МУЛОҚОТИ ЗАНОНИ ПЕШҚАДАМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ОСТОНА

Дар шаҳри Остона мулоқоти занҳои пешқадами Осиёи Марказӣ зери мавзӯи «Нақши занон дар рушди инноватсия ва технология» бо кумаки СММ ва Комиссияи миллии оид ба корҳои занон, оила ва сиёсати демографии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар майдони мазкури минтақавӣ, ки ба маҳалли маслиҳату табодули афкор ва ҳамкории амалии занони пешқадами Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон нигаронида шудааст, соли 2023 ҷониби Қазоқистон раисӣ менамояд.
Дар он Раиси Сенати Ӯзбекистон, Раиси парлумони Қазоқистон, депутатҳо аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагон аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ, корпусҳои дипломатӣ иштирок намуданд.
Рақамигардонӣ барои ба муносибати иҷтимоиву иқтисодӣ васеъ ҷалб намудани занон чун воситаи босамар ҳангоми раисӣ намудани Қазоқистон ба мулоқоти занони Осиёи Марказӣ чун самти устувор арзёбӣ мегардад.
– Ба туфайли ба вуҷуд омадани «Мулоқоти занони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» соли 2020 корҳои доманфарох дар бобати таъмини ҳуқуқи занон, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, пурзӯр намудани нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъият ва давлат муттасил ба амал татбиқ мегардад, – гуфт дар суханронии худ Раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева. – Майдони мулоқот дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи назарраси худро соҳиб гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон муносиб дастгирӣ гардид. Дар даврае, ки ин майдони нодир фаъолият менамояд, ҳуҷҷатҳои муҳим қабул гардиданд ва чорабиниҳои калон баргузор шуданд. Ин дар навбати худ дар миқёси минтақа бобати ба амал ҷорӣ намудани чорабиниҳои самаранок нақши муҳим дошт. Мо инро чун таваҷҷуҳи зиёди давлатҳои минтақа мешуморем, ки барои боз ҳам ривоҷ додани Мулоқот ва афзоиши самараву эътирофи он дар арсаи байналхалқӣ гардид.
Дар давоми анҷуман аз ҷониби иштирокдорон кӯшиши мустаҳкам намудани фаъолияти занони мамлакатҳои минтақа, соҳибкорзанон, доираҳои академӣ ва илмӣ, секторҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандӣ, рушди демографӣ, масъалаҳои муҳими баробарии ҷинсӣ барои ҳамкориро пурзӯр намудан таҳрики алоҳида бахшид. Дар бобати ба амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои соҳаҳои сайёҳӣ, рушди маданият, ҳамкорӣ дар бобати экология, рушди савдо, аз ҷумла технологияи рақамӣ фикру мулоҳизаҳо баён гардиданд.
Дар сессияи алоҳида зери мавзӯи «Таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи иштироки занон дар рушди инноватсия ва технология» тақдимоти нақши занон дар рушди технологияи нав ва нишондиҳандаи муваффақияти инноватсия, стартапҳои занони минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар давоми сессия иштирокдорон ҳал намудани масъалаҳои стартапҳои занон, зеҳни сунъӣ, рушди рақамисозӣ дар маҳалли деҳот, инчунин таъмини оила ва ҷамъият, соҳибкории занон, таълими касбу ҳунар ва бошуғлфарогириро чун барнома таҳия намуданд.
Реҷаи Ҳаракати мулоқоти занони пешқадами Осиёи Марказӣ барои соли 2023 қабул гардид.

Норгул АБДУРАИМОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: