МАКТАББАЧАГОНИ ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКА СОҲИБИ МЕДАЛҲО ШУДАНД

19-21 январ дар Сингапур финали Олимпиадаи байналмилалии математика «Seamo X 2024» баргузор гардид, ки дар он беш аз 600 иштирокчӣ аз 22 кишвар ширкат варзиданд.

«Seamo X 2024» – Олимпиадаи байналмилалии математикаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ буда, дар он хонандагони синфҳои 1-11-и мактабҳои давлатӣ ва хусусии таълими ҳамагонӣ аз тамоми кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд. Олимпиада аз ҷониби Академияи Терри Чуи Сингапур таъсис ёфта, ба муайян намудани дониш ва саводи риёзии кӯдакон нигаронда шудааст.
Мактаббачагони Ӯзбекистон низ дар ин олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ дар қатори ҳамсолонашон аз Австралия, ИМА, Сингапур, Индонезия, Ҷопон, Чин ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.
Олимпиада, ки аз ду марҳила – ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иборат аст, ҳар сол моҳи ноябр ва январ баргузор мешавад. Дар сатҳи миллӣ он бо се забон – англисӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ва дар самти байналмилалӣ – танҳо бо забони англисӣ гузаронда мешавад.
Дар олимпиада Ӯзбекистонро 31 нафар мактаббачагон аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон намояндагӣ карданд. Як қатор шогирдони мо Ӯзбекистонро ба таври бояду шояд намояндагӣ карда, соҳиби ҷоиза шуданд.
Аз ҷумла, Муҳаммад Олимбоев медали нуқра, Асилбек Қаҳҳоров, Миродил Мирзавалиев, Ҷавоҳирбек Акрамҷонов ва Ҷаҳонгир Қиличев медали биринҷӣ гирифтанд. Иштирокчиёни боқимонда низ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд.

АИ «Дунё»,
СИНГАПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: