оё соҳибкорӣ чунин ҳам мешавад?
оё соҳибкорӣ чунин ҳам мешавад?
Чанд сол пеш аз ин, дар бегоҳирӯзии яке аз рӯзҳои зимистон ҷавони 23-25 сола ба наздам омада илтимос кард, ки барои як шаб ба ӯ иҷорахонае пайдо кунам.
Машаққати мусофириро хуб медонам. Аз рӯйи касбу кор мусофириро бисёр дидаам, чунин ҳолатҳое низ шуд, ки дар истгоҳҳои роҳи оҳан хоб кардаам.
– Пагоҳ чорае месозем, имрӯз меҳмонамон шавед, – ба хона таклиф кардам ҷавонро.
Мусофир Қобил ном дошта, андиҷонӣ будааст. Ӯ аз мӯзадӯз буданаш, ба шаҳр ба ҷустуҷӯи кор омада, кӯҳнадӯзӣ карда, рӯз гузарониданаш нақл кард.
– Қобилҷон, оила дорӣ? – пурсидам аз ӯ.
– Худоро шукр, падару модар, бародару хоҳар дорам. Нахостам, ки ба онҳо бори гарон шавам, барои ҳамин ба Тошканд омадам.
Аз суханони ӯ маълум гашт, ки як ҷавони соддадил аст. Машруб наменӯшидаасту сигор намекашидааст. Бо Қобилҷон бародару додар шудем. Аз маҳаллаи Ҳастимом хонаи иҷора низ пайдо шуд. Ба гуфти ӯ, соҳибхона одами баимону меҳрубон будааст.
Ҳоло ҷавонон хоҳанд илм меомӯзанду хоҳанд соҳибкор мешаванд.
Соҳибкорон дар ҳудуди истиқомат аз рӯйихат гузашта, дар гӯшаи дилхоҳи кишвар фаъолият бурда, ба ҷамъият фоида оварда метавонанд. Маҳсули кори соҳибкорону ҳунармандони бозори деҳқони «Чорсӯ»-и пойтахтро дида, чашмони кас завқ мебарад. Аз ҷомаҳои шоҳона то самоварҳои антиқа, аз лӯхтакҳои миллии сафолин то лаълиҳое, ки обидаҳои таърихӣ аккосӣ шудааст, аз дутор то сурнай, ки аз растаҳои он ҷой гирифтааст, пешкаши харидоронанд. Кас мехоҳад ба давомдиҳандагони касбҳои бобоӣ офарин хонад. Онҳо бо меҳнати ҳалоли худ сазовори таҳсин гардидаанд.
Бо гузашти вақт Қобилҷон низ дар ин бозор устои кори худ шуд. Пойафзоре, ки ба дасти ӯ меафтид, баъди таъмир ранги нав мегирифт. Торафт мизоҷони ӯ зиёд шуданд. Аммо дар давоми 3-4 соли охир Қобилҷон нӯшидан ва сигор кашидан барин одатҳои манфӣ пайдо кард. Мисли пештара барои маслиҳат ба хона ҳам намеомад.
Боре бо ӯ дар устохонааш вохӯрдам. Муомилаи ӯ бо мизоҷон маро хиҷолат кард. Рафтор ва худдории ӯ низ тағйир ёфта, ба балои нафс дучор шуда буд. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар як соат ду ҷуфт пойафзор ва як борхалтаро таъмир карда, аз соҳибонаш як саду ҳафтод ҳазор сӯм хост.
– Ёфту тофтат бад нест, арзонтар кунӣ намешавад, – изҳори норизоӣ кардам аз ӯ.
– Дар Тошканд умргузаронӣ осон нест. Рӯзгор – ғор, гуфтаанд,– мағрур заҳрханда карда гуфт ӯ.
Дар бозгашт то хона дар бораи Қобилҷон фикр кардам. Наход, ин ҳамон ҷавоне бошад, ки бо мулоимтабиатию соддадилиаш аз дилам ҷой гирифта буд. Наход, ки пул сифатҳои инсониро ин қадар зуд дигар кунад? Пул чирки даст гуфтаанд, гузаштагони мо.
Ба наздикӣ барои таъмири пойафзор боз ба дӯкони ӯ рафтам. Як лаҳзаи таъмири пойафзор – аз ман даҳ ҳазор сӯм хост...
– Бародар, ба шумо равғани сиёҳу ҷигарранги махсуси хориҷӣ барои пойафзор лозим нест? – пурсид ӯ аз ман.
– Лозим, чӣ қадар?
– Барои шумо ҳар якаш ҳаштҳазорсӯмӣ, – гуфт ӯ.
Рӯзи дигар ба равғанхарӣ рафтам. Қобилҷон камтар кебида, ҳозир меоям гӯён рафту баъди се-чаҳор дақиқа равғанро овард. Ман ба ӯ 16 ҳазор сӯм шуморида додам.
Баъди ду рӯз барои майда-чуйдаи рӯзгор боз ба бозор рафтам. Дар дӯконе чашмам ба он равғане, ки аз Қобилҷон гирифта будам, афтид. Нархаш каме бештар аз ними нархи Қобилҷон. Боз ба назди Қобилҷон рафтам.
– Бегонагариатро карди-да, додар! Гап дар сари пул нест. Инсоф – сари барака, гуфтаанд, – гуфтам бо заҳрханда.
Ӯ аз хиҷолат лом-мим намегуфт .
Даврон АҲМАД,
журналист.