ҶАВОНОН – ТАКЯГОҲИ ПЕШРАФТИ КИШВАР

Дар мамлакати мо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, ба онҳо фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои зарурӣ пойгоҳи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, низоми мазкур мувофиқи талаби замон такомил меёбад.

Дар мамлакати мо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, ба онҳо фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои зарурӣ пойгоҳи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, низоми мазкур мувофиқи талаби замон такомил меёбад. Чунончи, то имрӯз аз ҷониби парлумони кишвар вобаста ба ҷавонон беш аз 40 ҳуҷҷатҳои қонунӣ қабул гардидаанд ва зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои байналхалқии ҳуқуқӣ ратификатсия шудаанд.
Ногуфта намонад, ки аввалин ҳуҷҷати қонуние, ки баъд аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардидани Шавкат Мирзиёев қабул шуд, ин Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сиёсати давлат оид ба ҷавонон» буд. Роҳбари давлат бо назардошти он, ки алҳол Ӯзбекистон дар таърихи инсоният дорои табақаи зиёди ҷавонон ба шумор меравад, аз минбари Созмони  Милали Муттаҳид қабул кардани Баённомаи СММ-ро дар бораи ҳуқуқҳои ҷавонон пешниҳод кард, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ гардид.
Масъалаи вобаста ба ҷавонон дар Стратегияи амалиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайи солҳои 2017-2021 аз ҷумлаи панҷ самти устувор мақом пайдо кард. Дар ҳуҷҷати мазкур бинобар ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон вазифаҳои устувори зерин муайян шудаанд:
– тарбия кардани ҷавонони ҷисмонан солим, рӯҳан ва маънаван пешрафта, мустақилфикр, ба Ватан содиқ, дорои нуқтаи назари қатъии ҳаётӣ, афзудани фаъолнокии иҷтимоии онҳо дар ҷараёни амиқсозии ислоҳоти демократӣ ва инкишоф додани ҷамъияти шаҳрвандӣ;
– ба кор ҷойгир кардани хатмкардагони муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбӣ ва олӣ, ҳамчунин онҳоро ба соҳаи тадбиркории хусусӣ ҷалб намудан;
– дастгирӣ кардани салоҳияти эҷодӣ ва зеҳнии насли наврас ва ба ҳаёт татбиқ сохтани он, ташаккул додани тарзи солими ҳаёт дар байни наврасон ва ҷавонон, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш васеъ ҷалб намудани онҳо.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 июни соли 2018 «Дар бораи Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» барои беш аз пеш самарабахш кардани чораву тадбирҳои доир ба масъалаи ҷавонон ҳуҷҷати муҳим гардид. Бинобар ҳуҷҷати мазкур Бунёди «Ҷавонон – ояндаи мо» таъсис дода шуд, ки он барои ба амал татбиқ сохтани ташаббусҳои тиҷоратӣ, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳои ҷавонон аз тариқи бонкҳои тиҷоратӣ ҷудо кардани вомҳои имтиёзнок ба миқдори 7 фоиз ва ба лизинг додани амволро муайян мекунад.
Бо ин мақсад дар кишвар Вазорати таълими томактабӣ ташкил гардид, низоми таълими мактабӣ куллан ислоҳ ва таълими миёнаи умумии 11-сола аз нав ҷорӣ шуд. Дар вилоятҳо муассисаҳои нави таълими олӣ, марказҳои илмиву эҷодӣ таъсис ёфтанд. Квотаҳои қабул ба мактабҳои таълими олӣ хеле бештар ва шаклҳои таълими олии ғоибонаву шабона аз дигар ба роҳ монда шуданд. Дар мамлакат бахши донишгоҳҳои бонуфузи зиёда аз 15 давлати мутараққӣ боз гардиданд ва ба фаъолият оғоз карданд. 
Дар ин бобат 5 ташаббуси муҳиме, ки аз ҷониби Шавкат Мирзиёев барои баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, пурмазмун гузаронидани вақти холии онҳо пешниҳод гардид, баҳри ба маданият, санъат, варзиш васеъ ҷалб кардани онҳо, ташаккул додани донишҳои истифодаи дуруст аз технологияҳои замонавии иттилоотӣ, баланд бардоштани маданияти китобхонӣ, вазифаҳои таъмин сохтани занону духтарон бо шуғл боз як қадами муҳим шуд.
29 декабри соли 2020 роҳбари давлат дар Муроҷиатномаи худ, ки ба Олий Маҷлис пешниҳод гардид, соли 2021-ро дар Ӯзбекистон «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ» эълон кард. Бо ин мақсад таҳти ғояи «Ӯзбекистони нав – аз остонаи мактаб, аз низоми таълиму тарбия ибтидо мегирад» ба татбиқ намудани ислоҳоти васеъ асос гузошта шуд. Дар ин бобат инҳо вазифаҳои устувор муайян гардиданд:
– ба роҳ мондани таълиму тарбияи босифат ба насли наврас дар кӯдакистон, мактаб ва мактабҳои олӣ, баҳри аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, инсонҳои ватанпарвар ба воя расидани онҳо сафарбар кардани тамоми нирӯ ва имкониятҳо;
– ҷавононро дар пояи дониш ва таҷрибаҳои замонавӣ, суннатҳои милливу умумибашарӣ мустақилфикру дурандеш, ба сифати инсонҳои дорои фазилатҳои нек ба воя расонидан;
– ба писарону духтарон касбу ҳунарҳои замонавиеро, ки талаб ба онҳо дар бозори меҳнат баланд мебошад, омӯзондан, ба онҳо таҷрибаҳои соҳибкорӣ ва фазилатҳои меҳнатпарвариро ташаккул додан, ҳамчунин эътибори муҳим додан баҳри ба амал татбиқ гардидани ташаббусҳояшон, таъмин сохтан бо кору манзил.
Ҳамчунин дар Муроҷиатнома фароҳам овардани шароити зарурӣ барои минбаъд фаро гирифтани ҳар як кӯдаки томактабӣ, бо самти мазкури таълим пурра ҷалб кардану шароити зарурӣ фароҳам овардан барои онҳо, таълими мактабиро куллан такмил додан ва сифати онро беҳтар кардан, идома додани ислоҳоти вобаста ба фароҳам овардани шароити муносиб барои муаллимон, ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд кардани миқдори грантҳои давлатӣ барои мактабҳои таълими олӣ, таъмин сохтани ҷавонон бо шуғл ва дастгирӣ кардани соҳибкорон ҳамчун масъалаҳои муҳим мушаххас шуданд.
Моҳи августи соли 2020 дар назди палатаҳои Олий Маҷлис Парлумони ҷавонон таъсис ёфт. Шубҳае нест, ки парлумони ҷавонон сиёсати давлатро оид ба насли наврас кор карда мебарояд,  баҳри ба амал татбиқ гардидани он механизми самарабахш ва иштироки бевоситаи ҷавононро таъмин менамояд.
Парлумони ҷавонон воситаи иртиботи бевосита бо роҳбарияти мамлакат ва минтақаҳо ба шумор меравад. Мақсади он дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими ҳаётӣ аз сарҷамъ сохтани ҷавонон, таъмин кардани ҳамкории созмонҳои ҷавонон бо ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия иборат аст. Парлумони ҷавонон аз шаклҳои ҷалб намудани ҷавонон барои иштирок кардан дар корҳои давлат ва минтақаҳои он ба шумор меравад. Парлумони ҷавонон аслан шакли нави зиёд кардани мавқеи маданияти интихобкунандагони ҷавон ва ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо маҳсуб меёбад.
12-13 августи соли 2020 ба муносибати Рӯзи байналхалқии ҷавонон дар мавзӯи «Ҷавонони соли 2020: ягонагии миқёси ҷаҳонӣ, тараққиёти пойдор ва ҳуқуқҳои инсон» дар шаҳри Самарқанд бинобар ҳуқуқи инсон анҷуман баргузор шуд. Медонем, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 19 сентябри соли 2017-ум дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи ҷавононро ба миён гузошта, ташаббуси бунёди Баённома дар бораи ҳуқуқи ҷавонон ва қабул кардани онро пешниҳод карда буд. Сабаби асосии ин ташаббус барои тамоми табақаҳои инсоният мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳифзи ҳуқуқ, вале вобаста ба ҷавонон набудани чунин ҳуҷҷати ҳуқуқи байналхалқӣ гардид. Вобаста ба ин лоиҳа дар бораи ҳуқуқи ҷавонони Ӯзбекистон коркард гардид. Дар ин ҷараён таҷрибаи ҷаҳонӣ бинобар масъалаҳои ҷавонон ҳамаҷониба омӯхта шуд. Ҳангоми кор карда баромадани лоиҳаи баённома кору фаъолияти СММ ва сохторҳои байналмилалии ба он вобастаи беш аз 30 ташкилотҳои универсаливу минтақавӣ (Иттифоқи Африка, Созмони давлатҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра) омӯхта, дар доираи он зиёда аз 20 ҳуҷҷати байналхалқӣ мавриди эътибор қарор гирифт. Анҷумани Самарқанд ба муҳокимаи васеи лоиҳаи мазкур бахшида шуд.
Ҳоли ҳозир дар тамоми ҳудуди кишварамон ҷашнвораи ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони нав, муттаҳид шавем!» баргузор мегарданд. Ҷашнвораи мазкур 30 июн – дар арафаи Рӯзи ҷавонон дар доираи 5 ташаббуси муҳими Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил гардид. Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар тамоми созмонҳои давлативу ғайридавлатии кишварамон тадбирҳои вобаста ба фаъолнокӣ даъват кардани ҷавонон, намоиш додани дониш ва имкониятҳои онҳо баргузор мегарданд.
Чорабиниҳои маърифатие, ки дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон дар пояи асарҳои эҷодкорони ҷавон мегузаранд, аз ин ҷумла мебошанд.
Шиддат ва шуҷоати ҷавонон дар пешрафти мамлакат нирӯи беназир маҳсуб меёбад. Бешубҳа, дар қалби насли наврас тарбия кардани эҳсоси ватанпарварӣ, афзун сохтани эътимоди ӯ ба оянда, кӯмакрасонӣ барои дар ҷамъият мавқеи худро пайдо кардан ва соҳиби овози худ шудани ӯ аз ҷумлаи анъана ва суннатҳои азалии миллии мост.
Роҳбари давлати мо бо назардошти шароите, ки имрӯз дар миқёси ҷаҳонӣ ба миён омадааст: «Ба овози ҷавонон эътибор додан хеле муҳим мебошад», мегӯяд. Барои таъмин сохтани эҳтиёҷоти ҷавонон, ҳифз кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо иштироки бевоситаи онҳоро бинобар кор карда баромадан ва ба амал татбиқ намудани чорабиниҳо таъмин кардан аҳамияти муҳим касб менамояд.
Зеро дар замири суханони Президент Шавкат Мирзиёев: «Мо сиёсати давлатии доир ба ҷавононро мунтазам ва бо қатъият идома медиҳем. Нафақат идома медиҳем, балки сиёсати мазкурро  ҳамчун вазифаи муҳимтарини худ ба дараҷае, ки имрӯз замон тақозо дорад, баланд мебардорем», нирӯи асосии истиқболи ояндаи давлати Ӯзбекистон, ки пойдевори Эҳёи Сеюмро мегузорад, муҷассам мебошад.

Ойдин АБДУЛЛОЕВА,
депутати Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис, узви фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: