ДАР ҒИҶДУВОН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАВҒАН БА КОР ДАРОМАД

Дар ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро корхонаи «Graf yog-moy ekstraksiya» оид ба истеҳсоли равғани пахта ба кор пардохт.

Корхонаи иқтидори коркардаш 50 тонна тухми техникии пахта ҳар рӯз ба бозори ватанӣ таҳти тамғаи савдои GRAF маҳсулот расонда медиҳад.
– Дар доираи қонунгузории дарамал бояд мувофиқи тартиби муқарраршуда як қатор ҳуҷҷатҳои дорои ҷиҳати рухсатӣ: санитарию гигиение, ки ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст иҷоза медиҳанд, хулосаҳои ветеринарӣ барои шрот ва шелухаи пахта, ҳамчунин сертификати мувофиқат барои истеҳсоли равғани пахта дар бахши бухороии ГУ UzTest омода карда шаванд, – мегӯяд роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Graf yog-moy ekstraksiya» Элёр Асадов. – Корхонаи мо тамоми рухсатномаҳои зикршуда ва хулосаҳои лабораториро бо назардошти талаботе, ки ба бехатарии маҳсулоти тайёри корхонаи равған пешниҳод мешаванд, дастрас кард. Чунончи, меъёри бехатарии хӯроквории «O’zDSt ISO 22000- 2019», ки риояи талабот бинобар истеҳсол, банду баст, тамғабандӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, баргардондан ва коркард, истихроҷ барои фурӯш, идентификатсия, баҳои мувофиқат, интихоби намунаҳо ва баргузор кардани санҷиши маҳсулоти равған мувофиқи регламенти умумии техникии «Дар бораи бехатарии маҳсулоти равған»-ро пешбинӣ менамояд, сертификати мувофиқа гирифта шуд. Ба мақсади таъмини муттасили корхона бо маҳсулоти зарурӣ барои истеҳсолот аз корхонаҳои кластерӣ ва хоҷагиҳои фермерии ноҳия бобати расонда додани онҳо муоҳида баста мешавад. Ба шарофати кӯмаки амалии мутахассисони идораи Инспексияи оид ба назорат ба маҷмӯи агросаноатии вилояти Бухоро алҳол мо имкон дорем тухмии техникии пахтаро, ки аз ҷониби кластерҳои пахтаву бофандагӣ истеҳсол шудаанд, харид кунем.
Дар корхонаи равғани пахта силсилаи пурраи коркард: майдакунии тухмии пахта, коркарди гидротермикӣ, пресскунӣ, экстраксия, рафинатсия, дезодоратсия ва борбанд гузаронда мешавад. Баъд аз бо иқтидори пурра ба кор даромадани корхона нафақат равғани рустанӣ, балки равғани офтобпараст, соя, сафлор, ки маҳсулоти равғани содиротиро иваз мекунанд, истеҳсол мешаванд. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Graf yog-moy ekstraksiya» метавонад 15000 тонна тухмии пахтаро коркард кунад ва соле 2520 тонна равғани пахта, 6720 тонна шротаи озуқавории пахта барои маҷмӯъҳои чорвопарварӣ, 4730 тонна шелуха истеҳсол намояд.
Барои бунёди корхона 1 миллиону 200 ҳазор доллар, боз 642000 доллар барои хариди таҷҳизот ва технологияҳои зарурӣ равона гардид. Барои сохтмони сех 558000 доллар харҷ шуд. Воми сармоявии бахши бухороии «ТРАСТБАНК», ки дастгирии молии ташаббуси мазкурро амалӣ менамояд, 420000 долларро ташкил медиҳад.
Ҳоли ҳозир бобати ба имзо расондани муоҳидаҳои меҳнатӣ бо ҷавонони муқими маҳаллаи Кӯшк ва ҳудудҳои назди он, ки мехоҳанд дар корхонаи мазкур кор кунанд, кор бурда мешавад. Дар давраи ибтидоӣ танҳо дар сехе, ки дар маҳалла ҷойгир шудааст, 40 нафар бо кор таъмин карда хоҳанд шуд.

Зариф КОМИЛОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: