НФС-И ВИЛОЯТ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?

Дар ноҳияи Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё бахшида ба кӯмаки методӣ ва амалӣ расонидан ба аъзои гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба назорати вазъи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилоят ҷамъомад ба амал омад.

Дар ҷамъомад аъзои гурӯҳи корӣ, инчунин роҳбарони корхонаю ташкилотҳои марбут, нуқтаҳои газ ва бензинфурӯшӣ ширкат варзиданд.
Роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба мониторинги вазъи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, муовини сардори раёсати Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон М. Ҳаитова дар бораи корҳое, ки дар соҳаи таъмини иҷрои қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои минбаъдаи рушди инфрасохтори наздироҳӣ ва сайёҳӣ» аз 21 сентябри соли 2019 анҷом дода мешаванд, маълумоти муфассал дод.
Тибқи қарор то 1 марти соли 2020 таҷҳизонидани ҳама нуқтаҳои компрессории сӯзишвории гази моеи автомобилӣ, нуқтаҳои газпуркунии автомобилӣ  ва нуқтаҳои сӯзишворипуркунии автомобилӣ бо ҷузъҳои санитарӣ ва гигиенӣ, ки ба талабот ва қоидаҳои санитарӣ ва шаҳрӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба нақша гирифта шудааст. Ба ин муносибат, дар минтақа гурӯҳи кории минтақавӣ таъсис дода шуд ва дар ҳама гуна нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба рӯйхат гирифта шуданд. Ҳолати ҷузъҳои санитарӣ-гигиенӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба таври муфассал омӯхта шуд.
Тибқи маълумот, дар вилоят 337 нуқтаҳои сӯзишворӣ ва газпуркунӣ мавҷуданд. Дар айни замон 329-тои он фаъолият нишон медиҳанд. Дар 40 нуқта ҷузъҳои санитариву гигиенӣ вуҷуд надорад. Баъзе нуқтаҳо ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ нестанд.
Дар ҷамъомад камбудиҳое, ки дар сохтмони ҷузъҳои санитарию гигиенӣ дар ин объектҳо роҳ дода шудаанд, баррасӣ гардида, бинобар барҳам додани онҳо тавсияҳо дода шуданд. Пешниҳод шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ дар баробари бунёди нуқтаҳои санитарию гигиенӣ, ташкили нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои хӯрокворӣ сохтмони ҷузъ-ҳои санитарию гигиенӣ то 1 марти соли ҷорӣ ба анҷом расанд.
Муаррифии лоиҳаҳои воҳидҳои муосири санитарию гигиенӣ, ки дар асоси фармоиши Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди туризм таҳия шудаанд, баргузор гардид. 
Дар мулоқот ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов нутқ эрод кард. 

Х. МАМАТРАЙИМОВ, 
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: