Дар Тошканд форуми таълими Ӯзбекистону Бритониё баргузор мегардад

Дар Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар Тошканд форуми дуюми таълими Ӯзбекистону Бритониё баргузор мегардад.

Дар он намояндагони муассисаҳои бонуфузи таълими олии Ӯзбекистон ва ҳайати 8 ТОП донишгоҳҳои Бритониёи Кабир, инчунин намояндагони вазорату идораҳои соҳавии ҳар ду ҷониб ширкат варзиданд.

Дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба ислоҳоти ҷаҳонӣ ва миллӣ, масъалаҳои ба даст овардани таҳсилоти фаромиллӣ, сифат ва менеҷмент дар таҳсилоти олӣ баррасӣ мешаванд.

Дар рӯзи аввали чорабинӣ стратегияи таҳсилоти олӣ, таҷрибаи пешқадам ва масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар хотима меморандуми ҳусни тафоҳум байни Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон ва ташкилотҳои Бритониё оид ба таъмини сифати таълими олӣ ба имзо расид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: