ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ВАСЕЪ БАРОИ СОҲИБКОРОН

Дар назари ҳар яки мо соҳибкор шахси ташкилотчӣ, созанда ва ташаббускор буда, ҳамеша ба кору бори навъ сайъ мекунад, бо фаъолияти васеъ машғул буда, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мавқеи муҳимро ишғол мекунад.

 Танҳо шахсе, ки қобилияти навоварӣ, эҷодкорӣ дорад, соҳибкор мешавад.
Солҳои охир самти соҳибкорӣ дар кишварамон ба маънои том ба зинаи нав баромад, муносибат ба намояндагони соҳибкорӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва имрӯз субъектҳои соҳибкор ба омили асосии рушди иқтисодиёти кишвар табдил ёфтаанд. 
Хусусан, бо роҳбарии Сарвари мамлакатамон рушди соҳибкории хурд ва хусусӣ  ба дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти намояндагони соҳа, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти озоду самарабахши онҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъсиси ҷойи нави корӣ хидмат мекунад.
Фармони Сарвари давлатамон аз 30 сентябри соли ҷорӣ дар бораи «Чораҳои боз ҳам васеъ намудани иқтидори содиротии субъектҳои соҳибкорӣ» заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои ҳавасмандгардонии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва дастгирии онҳост. 
Тибқи ин ҳуҷҷат, аз 1 ноябри соли 2022 агар маблағи асъори хориҷӣ дар доираи як шартномаи содиротӣ ба даст наомада бошад, аз 5 фоизи арзиши умумии маҳсулоте, ки барои содирот ситонида мешавад, зиёд набошад, қарзи дебитории муҳлаташ гузашта ба  ҳисоб намеравад ва ба субъекти соҳибкорӣ ҷарима андохта намешавад. 
Бинобар интихоби корхонаҳои содиркунанда тавассути озмуни кушод, ба содиркунандагони пешқадам табдил додани онҳо ва дастгирии ҳамаҷониба барномаи «Ӯзбекистони Нав - кишвари маҳсулоти рақобатпазир» амалӣ карда мешавад. Дар доираи барнома интихоби корхонаҳои содиркунанда дар асоси як қатор меъёрҳо сурат мегирад.
Якум, корхонаҳои содиркунанда бояд ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз рӯйхат гузашта, на камтар аз ду соли охир фаъолият дошта бошанд.
Дуюм, ҳаҷми маҳсулоти тайёр дар давоми 12 моҳи охир бояд беш аз 1 миллион доллари ИМА бошад.
Сеюм, ҳиссаи даромади содиротӣ дар даромади умумӣ бояд бештар аз 30 фоиз ва навъи маҳсулоти тайёри содиршаванда аз 2 фоиз зиёд бошад.
Чаҳорум, ҷуғрофияи содирот дар 12 моҳи охир, ба истиснои кишварҳои ҳамсоя, беш аз ду кишвар ва ҳиссаи қарзи дебитории муҳлаташ гузашта дар ҳаҷми содирот дар давоми 12 моҳи охир аз 5 фоиз камтар бошад.
Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ рӯйхати корхонаҳоро аз рӯйи ин меъёр дар портали ягонаи дастгирии содиркунандагон (www.exportali.uz) бо тартиби онлайн ба тарзи автоматӣ дар асоси рейтинг тартиб медиҳад ва дар ҳар 6 моҳ нав кардани онро таъмин мекунад.
Андози зиёдатии дар натиҷаи татбиқи меъёри андоз ва арзиши иловашуда ҳангоми иҷрои амалиёти содиротӣ ва ба он баробаркардашуда дар давоми 7 рӯз дар асоси аризаи онҳо ба таври фаврӣ пурра баргардонида мешавад. 
Аз ҳисоби Фонди дастгирии содирот ва маблағгузории амалиёти савдои вобаста ба содирот захираҳои молиявӣ аз рӯйи ҳаҷми содироти 12 моҳи охир амалигардида ҷудо карда мешавад.
Албатта, бесабаб нест, ки дар кишвари мо ба дастгирии соҳибкорӣ ин қадар таваҷҷуҳ дода мешавад. Зеро ҳама шоҳиди он ҳастем, ки дар даври озмоишу душвориҳои замони пандемияи вазнин соҳибкорони саховатманд ба халқамон мададгор шуда, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ шавқу рағбат нишон доданд, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз карданд, ҳаҷми истеҳсол ва содиротро афзун намуданд.
Аз ин рӯ, нақши соҳибкорӣ дар рушди имрӯзаи Ӯзбекистон, мавқеи устувори кишварамон дар бозори ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим аст. Инро дар мисоли он дидан мумкин аст, ки 90 фоизи корҳои бавуҷудомада, ба бахши хусусӣ рост меояд ва ҳоло дар ин соҳа беш аз 5 миллион нафар кор мекунанд. 
Боварӣ дорам, ки Фармони Сарвари давлат ба идомаи пайгиронаи ислоҳоти марбут ба рушди соҳибкорӣ, аз ҳама муҳимаш дар татбиқи вазифаҳои дар соли 2022 «муколамаи ошкоро бо соҳибкорон» бамиёнгузошташуда, инчунин минбаъд такмил додани сохтори дастгирии фаъолияти содирот низ хидмат хоҳад кард.

Ботирбек ТӮРАЗОДА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: