Ҷашни бостонии Наврӯз беҳтарин хислатҳои мардуми мо – муҳаббат ба кишвари маҳбубу табиат, меҳрубонӣ ва саховатмандӣ, созандагиву олиҳимматиро дар худ таҷассум мекунад, ки аз ҷониби онҳо гиромӣ дошта, дар тӯли садсолаҳо афзоиш ёфтааст.
Имрӯз, дар шароити Ӯзбекистони Нав, ки дар ҷомеаи мо шаъну шарафи инсон аз ҳама чиз боло гузошта шудааст, таваҷҷуҳ ба сарватҳои бебаҳо – замину об, табиат ва анъанаҳои ҳазорсолаи ба онҳо алоқаманд пурзӯр мегардад, ҷой ва аҳамияти ин ҷашн дар ҳаёти мо торафт меафзояд.
Дар шароити кунунии мураккаб ва ноустувори ҷаҳон моҳияти бузурги инсондӯстонаи ҷашни Наврӯз, ғояҳои ҷовидона, рӯҳияи созанда ва фалсафаи он, ки башариятро ба дӯстиву рафоқат, қадр кардани сулҳу осоиштагӣ, боз ҳам зеботару ободтар гардондани зиндагӣ даъват мекунад, ба саъю кӯшиши наҷибонаи халқҳои гуногуни сайёраи мо ҳамоҳанг мебошад.
Бо назардошти аҳамияти бебаҳои Наврӯз, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шуда, бо сифатҳои беназири худ ба некиву пешравӣ хидмат мекунад ва барои дар сатҳи баланди ташкилӣ дар ҳамбастагӣ бо дигаргуниҳо ва навгониҳои азими кишварамон баргузор намудани он:
1. Ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2024 дар кишвар ҳамчун сайли умумихалқӣ бо табъи болида ва дар сатҳи баланд таҳти шиори: «Бо ту, Наврӯз, ҷаҳон аз нур мунаввар гардад!» васеъ таҷлил карда шавад.
2. Кумитаи тадорук оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни миллии Наврӯз (минбаъд – Кумитаи тадорук) дар соли 2024 таъсис дода, ҳайати он мутобиқи замима тасдиқ карда шавад.
Кумитаи тадорук (А. Арипов) дар муҳлати як ҳафта Барномаи чорабиниҳои ташкиливу амалӣ, фарҳангӣ ва маънавию маърифатиро оид ба таври шоиста таҷлил кардани ҷашни умумихалқии Наврӯз дар шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва марказҳои вилоятӣ, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, деҳаву авулҳо тасдиқ намояд, инчунин татбиқи онро таъмин намояд.
3. Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани тамоми чорабиниҳои ҷашни умумихалқии Наврӯз ҳамчун сайли оммавӣ дар маҳалҳо дар асоси арзишу анъанаҳои миллӣ, инчунин таҷрибаи муосир ба масъалаҳои зерин эътибор дода шавад:
баргузор намудани чорабиниҳои идона, ки бедории баҳории тамоми мавҷудоти зинда, ҳамоҳангии инсон бо табиат, муҳаббат ва ғамхории ӯро ба зодгоҳаш инъикос менамояд, ҳамватанонро ба қадр намудани зиндагии осоиштаю ороми имрӯза даъват менамояд;
бо усулҳои муассир инъикос намудани бо арзишҳо ва анъанаҳои бостонии Наврӯз ҳамоҳанг будани ислоҳоти куллии демократӣ, дигаргуниҳои мусбат дар ҳаёт, шуур ва ҷаҳонбинии халқи мо, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд;
дар маҷмааи «Янги Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошканд дар асоси барномаи алоҳида ташкил намудани сайлҳои мардумӣ;
бо дарназардошти он, ки имсол ҷашни Наврӯз дар моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад, зоҳир намудани эҳтироми ҳамаҷониба ва гиромидошти намояндагони насли калонсол, бахусус иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва собиқадорони ҷабҳаи меҳнат, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба ашхосе, ки дар хонаҳои «Меҳрубонӣ» ва «Саховат» зиндагӣ мекунанд, ба дафтарҳои иҷтимоӣ дохил карда шудаанд ва барои ҳар як ниёзманди дастгирӣ, ташкил намудани дасторхонҳо барои онҳо ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни хайрия;
дар арафаи ҷашни Наврӯз амалӣ намудани чорабиниҳои пешбининамудаи лоиҳаи миллии «Макони сабз», гузаронидани ҳашари умумихалқӣ оид ба ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, дар ҳар кӯча, дар ҳар як маҳалла, ноҳия ва шаҳр;
ташкил кардани лоиҳа ва иқдомҳо, ки ба таҳкими муҳити дӯстии байнимиллӣ ва ризоияти дар ҷамъият ҳукмрон нигаронда шудаанд, васеъ намоиш додани урфу одат, анъана ва арзишҳои намояндагони миллату халқиятҳои гуногуни маскуни кишварамон, ки ба рӯҳия ва фалсафаи ҷашни Наврӯз ҳамоҳанг мебошанд;
ташкили баргузории чорабиниҳои идона, намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, озмунҳо оид ба намудҳои миллии варзиш, намоишгоҳҳои китобҳо, ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ бо нархи арзон, нуқтаҳои савдои сайёр, инчунин омода намудан, савдои ярмарка ва озмунҳои таомҳои баҳорӣ;
дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ инъикос намудани таърихи ҷашни Наврӯз, расму оинҳои марбут ба таҷлили он дар ҳар як минтақа, дар рафти чорабиниҳои идона дар тамоми шаҳру деҳот.
4. Вазорати фарҳанг (О. Назарбеков):
якҷоя бо Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат (О. Ҳасанов), Иттифоқи нависандагон (С. Саидов) дар давоми як ҳафта сенария ва барномаи консертии театрикунонидашуда, ки дар шаҳри Тошканд ба муносибати ҷашни Наврӯз гузаронда мешаванд, таҳия намояд;
барои ба дараҷаи баланди бадеӣ тайёр кардани спектаклҳои консертӣ бо ҷалб намудани сенариянависон ва режиссёрҳои пуртаҷриба, бастакорон, балетмейстерҳо, саҳнасозон, иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод ва намояндагони эҷодиёти халқ чораҳо бинад.
5. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд:
а) дар муҳлати як ҳафта барномаҳои минтақавии чорабиниҳои баргузории сайлҳои умумимиллии Наврӯзро таҳия ва тасдиқ намоянд, ки инҳоро пешбинӣ менамоянд:
бо услуби миллӣ ороиш додани майдонҳои асосӣ, кӯчаҳо ва боғҳо, ки дар онҳо сайли умумимиллӣ ташкил карда мешавад;
ба тартиби муқарраргардида барои иштирок дар сайлҳои умумихалқӣ васеъ ҷалб намудани ҷамоаҳои фолклорӣ, дастаҳои худфаъоли бадеӣ, намояндагони санъати сирк, ансамблҳои оилавӣ, бахшӣ, шоирон, инчунин иҷрокунандагони касбӣ ва ҳунарпешагони боистеъдоди эстрада;
дар доираи чорабиниҳои идона гузаронидани бозиҳои анъанавии мардумии барои ҳар як минтақа анъанавӣ, намоишҳо, намоишгоҳҳо, ташкили павилонҳои кушод барои фурӯши таомҳои баҳорӣ;
б) дар тартиб додани барномаҳои идона ва намоишҳои оммавӣ, ороиши кӯчаҳо, майдон ва хиёбонҳо васеъ ҷалб намудани ҷамоаҳои эҷодӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибихтисос;
в) таъмини баргузории тамоми чорабиниҳо бо қатъиян риоя намудан ба талабҳои бехатарии ҷамъиятӣ.
6. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои идона аз ҳисоби инҳо пӯшонда мешаванд:
дар шаҳри Тошканд – аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳуриявӣ ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд дар ҳиссаи баробар;
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби буҷаҳои дахлдори маҳаллӣ ва хайру эҳсонҳо дар маҳалҳо.
7. Ба Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбори «Дунё» ва дигар воситаҳои ахбори омма тавсия дода шавад, ки корҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни умумихалқии Наврӯзро ҳамаҷониба инъикос намоянд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. Қ. Абдураҳмонов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ.
Шаҳри ТОШКАНД,
4 марти соли 2024.