Варзик аз деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Чуст буда, фарзандони он дар 4 мактаби таълимашон ба забони тоҷикӣ илм меомӯзанд.
Варзик аз деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Чуст буда, фарзандони он дар 4 мактаби таълимашон ба забони тоҷикӣ илм меомӯзанд. Деҳа бо бисёр зодагони машҳуру маъруфи худ дар байни деҳоти ноҳия ангуштнамо аст. Зеро дар ин ҷо аз ҳама зиёд номзадҳо ва докторҳои илм ба воя расидаанд, ки дар саросари мамлакатамон ва Ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон ном баровардаанд. Сотим Улуғзода, Мутеъулло Наҷмиддинов, Ҳабибулло Ибодинов, Камолҷон Умаров, Сотимхон ва Раҳмонхон Инъомхӯҷаев, Мирзошариф Мирбаротов, Ҳалимҷон Ҷӯраев, Матлуба Дадабоева, Замонҷон Қурбонов, Рисқинбой Иброҳимов, Зоҳидулло ва Ҷамолхон Мунавваровҳо, Турсунбой Ҳакимов барин нависандагон, олимон, санъаткорон аз ин ҷумлаанд, ки барои равнақи илму ирфон ва маданияту санъати Ӯзбекистону Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштаанд.
Маркази маданию миллии тоҷикони вилояти Намангон якҷо бо Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва ҳокимияти ноҳияи Чуст, макотиби рақамҳои 13, 50 ва 58-уми деҳкадаи Варзик дар Қасри маданияти он чорабинии адабию бадеӣ ва мусиқиро бахшида ба 110-умин солгарди Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нависанда, драматург, олим ва тарҷумони моҳир, фарзанди фарзонаи Варзик Сотим Улуғзода баргузор намуд.
Аҳли деҳа ва толибилмони мактабҳо иштирокдорон-намояндагони идораҳои ноҳияю вилоят ва меҳмононро бо нону намак ва таҳти садоҳои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.
Чорабиниро ҳокими ноҳияи Чуст Бекзод Ҳамдамов ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонону ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки ӯзбекону тоҷикон халқҳои бо ҳам дӯсту бародаранд. Ин дӯстиву бародарӣ, решаҳои амиқи таърихӣ дорад, ки исботи он дӯстии Навоию Ҷомист. Тарзи зиндагӣ, урфу одат ва анъанаҳои ду халқ муштараканд. Онҳо тӯли асрҳо бо ҳамҷиҳатию ҳамсоягӣ умр ба сар мебаранд. Варзики куҳану навҷавон зодгоҳи бисёр олимону донишмандон, адибону ҳунарпешагони маъруф аст, ки ба пешрафти илму маърифати ҳар ду кишвари ҳамҷавор Ӯзбекистону Тоҷикистон хидмати шоиставу арзанда кардаанду мекунанд. Дар байни онҳо ҷойгоҳи адиби номӣ Улуғзода махсус аст.
Сипас ҳоким ба чанде аз меҳмонони ҷамъомад чун анъанаи мардумӣ тоқӣ, ҷомаи зардӯзӣ ва миёнбанду кордҳои машҳури чустӣ туҳфа кард.
Меҳмони ҳамоиш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиронро бо ин иқдоми хайр муборакбод намуда, ба созмондиҳандагону масъулони тадбир изҳори сипос намуд. Бо қироати шеъри ширу шакар дӯстии тоҷикону ӯзбеконро ситоиш кард. Аз сиёсати оқилона ва иродаҳои қатъии роҳбарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар, вохӯрию тадбирҳои сершумори байни тоҷикону ӯзбекон ёдовар шуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти серпаҳлӯйи адабии устод Улуғзода маърӯзаи пурмазмун кард. Изҳор дошт, ки устод Улуғзода ҳамчун нависанда, драматург, олим ва мутарҷим барои рушди адабиёти навини тоҷик хидматҳои бузург кардааст. Асарҳои ӯ мазмунан ғанӣ, содаю равонанд. Инчунин ӯ чун офарандаи асарҳои синамоӣ ном баровардааст. Филми бадеии «Қисмати шоир», ки сенарияи онро устод навишта буд, соли 1960 дар ҷашнвораи кинои Осиё ва Африқо дар Қоҳира соҳиби ҷоизаи олии «Уқоби тиллоӣ» гардида буд.
Қиссаҳои «Субҳи ҷавонии мо», «Ёрони боҳиммат», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ» дар рушду пешрафти насри муосири тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд.
Пешниҳоди сафир бобати ба қасри маданияти Варзик додани номи Сотим Улуғзода бо мамнуният ва кафкӯбиҳои бардавом пазируфта шуд.
Раиси ноҳияи Ашти Тоҷикистон Зариф Муҳаммадӣ қайд кард, ки халқҳои мо аз қадимулайём байни ҳамдигар дӯстӣ ва рафтуомад доштаанд. Абдуназар ном шахс аз Ашт дар Варзик оҳангарӣ кардааст. Ӯ иштирокдоронро бо ҷашни 110-солагии адиби номӣ самимона табрик гуфт ва сурат-лавҳаи зебову китобҳо тақдим кард.
Раиси Маркази маданию миллии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова барои ғамхорӣ ва дастгириҳояшон ба сафирони давлатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуд. Дар бораи эҷодиёти устод Улуғзода ва омӯзиши он дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ сухан ронд. Зикр кард, ки як нафар ятиме аз оилаи деҳқони одии Варзик ба чунин обрӯю эътибор соҳиб шуда, номи зодгоҳи худро дар тамоми дунё машҳур кардааст. Ин боиси ифтихори ҳамаи мост.
Раиси Маркази маданию миллии тоҷикони вилояти Фарғона Масъуд Мирзо изҳор дошт: – Ба халқи Варзик, ки чунин фарзанди бузургро тарбия кардааст, сари таъзим фуруд меоварам...
Раиси шуъбаи намангонии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон изҳор намуд, ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ин нависандаи бузургро хеле қадр мекунанд. Ба халқ ва ҳукумати Тоҷикистон, ки Улуғзодаро ба дараҷаи Нависандаи халқӣ бардоштааст, миннатдорӣ баён кард.
– Агар аз нав таваллуд шудан имконпазир мебуд, мехостам дар Чуст таваллуд шавам, зеро дар ин ҷо бузургоне чун Мавлоно Лутфуллоҳ ё Аллома Улуғзода ба дунё омадаанд, — гуфт ӯ.
Муаллимаи забон ва адабиёт Дилноза Шарофова навори видеоии рӯзҳои охирини зиндагии Улуғзодаро ба ҳозирин намоиш дод.
Барандаи орденҳои «Дӯстлик»-и Ӯзбекистон ва «Дӯстӣ»-и Тоҷикистон, шоир Паймон таъкид кард, ки дар бораи Улуғзода метавон ва месазад бисёр суханони хуб гуфт.
Шоир шеъри баъди вафоти Улуғзода навиштаашро ба ҳозирин хонда дод.
Омӯзгори собиқадор Назирҷон Эргашев хурсандии худро арз намуда, изҳор дошт, ки ҳанӯз дар 50-солагии Улуғзода ӯро машъали адабиёт меномиданд. Барои он ки устод достонҳои асосии «Шоҳнома»-ро ба наср баргардонда, дар ду ҷилд чоп кард, ӯро «Фирдавсии сонӣ» мехонданд.
Арбоби давлатию ҷамоатӣ, нависанда Шароф Рашидов Улуғзодаро аз сутунҳои адабиёти тоҷик мешумурд.
Дар аввал, байн ва интиҳои тадбир аз ҷониби ҳунарпешагони Қасри маданият, хонандагони мактабҳои деҳа ва сарояндаи хушовози ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Раҳимҷон Шодмонов суруду таронаҳои тоҷикиву ӯзбекӣ садо доданд, гулдастаи рақсҳо пешкаш гардиданд.
Асарҳои бадеӣ ва илмии устоди шодравон Сотим Улуғзода, ҳамчунин осори илмию тадқиқотии ба эҷодиёти ӯ бахшидашуда ва суратҳои рассоми ҷавон – толибаи мактаби миёнаи рақами 58-уми деҳаи Варзик Шоҳида Самиева, ки симои фарзанди фарзонаи миллат устод Улуғзодаро офаридааст, ба намоиш гузошта шуданд.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.
Ш.МИРЗОЕВ,
хабарнигори ҷамоатии рӯзнома.