АШКИ ШАМЪИ ТАСВИР
ХОҶА
АШКИ ШАМЪИ ТАСВИР
Шеъри ман
ашки шамъи тасвир аст,
ки шабонгаҳ мечакад,
чун ашки нуролуди шамъ,
аз умқи чашми хомаам.
Шеъри ман
ашки талхи тақдир аст,
к-аз умқи чашмонам чакида
бар варақ...
Шеъри ман
шабҳо ба зери партави шамъи
шабафрӯз ашк мерезад,
барои хуфтагони олами шеъру
ҷаҳони ишқ,
Аз сари қарни «Авесто» то замони
оли Сомон.
В-аз замони оли Сомон то бад-ин
қарну замон...
Шеъри ман акнун шиори зиндагист,
Одамиро мекунад бедор аз хоби
гарон,
Раҳнамун бар кӯйи бахти хеш
месозад,
Мекунад даъват ба сӯйи манзили
Хуршеди тобон!
Дар миёни обу оташ,
ман алайҳи маргу
дарду
ғофиливу
ҷаҳолат дар набардам,
То тулӯъ ҳар субҳ созад офтоби
оламафрӯзи Адолат.
РИСОЛАТИ ШОИРӢ
Вожаҳо норозианд аз килки мо,
Ки на маъно дораду тасвир шеър.
Коғазу дафтар зи мо ранҷидааст,
Ки намудемаш сияҳ бо ҳарфҳои аз
ғалат пур.
Шоиронро вориси пайғамбарон
номидаанд,
Таъбири хуб!
Лек медонанд оё шоирон бобои худ?
Ё кароматҳои онон
Ё рисолат,
Таърихи обои худ.
Баҳри ворис гаштани ҳар шоири
давру замон
Бар ниёгон,
Бар азизу авлиёву орифон,
Бар набӣ ҳам ҷумлаи пайғамбарон
Созад ӯ бояд адо
бегумон чандин рисолат:
Халқро бояд раҳонад аз ҷаҳолат,
Аз ҳама зулму залолат.
Ҳам ба ӯ бояд нузул гардад ҳама оёти
шеър,
Чун намози панҷвақта
Хонад онро марду зан, пиру ҷавон
Рӯҳи кас ором гирад з-он каломи
осмон.
Бошад ӯ дар торикиҳо раҳбалад,
Бар касони нобалад.
Равшанибахши дили аҳли башар,
Нурбахшанда чу хуршеди саҳар.
Офарад муъҷизаҳо,
Мисли як пайғомбар.
Бо қалам шеъри таре пайдо кунад,
То чу зам-зам ташнагиро бишканад.
Ҳамчу Нуҳ то қавми худро вораҳонад
аз бало,
То насӯзад ҳамчу Озар шоир андар
гулхане,
То наафтад ҳамчу Юсуф зери чоҳ,
То нагардад ғарқи дарё мисли вай,
То набошад сабри Айюбӣ дар ӯ
То нишон надҳад ду-се муъҷиза ӯ
ҳамчун Мусо,
То нагардад мехбанд исосифат.
То нанӯшад ҳамчу Хизр оби ҳаёт,
Бар талабгорон нишон надҳад ҳама
роҳи наҷот.
То малоик ҳам набишкофанд ҷисми
шоире,
То насозанд аз наҷосат
пок ҳар узви варо.
То набошад заррае бар ӯ ҳамон нури
азал,
Лоақал то осмони аввалӣ
Шоми Меъроҷ ӯ намесозад сафар.
Ман насозам эътироф
бар ворисии шоирон.
Олим ПАНҶИЗОДА.