ЧОРВОДОРӢ: ДАР АСОСИ ТАҶРИБАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ПЕШҚАДАМ

Дар давоми шаш соли охир дар мамлакатамон таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба рушди ҳама самтҳои сохтори аграрӣ натиҷаҳои мусбат бахшида, дар корхонаҳои кишоварзӣ технологияи навтарин ҷорӣ намуда, техникаи замонавӣ истифода бурда мешаванд.

Сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, ки барои муддати дароз пешбинӣ шудаанд ва мутахассисони салоҳиятдорро ҷалб намудаанд, бозори босифатро дар чорводорӣ, паррандапарварӣ, ғаллакорӣ, пахта ва меваю сабзавот таъмин менамояд. Бешубҳа дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ширкати ҶММ «Jizzax Organik», ки бо парвариши  зотҳои гӯштии чорво ва паррандапарварӣ дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах ва ноҳияи Пскенти вилояти Тошканд машғул аст, яке аз пешқадамони соҳа гардид. 
Ба наздикӣ як гурӯҳ журналистон ба яке аз калонтарин корхонаи чорводорию паррандапарварии кишварамон рафтанд. 
Бояд қайд кард, ки корҳои хоҷагии қишлоқ дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ барпо шудааст. Чорводорӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва тезпардохти сохтори аграрӣ мебошад. 
– Мо зина ба зина кластери баландтехнологиро барпо карда истодаем, ки мувофиқи як даври пурраи тамомшуда кор мекунад, – гуфт узви шӯрои нозирони ширкати  «Jizzax Organic» Сергей Шуров. – То имрӯз ҳаҷми умумии сармоягузорӣ аз 120 миллион доллар гузаштааст, дар маҷмӯъ сармоягзорӣ дар самтҳои асосии кори корхона 200 миллион долларро ташкил медиҳад. Фаъолияти асосии мо парвариши говҳои зоти гӯштӣ мебошад. Ҳоло нӯҳ ҳазор сар чорвои калони шохдори зоти «Ангус» ва «Герефорд» ва қариб се ҳазор сар гӯсфанд дорем. Мутахассисони мо аллакай муяссар гардиданд, ки 10  ҳазору 700 гектар заминро ба муомилоти хоҷагии қишлоқ баргардонанд. Бо мақсади бо хӯроки мутаносиби пур аз макро ва микроэлементҳо таъмин намудани чорво ба майдонҳо гандум, ҷав, ҷуворимакка, юнучқа, алафҳои чарогоҳӣ кошта шуд, ки онҳо бо офтобпараст ва дигар зироати хоҷагии қишлоқ иваз карда, ҳосилхезии заминро зиёд мекунанд. Барои беҳтар намудани хусусияти ғизоии хӯроки чорво ва арзиши он донаи гандумро дар зери фишор ва ҳарорати баланд майда мекунанд. Ба фикри олимон, ин ҳазмшавии хӯрокро аз 40 то 90 фоиз зиёд мекунад. 
Комплекси чорводорӣ, ки аз ҷумла бо зироаткорӣ ва селексионӣ машғул аст, таҳкурсии мустаҳками оянда мебошад. Ҳайвонҳоро ба тоифаҳои синну сол ҷудо карда, аз рӯйи стандартҳои тасдиқшуда хӯрок дода мешавад, зиёда аз 50 дастури хӯрокдиҳии чорво тасдиқ шудааст. Соле то 1000 тонна гӯшти мармари аз ҷиҳати экологӣ тоза, болаззат ва солим ба шабакаҳои савдо ва нуқтаҳои таомхӯрии умумии кишвар фиристода мешавад. Ният доранд, ки дар соли 2023 ин рақамро ба 1400 тонна расонанд. 
Ширкат ба наздикӣ маҳсулоти худро истеҳсол мекунад. Маҷмаа молхона, анбори хӯроки чорво, шӯъбаи истеҳсоли ширро дарбар мегирад. Онҳо дар ин ҷо мехоҳанд истеҳсоли шири тезҳазмшаванда, маҳсулоти ширӣ ва панирро аз рӯйи тамоюли «аз саҳро – то раф» ба роҳ монанд. Дар ширкат ба парвариши гӯсфандони зоти «Дорпер» аз Австралия бомуваффақият машғул мешаванд. Хусусияти онҳо дар он аст, ки дар ғизо ноустуворанд, ба гармӣ тобоварандаанд ва дар як рӯз 700 грамм вазн мегиранд.
Аз ҳамаи ин пешравиҳо ва технологияе, ки самарабахшии худро исбот кардааст, дар вилояти Тошканд бомуваффақият истифода бурдан лозим аст. Ҳудудҳои васеъ дар ноҳияҳои Оҳангарон, Бӯка, Бекобод, Бӯстонлиқ барои рушди чорводорӣ мувофиқанд. Кластерҳо имрӯзу фардои хоҷагии қишлоқ аст. Шароити иқлими мо имкон медиҳад, ки на танҳо талаботи аҳолиро бо маҳсулоти озуқаворӣ қонеъ гардонем, балки неъматҳои табиатро ба мамлакатҳои дуру наздик содир кунем.
Нуқтаи навбатии сафар аз боздиди маҷмааи «Saxovat Broyler», сехҳои ҷудокунӣ ва бастубанд, инчунин истеҳсоли маҳсулоти гӯшту ҳасиби «Jizzax Organic»-и ноҳияи Пскент мебошад. 
Дар ин ҷо дар асоси комёбиҳои навтарини илм маҷмааи серҷабҳа сохта шудааст, ки имконияти назорати тамоми занҷири истеҳсоли маҳсулоти парранда ва гӯштро медиҳад. 
– Ҳар моҳ ба шабакаҳои савдо 1000 тонна гӯшти мурғ расонда медиҳем, мо барои маҳсулот сертификати мутобиқат ва стандарти «ҳалол» дорем, – мегӯяд директори ҶММ «Saxovat Broyler» Артур Дапкунас. – Аз гӯште, ки ба ширкати мо аз вилояти Ҷиззах меояд, фарш (гӯшти майдакарда), снек, зиёда аз 40 хел маҳсулоти колбаса тайёр мекунем, гӯштро дар зарфҳои махсуси вакуумӣ мебандем, ки барои пухтани снек ва дигар таомҳо хеле хуб аст. 550 нафар мутахассисони дараҷаҳои гуногуни соҳибмаълумот ва омодаи касбӣ бо кор таъмин карда шуданд. Мо дар баробари васеъ намудани ҷуғрофияи таъминоти маҳсулоти тайёр ба кишварҳои ҳамсоя, амнияти озуқавории давлатро таъмин мекунем.
Чунин корхонаҳои технологӣ имконияти инкишоф ёфтани бренди «Сохти Ӯзбекистон»-ро дода, иқтидори содиротии ҷумҳуриро зиёд мекунад.

Сергей МУТИН.
Суратгир: Рашид ГАЛЕЕВ.             

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: