ДАР БОРАИ ОМОДАГӢ ВА ГУЗАРОНДАНИ ҶАШНИ УМУМИХАЛҚИИ НАВРӮЗ ДАР СОЛИ 2023

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо рӯҳбаландӣ ва шодмонии бузург таҷлил намудани Наврӯз, ки рамзи фарорасии баҳор ва бедоршавии табиат, оғози соли нав аз рӯи тақвими шарқӣ мебошад, ҳамеша аз азал анъанаи аҷиби мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Ин ҷашни аҷиб, ки таҷассумгари арзишҳои баланди маънавию ахлоқӣ, орзуву ормонҳои неки мост, дар солҳои истиқлолият воқеан ба ҷашни умумихалқии тамоми ҳамватанон – намояндагони миллату халқиятҳои гуногуни кишвар табдил ёфт.
Рӯҳ ва фалсафаи Наврӯз, ки ғояҳои инсондӯстӣ, накӯкорӣ ва саховатмандӣ, дӯстию ҳамфикрии байни мардум, ҳифзи эҳтиёткоронаи муҳити зистро таҷассум кардааст, ба моҳият ва ҳадафҳои дигаргуниҳое, ки дар Ӯзбекистони Нав анҷом дода шудаанд, комилан ҳамоҳанг аст.
Аҳамияти ҷашни Наврӯз дар таҳкими сулҳу субот, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамбастагӣ, ки дар ҷомеаи мо ҳукм мефармояд, пеш аз ҳама дар қалб ва шуури насли наврас пурзӯр гардондани ҳисси дахлдорӣ ба имрӯзу фардои Ватан торафт баланд мегардад.
Бо дарназардошти нақши бузурги Наврӯз дар ҳаёти маънавии мардуми мо ҳамчун замони навсозӣ ва анҷом додани амалҳои нек, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст, инчунин бо мақсади дар сатҳи муносиб, мувофиқи  арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ баргузор намудани он:
1. Ҷашни Наврӯзи соли 2023 дар кишвар ҳамчун ҷашни умумихалқӣ – сайру гашт таҳти шиори: «Ҳар рӯзат Наврӯз бод, Ӯзбекистони маҳбуб!» дар сатҳи баланд гузаронида шавад.
2. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
ҳайати Кумитаи тадорук оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни миллии Наврӯз дар соли 2023 мутобиқи замимаи №1;
«Харитаи роҳ» оид ба мувофиқи замимаи № 2 баргузор намудани ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2023.
Кумитаи тадорук татбиқи чораҳоро, ки дар «Харитаи роҳ»-и мазкур муайян шудаанд, инчунин васеъ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзро дар соли 2023 дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон,  марказҳои вилоят ва шаҳри Тошканд, дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳо, деҳаву авулҳо ҳамчун сайри умумихалқӣ таъмин намояд.  
3. Ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани чорабиниҳои идона ба инҳо диққати махсус дода шавад:
ташкили чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои наҷиб мутобиқи рӯҳияи навсозӣ ва созандагии хоси Наврӯз, муҳаббат ва ғамхорӣ ба Ватан, ҳамбастагии инсон ва табиат, ҳифзи ҳаёти осоиштаю обод, муҳити зист даъват мекунад;
дар шакли равшани бадеӣ инъикос намудани ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат бо мақсади бунёди Ӯзбекистони Нав ва таъмини манфиатҳои инсон, дигаргуниҳои мусбате, ки дар ҳаёти мардум ва ҷаҳонбинии одамон ба амал меоянд, татбиқ мешаванд;
дар арафаи ҷашн дар тамоми шаҳру деҳаҳо, авулу маҳаллаҳо ташкил кардани ҳашарҳои умумихалқӣ, корҳои васеъмиқёс оид ба ободонӣ ва кабудизоркунӣ бо назардошти арзиш ва анаъанаҳои Наврӯз;
идома додани корҳо оид ба гузарондани чорабиниҳои хайру эҳсон, ки ба ғамхории ҳамаҷониба расондан ва эътибор додан ба собиқадорони муҳтарами мо, кумак ба онҳое, ки дар хонаҳои «Меҳрибонлик», «Мурувват» ва «Саховат» зиндагӣ мекунанд, ҳамаи шаҳрвандони ба дастгирӣ ниёздошта нигаронда шудааст;
ташкил ва ба таври васеъ таблиғ намудани натиҷаҳои амалии кори бонизом ҷиҳати таҳкими фазои дӯстии байни миллатҳо ва ваҳдати шаҳрвандӣ дар кишвар, инчунин чорабиниҳо бахшида ба ҷашни миллии Наврӯз, ки  аз ҷониби ҳамватанони мо – намояндагони миллату халқиятҳои гуногун гузаронида мешаванд;
ба барномаи сайрҳо, ки дар маҳалҳо гузаронда мешаванд, ворид намудани бозиҳои азалии миллӣ, баромади гурӯҳҳои фолклорӣ, ҷамоаҳои фолклор, дорбозон ва бахшиҳо, иҷрокунандагони сурудҳои халқӣ ва ҳунарпешагони эстрада; 
ташкили чорабиниҳои идона, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаҳо оид ба намудҳои варзиши миллӣ, бозорҳои китоб, нуқтаҳои сайёр, пухтан ва фурӯши таомҳои баҳорӣ;
дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ инъикос намудани чорабиниҳои идона дар минтақаҳо, байни ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин таърих ва моҳияти  Наврӯз.
4. Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ (О.А. Назарбеков):
якҷо бо Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат (М.М.Ҳоҷиматов), Иттифоқи нависандагон (С.С.Саидов) дар муҳлати як ҳафта барнома ва сенарияи намоишҳои театрикунонидашудаи консертиро, ки дар шаҳри Тошканд ба муносибати ҷашни Наврӯз гузаронда мешаванд, таҳия намояд; 
барои ба дараҷаи баланди бадеӣ тайёр кардани намоишҳои консертӣ бо ҷалб намудани сенариянависон ва режиссёрҳои пуртаҷриба, композиторону бастакорон, балетмейстерҳо, рассомони саҳна, иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод ва намояндагони эҷодиёти халқ чораҳо андешад.
5. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар муҳлати як ҳафта оид ба омодагӣ ва баргузор намудани сайрҳои умумихалқии Наврӯз барномаҳои минтақавӣ таҳия ва тасдиқ намоянд. 
6. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои идона:
дар шаҳри Тошканд – аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳуриявӣ ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд дар ҳиссаи баробар;
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби маблағи буҷаҳои маҳаллӣ ва маблағҳои ҳомиён сарпӯш карда мешаванд.  
7. Ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии иттилоотии «Дунё» ва дигар воситаҳои ахбори омма тавсия дода шавад, ки рафти омодагӣ ва гузаронидани ҷашни миллии Наврӯзро ҳамаҷониба инъикос намоянд.
8. Назорати  иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Қ. Абдураҳмонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
1 марти соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: