ҶОНОНА БАҲОР ШУДАСТ, КАЙ МЕОӢ?

Бадеҳа аз жанрҳои шавқовари қадимтарини халқӣ буда, воситаи муҳими ифодакунандаи кайфият, рӯҳ ва ҳиссиёти инсонист.

Он аз ҷониби ду кас – марду зан, баъзан байни  ду марду ду зан дар тӯйи арӯсӣ, зодрӯз ва шабнишиниҳо иҷро карда шуда, шахси дуюм фикри шахси якумро тасдиқ ва ё рад менамояд. Бадеҳа дар ҳаёти маънавии халқ мавқеи калон дорад. Ба воситаи он аз як тараф одобу ахлоқ, ҳолатҳои гуногуни рӯҳии халқ, манзараҳои лирикӣ тасвир ёбад, аз тарафи дигар танбалону коргурезон ва муфтхӯрон ҳаҷву танқид карда мешавад. Бисёр этнограф ва фолклоршиносон ба ин намуди асари халқӣ диққату эътибор додаанд. 
Бадеҳаҳо аз ҷиҳати мавзӯъ иҷтимоиву маишӣ, ишқиву лирикӣ ва ҳаҷвиву танқидӣ мебошанд. Мавзӯи қисми зиёди бадеҳаҳо изҳори ишқи поку самимии дилбохтагон, рози дилҳои пуртуғён, ҳазлу шӯхиҳои ширину намакин, васфи вафодорию покдоманӣ аст. 
Дар байни халқ бадеҳаҳое паҳн гардидаанд, ки ҳудуди интишорашон нисбатан  васеъ мебошад. Бадеҳаҳои «Сокина», «Ширинҷон», «Гулпарӣ» дар деҳаҳои тоҷикнишини қаторкӯҳҳои Нурато, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, «Лабшакарӣ», «Биё равем ба гулзор», «Гулбутта», «Дарди дилакам бобо» ва монанди ин дар ноҳияҳои Тоҷикистон дар байни халқ машҳуранд. Фолклоршиносон Б. Шермуҳаммадов дар «Таронаҳои Самарқанд», Фарруха Зеҳнӣ дар «Бадеҳаҳои халқи тоҷик» аз ин хусус маълумоти  бисёре додаанд.
Дар бадеҳаи «Дарди дилакам бобо» бобо ба наберааш, ки худро бемор вонамуда, баҳудаю беҳуда дилтанг мешавад, ғамхорӣ зоҳир мекунад, духтар ба бобо дарди дилашро баён месозад:
Бобо: Магазин равам духтар, куртаят харам, духтар?
Шояд, ки шавӣ беҳтар, дардакат шавад дармон.
Духтар: Не, не, дилакам бобо, дарди дилакам бобо,
Ин дарде, ки ман дорам, ранҷур мекунад дилро.
Бобо:   Тӯят бикунам духтар, шӯят бидиҳам, духтар?
Духтар: Не, не, дилакам бобо, дарди дилакам бобо,
Ин дарде, ки ман дорам, ранҷур мекунад дилро.
Бобо: Хондан меравӣ духтар, таҳсил мегирӣ духтар?
Духтар:  Ҳа, ҳа, дилакам бобо, дарди дилакам бобо,
Ин дарде, ки ман дорам, ҳамаш ҳамин аст, бобо.
Дар бадеҳаи «Гулпарӣ» аз тариқи саволу ҷавоби муҳаббати ду дилбохта ифода ёфтааст:
Писар: Гулпарӣ, райҳонпарӣ, имшаб лаби бомат кӣ буд?
Духтар: Ҷон акаҷон, касе набуд, атторбачек омада буд,
Атторбачек омада буд, ӯсмаи тар оварда буд.
Писар:  Гулпарӣ, райҳонпарӣ, дишаб ба долонат кӣ буд?
Духтар:  Ҷон акаҷон, касе набуд, заргарбачек омада буд,
Заргарбачек омада буд, гӯшвори зар оварда буд...
Воқеан бадеҳа танҳо дар эҷодиёти лафзии мардум не, балки дар ашъори шоирони классик низ мавқеъ дорад. Шоирон аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то имрӯз бадеҳа гуфтаанд, ки бо феълҳои «гуфтам» (мард) ва «гуфт» (зан) оғоз гардидаанд ва бештарини онҳо ишқианд. 
Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ғазале дорад, ки ҳар байти он бо «Гуфтам ба чашм» анҷом меёбад ва дар он жанри бадеҳа ба дараҷаи воло истифода шудааст:
Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пӯшон назар». Гуфтам: «Ба чашм!»
«В-он гаҳе дуздида бар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк, 
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Ба қарибӣ дар тӯйи арӯсии яке аз ҳамдеҳагонам– деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато иштирок кардам. Чун анъана арӯсшаванда пеш аз шаби никоҳ дар хонаи падар барои дугонаҳои худ дастурхон меорояд ва домодшавандаю ҷӯраҳои ӯро низ даъват мекунад.
Дар поёни базм ҷавонон ба бадеҳагӯии «Базми гул» сар карданд. Аз ҷӯраҳои домод ҷавоне гулдастаро гирифта, ба шеърхонӣ оғоз намуд:
Писар: Тӯтӣ ба гулистони ту 
пар мерезад, 
Аз лаъли лабони ту шакар
 мерезад.
Ту худ шакарӣ, лаъли лабонат 
шакар аст, 
Аз хандаи ту қанду асал
 мерезад.
Баъди қироати шеър гулдастаро ба яке аз дугонаҳои арӯс дод. Духтарак гулдастаро гирифта, ҷавобан гуфт:
Духтар:  Ҷонона, баҳор шудаст, 
кай меоӣ? 
Вақти гули хор шудаст, 
кай меоӣ? 
Ту ваъда ба барфҳои зимистон 
додӣ, 
Барфҳо ҳама об шудаст, 
кай меоӣ?
Ҳамин тавр гулдаста аз даст ба даст гузашта, дар охир яке аз ҷонибҳо ғолиб омад.
Бадеҳагӯии ҷавонон нишони бардавом будани ин рукни эҷодиёти шифоҳии халқ ва абадияти анъанаҳои миллӣ буд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: