МУҲАММАДРИЗО ОГАҲӢ — ШОИР, МУАРРИХ ВА ТАРҶУМОН

Дар таърихи адабиёти тоҷику турк чанде аз шоирони туркитабор, мисли Амир Хусрави Деҳлавӣ, Алишер Навоӣ (Фонӣ), Бадриддин Ҳилолӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Нодирабегим, Умархон... осори назмӣ ва насриашонро қисман ё пурра ба забони форсӣ-тоҷикӣ офаридаанд.

Дар таърихи адабиёти тоҷику турк чанде аз шоирони туркитабор, мисли Амир Хусрави Деҳлавӣ, Алишер Навоӣ (Фонӣ), Бадриддин Ҳилолӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Нодирабегим, Умархон... осори назмӣ ва насриашонро қисман ё пурра ба забони форсӣ-тоҷикӣ офаридаанд. Яке аз онҳо шоир, муаррих, тарҷумон Муҳаммадризо Эрниёзбек ӯғлӣ, мутахаллис бо Огаҳӣ мебошад, ки 17 декабри соли 1874 дар деҳаи Қиёти наздикии шаҳри Хива, дар оилаи мироб дида ба дунё кушодааст. Огаҳӣ забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро хеле хуб медонист.
Дар байни халқ бештар шеърҳои ғаноӣ (лирикӣ)-и ӯ маҳбубият пайдо кардаанд. Куллиёти ашъори ғаноии шоир — «Таъвиз-ул-ошиқин» («Тӯмори ошиқон»), ки дар солҳои охири умраш тадвин шудааст, то ба мо расидааст.
Девони мазкур 470 ғазал, 3 мустазод, 89 мухаммас, 5 мусаддас, 2 мураббаъ, 4 мусамман, 4 тарҷеъбанд, 7 қитъа, 80 рубоӣ, 10 туюқ, 1 муламмаъ, 4 чистон, 2 муаммо, 4 маснавӣ, 20 таърих, 19 қасидаро дар бар мегирад, ки дар маҷмӯъ аз 18000 мисраъ иборат аст. Қисмате аз девонро  «Ашъори форсӣ»-и ӯ (1300) ташкил додаанд. Ин далели он аст, ки Огаҳӣ бо ашъори форсии худ дар он аҳд ба рушди забони форсии тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст. Шеърҳои форсии ӯ, дар муқоиса бо ашъори баъзе шоирони муосири тоҷик, аз нигоҳи бадеият, вазн, забон ва тарзи баён дар сатҳи боло қарор доранд. Ошкор мегардад, ки шоир дар омӯхтани забони форсии тоҷикӣ вақти зиёде сарф карда будааст. Барои тоҷиконе, ки дар қарни ХХI, бар асари фарҳангзудоиҳо, аз ҳарф задан ба забони модарии худ меҳаросанд, ор мекунанд, ё онро ба кунҷи фаромӯшӣ афкандаанд, иқдоми Огаҳӣ дар роҳи густариши забони форсии тоҷикӣ бояд намунаи ибрат гардад.
Ин шефтаи забон ва адабиёти форсӣ бисёре аз осори аҳли илму адаби форс-тоҷик, мисли «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Муҳаммад Маҳдии Астарободӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ, «Мифтоҳ-ут-толибин»-и Маҳмуд бинни Шайх Алии Ғиждувонӣ, «Табақоти Акбаршоҳӣ»-и Муҳаммад Муқими Ҳиротӣ, «Тазкираи Муқимхонӣ»-и Муҳаммад Юсуфи Муншӣ, «Равзат-ус-сафои Носирӣ»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Зубдат-ул-ҳикоёт», «Шарҳи далоил-ул-ҳайрат»-и Муҳаммади Ворис, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Шоҳ ва гадо»-и Бадриддин Ҳилолӣ ва «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавиро ба забони туркӣ тарҷума кардааст.
Муҳаммадризо Огаҳӣ 14 декабри соли 1874 чашм аз олами ҳастӣ пӯшондааст.
Дар Ӯзбекистон бисёре аз кӯчаву мактабҳо, Театри драма ва комедияи мусиқавии вилояти Хоразм, боғи истироҳат ва дигар муассисаҳо ба номи Огаҳӣ гузошта шудаанд. Дар деҳаи Қиёт боғи ба номи Огаҳӣ созмон дода шуда, дар назди хона-музейи шоир ҳайкалаш қомат афрохтааст.
Инак, мо тасмим гирифтем, ки ба пешвози солгарди зодрӯзи шоир ду ғазали  тоҷикии ӯро ба алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони рӯзнома барои баҳрабардорӣ пешниҳод намоем.

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАРИ «ОВОЗИ ТОҶИК».

Азми сайри боғ кун, эй гулузор, омад баҳор,
Карда сад файзу тароват ошкор, омад баҳор.
Боғҳоро дода зинат, даштҳоро дода файз,
То кунад офоқро ҷаннатшиор, омад баҳор.
Зиндагӣ бахшида аз файзу сафо амвотро*,
Карда Исиро зи муъҷаз шармсор, омад баҳор.
Ҷомаҳои лолаву гулро зи шабнам ҳар тараф,
Карда саршори шароби хушгувор, омад баҳор.
Аз хазони ҳаҷр махмурони ишратро зи дил,
Баҳри дафъи ғуссаву ранҷи хумор, омад баҳор.
Дар мабанд айёми ишратро, ки дар гулзори даҳр.
Ваҳшиву камфурсату беэътибор, омад баҳор.
Сайр кун бо Огаҳӣ ҳамроҳ дар боғу чаман,
Вақти гулгашти гулистон, эй нигор, омад баҳор.

***
Шабе танҳо биё, чун моҳи тобон, аз сарат гардам,
Рухатро кун маро шамъи шабистон, аз сарат гардам.
Даровар сарви қаддатро дар оғӯши мани зорат.
Ки печида бар ӯ чун ишқи печон, аз сарат гардам.
Зи ҳаҷри лаъли нобат мурдаам, гар зиндаам хоҳӣ,
Карам кун аз лабат як бӯса эҳсон, аз сарат гардам.
Маро дар як саҳар бинмо гулистони ҷамолатро,
Чу булбул карда сад фарёду афғон, аз сарат гардам.
Шаби ҳиҷронам аз шамъи маҳи рӯят мунаввар кун,
Ки парвона шавам ман зору ҳайрон, аз сарат гардам.
Шудам бемор аз дарди хумори бодаи васлат,
Даво кун аз шароби лаъли хандон, аз сарат гардам.
Нисори хоки поят мекунам нақди дилу ҷонро.
Шавӣ бар Огаҳӣ як шом меҳмон, аз сарат гардам.

*Амвот—мурдагон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: