҳои оҳанини азимҷусса ба ҳаво парвоз карда, касро бо бору будаш ба манзилҳои дур дар муддати хеле кӯтоҳ бурда мерасонанд, зиндагӣ дорем. Дар асре мезием, ки тавассути як порча оина (сенсор) аз як гӯша гӯшаи дигари дунёро мебинему гап мезанем. Аҷибаш овозу симои мо аз масофае, ки онро, ҳатто оҳанҳои болдору тезпарвоз соатҳои зиёд тай мекунанд, дар сонияе мерасад.
Оре, олимони даврони мо муъҷизаҳои зиёде ихтироъ намуданд ва аз ин рӯ асри бисту якро асри техника номиданд. Аммо… вале… лекин... Агар ақлу тамизи мо, донишу ҷаҳонбинӣ, маданияту маънавият ва меҳру оқибати мо — одамҳо низ баробари ин ихтироъҳои муъҷизавӣ ривоҷ меёфт, шояд ин кашфиёти оламшумул боз ҳам бештару беҳтар манфиат мебахшиданд. Шояд.
35 сол муқаддам дар ноҳияи Сӯх аҳолӣ хеле кам, аммо меҳру оқибат хеле зиёд буд. 35 сол муқаддам дар мо мошинҳо хеле кам, вале аз они ҳама буд. 35 сол муқаддам дар мо хонаву деворҳои одамон пасту тангу торик буданд, лекин мардум дили васеъ доштанд.
Давраи бачагии мо ба ана ҳамон солҳо рост омадааст. Хонаи ҳамаи аҳли деҳа хонаи ҳамаи мо — бачаҳо буд. Рӯзро бо бозӣ дар хонаҳои якдигар торик мекардем. Бачаи соҳибхона чӣ чизе хӯраду нӯшад, ба мо ҳам мерасид. Миннат кардану аз они ману аз они ту гуфтанҳо набуд. Ҳамсояҳо шабона ба хонаҳои ҳам ҷамъ омада, соатҳои зиёд суҳбатҳои гарму самимӣ мекарданд. Аҷаб айёме буду аҷаб ҳаловате дошт...
Ҳоло 35 сол дар ноҳия аҳолӣ хеле-хеле зиёд шудааст, аммо меҳру оқибат ҳамон андоза кам.
Мошинҳо зиёданд, аммо аз они соҳибашон.
Ҳоло аз он хонаву деворҳои пасту гилини тангу тор асаре ҳам намондааст. Ҳама маданиву замонавӣ шудаанд. Хонаву дари ҳама боҳашамат, деворҳо баланду сангину бетонӣ, роҳравҳо мумфаршу тозаву озода, дарвозаҳо пурнақшу баланду боло.
Аммо… чун назди ин дарвозаҳои баланду боло меравед, ба даромадан истиҳола мекунед, пеши назаратон соҳибхонаи туршрӯ падидор мешавад...
Айёми бачагӣ падари раҳматиам мегуфтанд: хонаат боҳашам бошаду як кас ба он беистиҳола даромада, чой хӯрда натавонад, вай хона хона нест. Имрӯз исботи гуфтаҳои ӯро бо чашмони сар мебинам: ҳама хонаҳо боҳашаму дабдабанок, аммо озодона даромадану озодона нишаста ҳузуру ҳаловат бурдан хобу хаёл аст.
Мо ба дараҷае «маданӣ» шудем, ки бозии бачаҳо дар ҳавлии ҳамсояҳо аз байн рафт: – Вай бачаи ҳамсоя шӯх, бо вай бозӣ накун, ҳама ҷоро расво мекунад..., – гуфта дар дили фарзандонамон ба ҷойи меҳру оқибату ҳурмату иззат эҳсоси бадбиниву нафратро афзудем. Ин аст, ки фарзандони мо алҳол бо якдигар бераҳмона ҷанг мекунанд, якдигарро ваҳшиёна мезананд. Ва фикр мекунам, ки гуфтаи волидонро писанд накардаву ба онҳо гап гардондани писару духтаронамон низ меваи ҳамин тарбия аст.
Оиларо барои чӣ муқаддас мегӯянд? Барои он, ки одам дар он ташаккул ва камол меёбад. Лекин...
Мо қариб, ки ҳама дарахтони мевадеҳ парвариш мекунем. Мутахассис оварда, шоху шиббаашро мезанонем, шакл медиҳем, то ки меваҳои бенуқсу хуб диҳад. Охир меваҳои хубу аълосифат даромади хуб меорад. Саривақт об медиҳем, дору мезанем. Вале ба фарзандамон ин қадар эътибор намедиҳем. На аз мутахассис маслиҳат мепурсему на худамон шакл медиҳем. Ҳол он ки меваи асосии мо онҳоянд.
Мегӯянд, ки агар таомро бо меҳр пазед, ширин мешавад. Ҳамин хел агар фарзандонро ҳам бо меҳр калон кунем, ҳосили ширин медиҳанд. Танҳо ҳамин меҳру меҳрубонӣ метавонад садди роҳи ҳар гуна бадиву бадкориҳо, душманиву бадбиниҳо, дуздиву ғоратгариҳо ва оқибатҳои нохуш гардад. Барои ҳамин, биёед, меҳрубон бошем, азизон!
Аҳрори МАҲМУДЗОД.
Вилояти ФАРҒОНА.