РАҲИ ИСПЕД БАР ТУ, ЭЙ СИЁСАТ

Хурсандибахш аст, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифт.

Хурсандибахш аст, ки баъди ба ҳайси Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифт.
Соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо – Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рӯй дод...
Эмомалӣ РАҲМОН, 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳам нозанд гӯё ҳамназарҳо,
Ба ҳам хонанд аз «ширу шакар»-ҳо.
Гумоне, боз Ҷомию Навоӣ,
Ба ҳам оянд, бикшоянд барҳо.
        ***
Ду халқ, аммо як авлоди кабирем,
Ба ҳам бошем, зӯру муқтадирем.
Чу бобоянд Ҷомию Навоӣ,
Наберему аберему чаберем.
        ***
Паём аз ид доданд, ид омад,
Дари шодӣ кушоданд, ид омад.
Ба сӯи якдигар дар марзгаҳҳо
Ба шодӣ по ниҳоданд, ид омад.
        ***
Чу сарҳад боз, ёрон, хуш даме шуд –
Равон аз чашм ашки хуррамӣ шуд.
Ду сӯ лабрез буд аз ташнадилҳо,
Равон ду самт рӯди одамӣ шуд.
        ***
Равуоҳост, асное, ки роҳ аст,
Ба дил, бар дида раҳҷӯ некхоҳ аст.
Ҳамегӯянд, бинмо раҳкушоӣ,
На раҳбандӣ, ки роҳ он бар гуноҳ аст.
        ***
Миёни мо, бародар, буд девор,
Зи дурӣ ин дилу ҷон ёфт озор.
Пас аз талхию  шӯрии ҷудоӣ,
Бародарҷон, чӣ ширин аст дидор!
        ***
Чӣ ғам, эй ёр, агар ғамхор бошад,
Бародар бо бародар ёр бошад.
Чӣ ғам, ҳарчанд дар ду давлат астем,
Чу моро давлати дидор бошад.
        ***
Чӣ хуш, боз аст сарҳадҳои ду дил,
Сарафрозист дар ҳадҳои ду дил.
Раҳи испед бар ту, эй сиёсат –
Ба ҳам созанд давлатҳои ду дил.
        ***
Як инсонем ду халқи бародар,
Дилу ҷонем ду халқи бародар.
Забони ҳамдилӣ то ҳаст бурро,
Суханронем ду халқи бародар!
        ***
Ба ҳам пирони хуштадбир ду халқ,
Ҷавонии ҷаҳони пир ду халқ.
Натанҳо ин ду устод асту шогирд,
Ба ҳам пиру мурид аз дер ду халқ.
        ***
Накӯҳамсоя чун ғамхор бошад,
Диҳад кор ӯ – туро даркор бошад.
Диҳад аз ғайб як ҳамсояи нек
Худои меҳрубон чун ёр бошад.
        ***
Ману ту аз азал наздик, эй дӯст,
Ниятҳои дили мо нек, эй дӯст.
На ду, гӯё, ки як халқем, танҳо
Туӣ ӯзбек, ман тоҷик, эй дӯст.
        ***
Гузориданд бар раҳҳои мо садд,
Туро аз ман ҷудо бинмуд сарҳад.
Агар ҳадду каноре баҳрҳорост,
Ҷудоафтодаро ғам буд беҳад.
        ***
Ҷудоӣ он даме, ки зад шабехун,
Дарун ин монду он гардид берун.
Ба дард омад дилу хун шуд ҷигарҳо,
Ҷудо гардид вақте гӯшту нохун.
        ***
Ҳамонҳое бародархонда буданд,
Парешу оҷизу вомонда буданд.
Бародарҳои ҷон аз ноилоҷӣ
Бародар аз дари худ ронда буданд...
        ***
Ду сӯ духтар-падарҳо монда буданд,
Ду сӯ модар-писарҳо монда буданд.
Ҷигарҳоро ҷудо девор месохт –
Ду сӯ хунинҷигарҳо монда буданд.
        ***
Ба дил хори ҷудоӣ нешҳо зад,
Ҷудоӣ неш бар дилрешҳо зад.
Балое буд ҳаҷру мушти худро, 
На бар бегонаҳо, бар хешҳо зад!
        ***
Ту ин ҷо, ёр дар он сӯи сарҳад –
Ду чашми чор дар он сӯи сарҳад.
Тани пурдард ин ҷо дар шиканҷаст, 
Дили бемор дар он сӯи сарҳад.
        ***
Бимонад доимо дилбаста ду халқ,
Намояд ёди ҳам пайваста ду халқ.
Гузаргоҳи дилу ҷон бод сарҳад,
Набошад ҳеҷ гаҳ дарбаста ду халқ!
        ***
Ба рӯи дӯст чун дарҳо кушода,
Ҷаҳон обод, давлатҳо зиёда.
Бапо созанд иморатҳои фардо
Зи ҳоло ду бародар даст дода.
        ***
Зи шерони дилогаҳ бурд имрӯз,
Ҷудоандози мо пажмурд имрӯз.
Зи Рустамҳост* пирӯзию майдон
Зи Рустамзодаҳои гурд имрӯз.
        ***
Сироҷиддин зи Ҷомӣ хонд ашъор,
Низомиддин** Навоӣ кард такрор.
Зи ташрифи Навоӣ шод Ҷомӣ –
Навопардоз ҳарду дар суханзор!
        ***
Зи як сарчашма ёрон об нӯшанд,
Зи ҷӯши меҳр чун дарё хурӯшанд.
Ба рӯи ҳамдигар ду хонаобод,
Як умр, эй кош, дарҳоро напӯшанд!

Муҳаммад ШОДӢ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: