Деҳаи Чаканд дар ҳудуди ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах воқеъ буда, аз маркази маъмуриву мадании вилоят – шаҳри Ҷиззах сад километр дур аст.
Дар ин деҳа асосан тоҷикон ба сар мебаранд. Як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ вуҷуд дорад, ки дар он аз сад нафар бештар бачаҳо таҳсил мекунанд...
Ба ин деҳа борҳо сафар намуда, аз ҳаёти бошандагони он силсилаи лавҳаву мақолаҳо омода сохтаам. Аммо ин дафъа як бозёфти бостоншиносӣ маро мутаваҷҷеҳ сохт. Фарзанди ин диёр, ҳарбии мустафъӣ Исматулло Ғайбуллоев, ки ҳоло муқими шаҳри Тошканд аст, боре ба идораи рӯзнома рафта, бо ҷонишини сармуҳаррир вохӯрдааст ва дар ин бора сӯҳбат кардааст. Китоби ӯ «Тилисми сарнавишт» ҳарчанд мазмуни тарҷумаҳолӣ дорад, аммо дар он ҷо-ҷо аз зодгоҳи худ – Чаканду одамонаш ҳам ёд меоварад. Муаллиф, ки умре дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат карда, духтури ҳарбӣ буд, рӯзгори худро аз овони наврасӣ то ба давраи ба нафақа баромадан ба риштаи тасвир мекашад. Аз бозёфти бостоншиносӣ – кӯза ва хумҳое, ки дар атрофи деҳаи дурдаст ёфт шудаанд, маълумоти мухтасар медиҳад. Мутаассифона ин бор, вақти ба Чаканд рафтан одамони барӯманди он Султонхон Ҳасанхонов ва Ҷавлонхон Қобилхоҷаевҳоро вонахӯрдем. Онҳо барои иштирок намудан ба як чорабинӣ, ба шаҳри Янгиер рафта буданд. Танҳо омӯзгори фахрӣ Боймурод Ҷабборов ин бозёфтҳои бостоншиносиро андак тавзеҳ дода гуфт, ки болотар аз деҳа Дунгии намозгоҳ ном ҷой ҳаст. Дар хурдӣ мӯйсафедон намегузоштанд, ки мо он ҷо бозӣ кунем. Ин кӯзаҳои гилӣ аз ҳамон ҷо ёфт шуданд.
А. Гритсина дар китобаш «Бостоншиносӣ, таърих ва меъмории Устурушани асримиёнагӣ» («Археология, история и архитектура среднивековая Устурашана»), ки бо ҳаммуаллифии ду тан аз олимони тоҷикистонӣ навиштааст ва соли 2013 бо тавсияи Институти байналхалқии пажӯҳишии осиёимиёнагӣ дар Самарқанд ба табъ расидааст, аз боби давраи асримиёнагии Устурашан – шаҳри қадимаи замони салтанати шоҳ Гуштосп баҳс мекунад. Дар он низ аз ин бозёфтҳо, ба мисли кӯзаҳои гилӣ, дигар ҷавоҳирот сухан меравад. Дар наздикии деҳаи Чаканд мавзеи Қӯштеппа воқеъ аст, ки аз қабристони қадимаи он ҳамин ашёҳоро ёфтанд. Дар гузашта майитро бо ҷиҳозе дафн мекарданд ва ин урфу одати пешиниён маҳсуб меёфт.
Ба ҳамин монанд ашёҳо дар наздикии маҳаллаи Отақӯрғони ноҳияи Фориш ҳам пайдо шудааст. Назар ба гуфти омӯзгори мактаб Тиллобек Шокиров ин сангнавиштҳои сари қабр буда, дар он санаҳое сабт ёфтаанд, ки сесад сол доранд . Маълум мегардад, ки работ, дар қади роҳи корвонгузар корвонсаро низ воқеъ будааст.
Устоди Донишгоҳи давлатӣ-омӯзгории Ҷиззах, доктори улуми ҷуғрофӣ, профессор Қучқор Ҳакимов дар «Топонимҳои вилояти Ҷиззах» ном китоби худ меорад, ки дар гӯйиши мардум гоҳе Атоқӯрғон ҳам ном мебаранд. Дар гузашта бунёди қӯрғон, девори муҳофизатӣ барои мардуми кӯчманчӣ хос будааст. Қӯрғон одатан барои ҳимоя аз ҳамлаи душманон барпо карда шудааст. Ба ғайр аз ин кӯрғонро, ба маънои бошишгоҳ, ҷойи зист, ё худ қабристон кор фармудаанд.
Анорбой НАЗАРОВ, хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.