«ЯК КУҲАНСОЛ – МАСЪУЛИ ДАҲ ҶАВОН»

Солҳои охир дар мамлакатамон бобати дастгирии ҳамаҷонибаи куҳансолон, ҳифзи саломатӣ, пурмазмун гузаронидани вақти холии онҳо, инчунин афзудани фаъолнокии иҷтимоиашон корҳои назаррас ба сомон мерасанд.

Соли гузашта 965 ҳазор пирон ройгон аз назорати амиқи тиббӣ гузаштанд.
Ҳазорҳо нафар бо дорую дармон ва маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин гардиданд, 21 ҳазор нафар дар санаторияҳо истироҳат намуданд, 19 ҳазор соҳиби воситаҳои техникии реабилитатсионӣ шуданд, ба 118 ҳазор нафар намудҳои дигари кумаки моддӣ пешниҳод шуд, манзили 221 иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва пиронсолони бекасу танҳо таъмир ва ба бештар аз як миллион нурониён саёҳат ба мамлакат насиб гардид. Аз ҳама муҳимаш, туфайли тадбирҳои маданию маърифатие, ки бо ташаббуси куҳансолон баргузор гаштааст, қариб 155 ҳазор ҷавононе, ки ба қайди профилактикӣ буданд, ба тарзи солими рӯзгор баргаштанд, хавфи ҷудошавии 22 ҳазор оила пешгирӣ карда, беш аз 3 ҳазор оилаи ноором ба эътидол оварда шуд.
Имрӯз дар вилояти Бухоро қариб 200 ҳазор нафар  куҳансол, беш аз 20 ҳазори он пирони ногиро, 12 нафар иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон, зиёда аз 400 собиқадори меҳнат, 20 мӯйсафеди синнаш аз сад боло аз ғамхорию эътибори давлат баҳрабардоранд.
Эҳтироми пирон, зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати онҳо, ба мақсади камоли ҷавонон истифода аз донишу таҷрибаашон барои мардуми мо аз ҷумлаи анъана ва арзиши миллӣ маҳсуб меёбад.
Бинобар Қарори Президент аз 11 марти соли 2023 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ оид ба дастгирии ҳаматарафаи куҳансолон ва зиёд намудани фаъолнокии иҷтимоии онҳо» дар Бухоро таҳти шиори «Баҳри ҳаёти нав, барои Ӯзбекистони Нав» марҳилаи ҷумҳуриявии озмун-азназаргузаронии «Як куҳансол – масъули даҳ ҷавон» ба амал омад. Аз ин рӯ, меҳмонхонаи «Саҳид Зарафшон»-и шаҳр намуди идона дошт. Раиси Бунёди «Нуронӣ», Қаҳрамони Ӯзбекистон, сенатор Содиқҷон Турдиев, ҷонишини ҳокими вилояти Бухоро Миралӣ Ҳамроев ба сухан баромада, иштироккунандагони тадбир – ғолибони марҳилаи ҳудудиро бинобар ташрифашон ба Бухорои шариф муборакбод намуданд. Ба ҷавобҳои иштирокдорони марҳилаи ҷумҳуриявии озмун, ки аз се шарт иборат буд, ҳайати доварон бо сардории мушовири вазири пешгирии нодорӣ ва шуғл Баҳодур Умрзоқов баҳо гузоштанд. Ҳамин тариқ, ғолибони озмун муайян гардиданд. Ҷойи аввал ба намояндаи вилояти Бухоро, фаъоли ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тинчлик»-и ноҳияи Қаравулбозор Матлуба Орифова, ҷойи дуюм ба раиси шӯрои нурониёни ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Истиқбол»-и ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд Гулнора Толибова ва ҷойи сеюм ба куҳансоли фаъоли ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қумтепа»-и ноҳияи Уйчии вилояти Намангон Маъруфҷон Йӯлдошев насиб кард. Инчунин ғолибони номгӯйҳо низ маълум шуданд. Ҳамаи онҳо бо диплом, ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравии пурарзиш тақдир гардиданд. Ғолибони озмунро шоира Зулфия Муъминова, раиси шуъбаи вилоятии Бунёди «Нуронӣ» Самоиддин Ҳусенов ва дигарон табрик карданд. Ҳангоми зиёфат иштирокдорони тадбирро санъаткорон бо суруду таронаҳо хушнуд намуданд.
Куҳансолон ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳр ва зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир»-ро тамошо карданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: