ДАР БОРАИ ВАСЕЪ ТАҶЛИЛ КАРДАНИ 300-УМИН СОЛГАРДИ ШОИР ВА МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ТУРКМАНИСТОН МАХТУМҚУЛӢ ФИРОҚӢ

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Фарзанди бузурги халқи туркман, шоир ва мутафаккири машҳур Махтумқулӣ Фироқӣ дар таърихи адабиёт ва фарҳанги на фақат халқҳои турк, балки тамоми ҷаҳон мақоми махсус дорад. 
Осори устоди нотакрори сухан аз ғояҳои амиқи инсонпарварӣ лабрез буда, суннат ва сифатҳои неки халқи мард, устувор ва меҳнатдӯсти туркманро васф мекунанд, мазмун ва муҳтавои онҳо, ки ҳамеша бо ғаму ташвиши одамон зистанро тарғиб менамоянд, риштаҳои дӯстӣ ва ҳамдилии байни халқ ва миллатҳои гуногунро мустаҳкам намуда, барои ҳамаи мо, ба хусус барои ҷавонони мо маҳаки ахлоқ ба шумор мераванд.
Санаи пуршараф – 300-умин солгарди Махтумқулӣ Фироқӣ соли равон дар миқёси ҷаҳон таҳти сарпарастии созмони бонуфузи байналхалқии ЮНЕСКО васеъ қайд карда мешавад. Худи ҳамин собит менамояд, ки мероси адабии шоир қисми бебаҳои хазинаи санъати сухани ҷаҳон гардида, олами маънавии инсониятро ғановатманд менамоянд. 
Ӯзбекистон ба сифати яке аз кишварҳое эътироф шудааст, ки осори Махтумқулӣ бештар чоп ва хонда мешавад, ин тасодуфӣ нест. Дар мамлакати мо хонае нест, ки дар он ашъори шоири мумтоз садо надиҳад, сурудҳое, ки бар матни ғазалҳои шоир гуфта шудаанд, барои ҳар як хонадони мо шиносанд, метавон гуфт, ки онҳоро ҳар як ӯзбек медонад ва мехонад. Тӯли садсолаҳои сипаришуда Махтумқулӣ барои халқи мо шоири худӣ гардид. Шеърҳои дорои фалсафаи амиқи ӯ, ки бо рӯҳи халқӣ, бадеияти баланд навишта шудаанд, ба бахшиёну ҳофизон ва гӯяндагон илҳом мебахшанд, онҳо ҳамеша дар саҳнаҳои мо садо медиҳанд, дар қалби мардум зиндаву пояндаанд.
Махтумқулӣ дар замони худ дар мадрасаи машҳури Шерғозихони Хива таълим гирифт ва сарояндаи бузурги сухан Алишери Навоиро устоди хеш меҳисобид, ин намунаи олиҷаноби дӯстии ҳақиқии халқҳои мост. Китобхонҳои ӯзбек хуб медонанд, ки Махтумқулӣ дар Хива бисёр ҳамфикрон, мураббиён, дӯстон ва ҳаводорони худро дошт, вай солҳои зиндагиашро дар ин ҷо бо миннатдорӣ ба ёд меовард, шеърҳои зебое менавишт.
Алҳол, ҳангоме ки дар таърихи муносибатҳои дӯстиву некҳамсоягии Ӯзбекистон ва Туркманистон давраи нав оғоз ёфт, мероси бадеии ҷовидонаи Махтумқулӣ Фироқӣ барои халқҳои мо беш аз пеш аҳамияти бесобиқа пайдо мекунад. Осори нотакрори шоир, ки ба онҳо дар байни ҳар ду халқи бародар як хел арҷ гузошта мешавад, дар кишвари мо мунтазам ва бо теъдоди зиёд чоп мешаванд. Ҷиҳати эҳтиром ба шоир дар шаҳрҳои Тошканд ва Хива маҷмӯаҳои ёдгорӣ бунёд шудаанд, ки мавзеъҳои дӯстдоштаи ҳаводорони эҷодиёти ӯ мебошанд. 
Ба мақсади равшан зоҳир намудани эҳтироми халқи Ӯзбекистон нисбати Махтумқулӣ Фироқӣ ва дар шахси ӯ ба халқи бародари Туркманистон, таърих ва фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои ғановатманди ӯ, ҳамчунин барои сазоворона таҷлил намудани 300-умин солгарди таваллуди шоир:
1. Пешниҳоди Вазорати фарҳанг, Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияҳо, Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди нависандагон, Академияи илмҳо, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Фарҳангистони бадеӣ, Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанг, ҳамчунин намояндагони ҷомеа дар бораи таҷлили васеи 300-умин солгарди шоир ва мутафаккири бузурги туркман Махтумқулӣ Фироқӣ дар кишвари мо маъқул дониста шавад.
2. Ҳайати кумитаи ташкилӣ бинобар таҷлили 300-умин солгарди Махтумқулӣ Фироқӣ (минбаъд – Кумитаи ташкилӣ) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад. 
3. Ба Кумитаи ташкилӣ (А. Н. Арипов) супурда шавад, ки дар муҳлати ду ҳафта Барномаи чорабиниҳо бобати дар сатҳи олӣ таҷлил намудани 300-умин солгарди Махтумқулӣ Фироқиро тасдиқ намояд. 
Дар Барнома чораҳои зерин пешбинӣ карда шаванд:
ба чоп ва нашр тайёр кардани осори мунтахаби Махтумқулӣ Фироқӣ, ҳамчунин маҷмӯи мақолаҳои илмӣ, бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ; 
офаридани филми бадеӣ бахшида ба Махтумқулӣ Фироқӣ дар ҳамкорӣ бо коргардонҳои кинои Ӯзбекистон ва Туркманистон дар пояи супориши давлатӣ;
офаридани намоишнома дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир;
дар байни иҷрогарони ҷавон баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин иҷрогари суруд бар матни ашъори Махтумқулӣ»;
дар толори марказии намоишгоҳи Фарҳангистони бадеӣ ба роҳ мондани намоишгоҳи осори санъати тасвирӣ, ки робитаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳои ӯзбек ва туркманро васф мекунанд;
дар шаҳри Хива баргузор кардани Конфронси байналхалқии илмии «Нақши эҷодиёти Махтумқулӣ дар адабиёт ва санъати ӯзбек» дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, ҳокимияти вилояти Хоразм,   вазорату идораҳои дахлдори дигар;
дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус, касбӣ, таълими миёнаи умумӣ, қисмҳои ҳарбӣ, ҷамоаҳои меҳнатӣ ва маҳаллаҳои мамлакат ташкил намудани вохӯриҳо, шабнишиниҳои адабӣ бо иштироки шоирон, нависандагон ва олимони машҳур;
моҳи октябри соли 2024 дар Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ баргузор кардани шабнишинии эҷодӣ бахшида ба хотираи Махтумқулӣ Фироқӣ. 
4. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар расонаҳои ахбори омммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 300-умин солгарди Махтумқулӣ Фироқиро васеъ равшан намоянд.
5. Муайян карда шавад, ки чорабиниҳои дар қарори мазкур пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ, ки ба вазорат, идора ва созмонҳои дахлдор ҷудо карда шудаанд, ҳамчунин маблағҳои ғайрибуҷавии онҳо ва манбаъҳои дигаре, ки ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ манъ намекунанд, татбиқ карда мешаванд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ 
Шаҳри ТОШКАНД, 
19 феврали соли 2024.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: