СИРИШКИ ПИЗИШК

(ё худ чанд сухан аз ҳаёти шифокорони давр)

(ё худ чанд сухан аз ҳаёти шифокорони давр)
Вафо рафту садоқат тухми анқо гашт дар дунё,
Ҷафо монду мурувват монду бераҳмӣ таваллуд шуд.
Духтури беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи ноҳияи Сариосиё Хушдил Оқилзода дар ҳуҷраи корияш танҳо нишаста дар баҳри хаёл ғӯтида буд. Ӯро пандемияи ҷаҳони муосирро ба даҳшатоварда ноором месохт. Вай бо панҷаҳояш мӯйҳои сафеди сарашро шона зада, хаёломез ба чорсӯйи ҳуҷра чашм медӯхт. Ногоҳ телефон занг заду хаёлоти ӯро парешон кард, пизишк ба гӯшаки он даст бурд. 
– Мешунавам, – бо оромӣ гуфт ӯ.
Ӯро аз Вазорати нигаҳдории тандурустӣ мепурсиданд.
– Мо ба хулосае омадем, ки бемористони шуморо ҳарчӣ зудтар ба қабули беморони мубталои коронавирус мувофиқ созем. Шумо чӣ мегӯед?
– Хеле хуб, мо тайёр ҳастем, ки барои халқу Ватан хидмат кунем, – ҷавоб дод Оқилзода.
– Ташаккур! Худованд барори коратонро диҳад!
Дар дармонгоҳ вазъият рӯз то рӯз душвор мешуд. Сафи беморон меафзуд. Зеро ҳанӯз барои муолиҷаи ин вабо таҷрибаи кофӣ набуд...
Таҳти роҳбарии шифокор Хушдил Оқилзода кормандони дармонгоҳ дар як муддати кӯтоҳ таҷриба андӯхтанд ва дар натиҷа кор самара доду беморон паси якдигар сиҳат ёфтанд.
Дар се моҳи фаъолияти пурсамари меҳнатӣ Оқилзода боре ҳам ба хона – назди зану фарзандонаш нарафт. Бо онҳо аз тариқи телефон суҳбат мекард, ҳолу аҳвол мепурсид. Аз наздикии бемористон ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, тани танҳо истиқомат кард. 
Ба рисолати табибӣ амал намуда, дар ҳама ҳолат назди кати беморон буду ба дарди онҳо дармон мешуд. 
Лекин ӯ низ ба ин дард печид. Яъне дар ҷараёни фаъолияти корӣ беморӣ ба вай ҳам сироят карду бистарӣ шуд. Бо муолиҷаву ёрии ҳамкасбон шифо ёфта, ба по хест. Аз бемории ӯ ҳама хабар ёфтанд. Чанд фурсат баъд аз муолиҷаву муоина Оқилзода барои дидорбинӣ бори аввал ба хонааш рафт. Ҳамсару фарзандонаш аз ниҳояти хурсандӣ дар курта намегунҷиданд.
Пас аз чанд рӯзи хонанишинӣ, дилгир шуду боре баҳри ҳавогирӣ ба кӯча баромад.  Гулҳои пушти ҳавлӣ сурху сафеду гулобӣ шукуфта буданд. Онҳо дар назари Оқилзода басо рангину дилнишин менамуданд. Ӯ гулпарвариро дӯст медошт. Ин баҳор аз сабаби серкорӣ ба гулшинониву гулпарварӣ дасташ нарасид. Хушбахтона, фарзандон ин амалро давом дода, боғи падарро шукуфон карданд. Оқилзода аз накҳату таровати гулҳо болида шуд, завқ бурд. Ҳаёти одамӣ ҳам мисли гул аст ва парвариши он бошад, рисолати табибон. 
– Ҳа, оҳи сӯзоне кашид ӯ. Саломатӣ барои одам бахту давлати нодир аст. 
Хаёлоти ӯро суҳбати ду-се нафар ҳамсояҳо, ки дар сари кӯча буданд, бурид. Аз дидани эшон шод шуд. Хост наздашон рафта, каме суҳбат кунад. Бо ин мақсад аз байни гулҳо баромада, сӯйи онҳо қадам зад, вале ҳамсояҳо пароканда шуда, ба ҳавлиҳояшон даромаданд. Аз ин рафтори онҳо Оқилзода дар хиҷолат монд. Нафаре, ки аз роҳ мегузашт, баробари ӯро дидан самти ҳаракати худро тағйир дода, ба тарафи дигари кӯча гузашт. Саропои ӯро гӯё барқ зад.
– Онҳо аз ман ҳазар мекунанд, – гуфту ба ҳавлӣ баргаштанӣ шуд, вале... 
– Худо шифо диҳад духтур,– гуфтани садои ошно ӯро ба пас нигаристан водор сохт. Вай яке аз ҳаммаҳаллаҳояш Исфандиёр буд. 
– Раҳмат, – гуфт Оқилзода дар ҷавоб. 
– Шумо, духтур хуб мешуд дар хона менишастед. Охир, бемор ҳастед. Мабод, ки бемориатон ба дигарон сироят кунад, – гуфт вай бо ҳавобаландӣ. Аз ин суханон Оқилзода дубора зери бори хиҷолат монд. Ӯ аз алам худ ба худ печид. Ғазаб гулӯгираш кард. Ба ин сабукфикр хост гӯяд, ки ман дар майдони мубориза баҳри саломатии мардум ба ин дард гирифтор шудам. Онро аз пайи тиҷорату манфиати шахсӣ нагирифтаам. Баъдан, ман аз назорати табибон гузаштам, онҳо иҷозат доданд, ки ба канори оилаам баргардам. Аммо худдорӣ кард ва бо сабурӣ худро канор гирифт...
Шифокоре, ки ҳаёти худро зери хатар монда, ҳаёти садҳо нафарро наҷот дода буд, нафаре, ки ҳама рӯз назди болини беморон буду онҳо аз ҳузураш рӯҳу нерӯ мегирифтанд  ва пизишке, ки ӯро дар Вазорати нигаҳдории тандурустӣ мешиносанду ҳурмат мекунанд, афсӯс, ки дар ин лаҳзаҳо назди ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳояш ҳазарӣ буд.
Пас аз чанд рӯзи ин воқеа ӯро аз тариқи «оинаи нилгун» муаррифӣ карданд. Ба табиби ҳозиқ Хушдил Оқилзода барои хидматҳои шоёнаш медали «Соғлом турмуш» супурданд. 
Ҳамватанон диданд, ки он лаҳза дар чашмони вай донаҳои ашк ҳалқа заданд. Ин сиришк аз чӣ буд, инро танҳо шифокори асил – Хушдил Оқилзода медонаду Худо...

Илҳом ХИДИРОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 8-уми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: