ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ

Маълум аст, ки моҳи октябри соли гузашта дар маҷлиси навбатии Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар пойтахти Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, қарор дар бораи ба Самарқанд додани мақоми «Пойтахти фарҳангии ИДМ» имзо шуда буд.

Бо ҳамин муносибат рӯзи панҷшанбеи гузашта дар театри драмавию мусиқии Самарқанд  анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он ҷамоаҳои эҷодӣ аз кишварҳои Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ширкат варзиданд. 
Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, директори Бунёди ҳамкории башардӯстии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Анатолий Исканов, намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил  Швидкой, вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков дар бораи  дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ сухан гуфтанд.  
Сипас, дастаҳои ҳунарии «Харошки»( Белоруссия), «Донейн»(Туркманистон),  «Сомон» ( Тоҷикистон), «Калинка» (Русия), доиранавозони мактаби бачагонаи «Зарафшон»-и Самарқанд ва ғайра ба саҳна баромада, бо суруду оҳангҳои дилнишину гуворо табъи ҳозиронро болида сохтанд. 
Ҳунарнамоии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳ  Шодиев, Ҳунарпешаи мардумии Белоруссия Валентина Горевой, сарояндагони номдори Самарқанд Мардони Мавлон, Озода Аҳмадова ва дигарон бо кафкубӣ ва гулдастаҳои тару тоза қадршиносӣ шуданд. 
– Албатта, дар ҳама давру замон ҳамсояи нек шарофат аст, – гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода. – Мо бо амри тақдир ҳамсояҳои неку наздиктарин ҳастем. 
Ҳама шоҳидем, ки соли 2018 дар  таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои мо саҳифаи нав боз шуд, ки дар таърихномаҳо бо хати заррин сабт хоҳад ёфт. Ин  муносибатҳои неку созанда, бешак бо ном, ибтикору дурандешӣ ва ҷасорату матонати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев иртиботи ногусастанӣ доранд. Тадбири фарҳангии имрӯза бори дигар аз ин гувоҳӣ медиҳад, – хулоса кард Абдуҷаббор Раҳмонзода. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: