Илон Макс ба сифати номзад ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ карда шуд

Соҳибкори амрикоӣ асосгузори SpaceX ва соҳиби шабакаи иҷтимоии X Илон Макс ба сифати номзад ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шуд.

Номзадии Макс ба ин ҷоиза аз ҷониби депутати парлумони Норвегия Мариус Нилсен пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ӯ Илон Макс ширкатҳои технологӣ таъсис додааст, ки дар беҳбуди зиндагии ҷомеа саҳм мегузоранд.

Ҷоизаи сулҳи Нобел моҳи октябр эълон карда мешавад, хабар медиҳад  inform.kz

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: