Устоди устодон, марди хирадманду ҷоннисори илму фарҳанг, узви Академияи улуми Ӯзбекистон, шодравон Ботурхон Хилъатпури Валихоҷа ҳамчун фарзанди фарзонаи Самарқанд нисбати шаҳри бостонии хеш хеле корҳои ибратбахшу лоиқи таҳсин оиди таърихи он бурдааст, ки аз бойгонии устод қисми муҳимашро ба ҳукми мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳавола мекунем.
Таърихи Самарқанди бостонӣ аз давраҳои қадим диққат ва эътибори муаррихон, фозилон, адибон ва сайёҳони юнонзамин, чин, арабу аҷам, арман, аврупо ва ғайраро ба худ кашида, оиди ин шаҳри ҷаннатмисол офарида шудани таълифоти рангоранг гардидааст ва дар онҳо масъалаҳои гуногуни таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ ва адабӣ мавриди баҳс қарор гирифтаанд. Илова бар ин, муаллифони осор ва дӯстдорони ин шаҳри Машриқзамин оиди ном ва сабаби номгузорӣ ба он низ мулоҳиза ва ақидаҳои худро баён кардаанд, ривоят ва ҳикоятҳои дилошӯб офаридаанд.
Баъзе аз он ҳикоят ва ривоятҳо дар «Самария» ва дигар асарҳо дарҷ шудаанд, баъзеашон бошанд, ба тарзи шифоҳӣ аз даҳон ба даҳон гузашта, омада истодааст. Оиди инҳо камина ҳанӯз соли 1964 дар анҷумани илмии эроншиносон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардида буд, маърӯза карда, соли 1965 мақолаи «Манзумаи Самару Қанд» дар ин мавзӯъ интишор гардид. Баъд дар рисолаи «Нафаси асрҳо» (1970) низ ин мавзӯъ идома ёфт. Аз ин ҷост, ки дар ин маврид аз такроран овардани онҳо худдорӣ намудан маъқул дониста шуд. Ҳарчанд чунин аст, бояд мухтасаран хотирнишон кард, ки сабаби номгузорӣ ба шаҳр ба тарзи зайл ривоят карда мешавад: гӯё Самар ном шахсе чашмае канда ва дар атрофи он зистгоҳҳое ба майдон омада, бинобар Самарқанд номида бошанд; боз: гӯё Самар ном шахсе шаҳрро ишғол намуда, канда (хароб карда) бошад, аз ин рӯ Самарқанд гуфта бошанд ва ё гӯё Самар ва Қамар ном бародарон шаҳрро бино карда бошанду аз ин рӯ Самарқанд номида шуда бошад. Дигар ривоят аз ишқи Самар ном ҷавон ва Қанд ном духтар баҳс мекунад ва пас аз марги ин ошиқони ноком ба шарафи онҳо гӯё шаҳрро Самарқанд номида бошанд ва ғайра.
Агар дар ин гуна ривоят ва ҳикоятҳо аз сабаби номгузорӣ баҳс рафта бошад, оиди маънои Самарқанд низ шарҳ ва ривоятҳо мавҷуданд. Баъзеҳо мегӯянд, ки Самарқанд – самараш, яъне мевааш гӯё монанди қанд ширин аст, аз ин ҷиҳат ин тавр (Самарқанд) номидаанд. Ин ҷо бояд хотирнишон кард, ки ҳарчанд ин шарҳ нишонрас аст, вале маънои луғавии калимаро равшан намекунад. Зеро Самарқанд бо ҳуруфи арабӣ бо ҳарфи «син» навишта мешавад ва калимаи «самар» бо «син», маънои ҳикоят, суханро дорад. Агар «самар» бо ҳарфи «се»-и исавӣ навишта шавад, маънои ҳосил, меваро ифода мекунад, аммо калимаи Самарқанд бо ҳуруфи арабӣ бо ин «се» навишта намешавад. Аз ин ҷост, ки ин калима исавӣ нест. Балки аз калимаи қадимаи авестоист. Бино бар ин маънои аслии калимаи Самарқандро аз давраҳои хеле қадим, аз замонҳои пеш аз солшумории исавӣ-милодӣ бояд ҷустуҷӯ кард.
Агар ба таърихи он давр назар кунем, маълум мегардад, ки дар сарзамини куҳани мо дини зардуштӣ шоеъ буда, оташкадаҳои муқаддас ибодатгоҳи пайравони ин оин буд. Самарқанд низ яке аз шаҳрҳои он давр буд, ки оташкадаи муқаддас дар он вуҷуд дошт ва он ҳамеша фурӯзон буд аз оташи муқаддас. Бино ба маълумоти муаррихон ин оташкада дар шаҳристони куҳан, ки ҳоло Афросиёбаш мехонанд, мавҷуд буд ва баъд аз домана густурдани дини Ислом ба ҷойи ин оташкада масҷиди бузурге сохта шуда будааст. Ин масҷид бошад, ҳангоми ҳуҷум ва истилои муғулон сӯхта, нобуд шудааст.
Ҳамин тариқ, Самарқанд дар даври пеш аз милод чун маркази оини зурдуштӣ оташкадаи бузурги муқаддасро дошт. Дар забони қадимиён оташро «смара» гуфтаанд. «Канда» бошад, ба маънои маҳал, ҷой кор фармуда шудааст. Бино бар ин, «смараканда» маънои маҳалли оташи (оташкадаи) муқаддасро дорад.
Аз ин ҷост, ки муаррихони юнонӣ як ҳарфи ӯро (ҳарфи «с»-ро) соқит карда, ба тарзи «Мараканда» навиштаанд. Вале бошандагони маҳаллӣ ин номро чун «Смараканда», баъдҳо Самарканд ва пас аз истилои араб Самарқанд талаффуз кардаанд.
Бояд гуфт, ки азбаски Самарқанд аз қадим чун шаҳри зебо ва ғанӣ машҳур буд, онро «Сайқали рӯйи Замин» хондаанд.
Таснифи Зоҳир ҲАСАНЗОДА.