Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии"-и Русия парвозҳои мунтазамро байни Русия ва Ӯзбекистон аз нав барқарор мекунад. Аввалин парвози мусофирбар 13 январи соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Ширкати ҳавопаймоӣ ба нақша гирифтааст, ки ба панҷ самт тавассути ҳавопаймоҳо, аз қабили Airbus A320 ва Airbus A321 парвоз анҷом диҳад.
Парвозҳо дар хати “Екатеринбург – Самарқанд – Екатеринбург” ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Парвозҳо дар хатсайри “Маскав – Намангон – Маскав” ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.
Парвозҳо дар масири "Маскав - Тошканд - Маскав" ҳар рӯз аз рӯзи душанбе то якшанбе анҷом дода мешаванд.
Парвозҳо дар хатсайри "Маскав - Қаршӣ - Маскав" ҳафтае се маротиба - рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.
Парвозҳо дар хатсайри “Самара – Урганҷ – Самара” ҳафтае як маротиба – рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.
Барои маълумот: «Уралские авиалинии» (Ural Airlines) ширкати ҳавопаймоӣ дар шаҳри Екатеринбург (Русия) аст. Ширкати ҳавопаймоӣ ба панҷгонаи бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Русия шомил мешавад..