Афғонистон маҳдудиятҳои ҳамлу нақли роҳи оҳанро барои ширкатҳои Ӯзбекистон бекор кард

Маҳдудиятҳое, ки барои боркашонандагони миллии Ӯзбекистон ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути Афғонистон муқаррар шудааст, бекор карда шуд.

Дар пайи мулоқоти вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов бо намояндагони ҳайат таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири нақлиёт ва авиатсияи шаҳрвандии Афғонистон Ҳамидулло Охунзода тавофуқоти муҳим ҳосил шуданд.

Аз ҷумла, маҳдудият барои боркашонандагони миллии Ӯзбекистон дар транзит ва ҳамлу нақл ба манотиқи дигари Афғонистон бекор карда шуд.

Инчунин, оиди аз соли 2024 сар карда муқаррар намудани боҷ ва пардохтҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёти автомобилӣ дар асоси афзалият мақсадҳои аниқ муайян шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: