ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСҲОИ ҶИНОӢ, ҶИНОИВУ МУРОФИАВИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА КОДЕКСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАВОБГАРИИ МАЪМУРӢ

Аз ҷониби Палатаи қонунгузорӣ 23 марти соли 2020 қабул шудааст

Аз ҷониби Палатаи қонунгузорӣ 23 марти соли 2020 қабул шудааст
Аз ҷониби Сенат 24 марти соли 2020 тасдиқ шудааст
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 сентябри соли 1994 № 2012 – XII тасдиқ шудааст, (Ахборотномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 1995, № 1, моддаи 3; Ахборотномаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 1996, № 9, моддаи 144; соли 1997, № 2, моддаи 56, № 9, моддаи 241; соли 1998, № 5-6, моддаи 102, № 9, моддаи 181;  соли 1999, № 1, моддаи 20, № 5, моддаи 124, № 9, моддаи 229;  соли 2000, № 5-6, моддаи 153; соли 2001, № 1-2, моддаи 23, № 9-10, моддаи 165; соли  2002, № 9, моддаи 165; соли 2003, № 1, моддаи 8, № 9-10, моддаи 149; соли 2004, № 1-2, моддаи 18, № 9, моддаи 171; Ахборотномаи палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  соли 2005, № 9, моддаи 314, № 12, моддаҳои 417, 418; соли 2006, № 6, моддаи 261, № 12, моддаи 656; соли 2007, № 4, моддаҳои 158, 166, № 6, моддаи 248, № 9, моддаҳои 416, 422, № 12, моддаи 607; соли  2008, № 4, моддаҳои 187, 188, 189, № 7, моддаи 352, № 9, моддаҳои 485, 487, 488, № 12, моддаҳои 640, 641; соли 2009, № 1, моддаи 1, № 4, моддаи 128, № 9, моддаҳои 329, 334, 335, 337, № 12, моддаи 470; соли 2010, № 5, моддаҳои 176, 179, № 9, моддаи 341, № 12, моддаҳои 471, 477; соли  2011, № 1, моддаи 1; соли 2012, № 4, моддаи 108, № 9/1, моддаи 242, № 12, моддаи 336; соли 2013, № 4, моддаи 98, № 10, моддаи 263; соли 2014, № 1, моддаи 2, № 5, моддаи 130, № 9, моддаи 244, № 12, моддаи 343; соли  2015, № 6, моддаи 228, № 8, моддаҳои 310, 312, № 12, моддаи 452; соли 2016, № 4, моддаи 125, № 9, моддаи 276, № 12, моддаҳои 383, 385; соли 2017, № 3, моддаи 47, № 6, моддаи 300, № 9, моддаҳои 506, 510; соли 2018, №1, моддаи 4, № 4, моддаҳои 218, 224, № 7, моддаи 430, № 10, моддаи 679; соли 2019, № 1, моддаҳои 3, 5, № 3, моддаи 161, № 5, моддаҳои 259, 267, 268, № 7, моддаи 386, № 8, моддаи 471, № 9, моддаи 592, № 11, моддаи 787, № 12, моддаи 880) илова ва тағйироти зерин ворид карда шаванд:
бо моддаи 2445 мазмуни зайл илова карда шавад:
1) «Моддаи 2445. Паҳн кардани маълумоти ба воқеият номувофиқ оид ба паҳн шудани инфексияҳои карантин ва дигаре, ки ба одамон хавфноканд»
Паҳн кардани маълумоти ба воқеият номувофиқ дар бораи паҳн шудани инфексияи карантин ва дигаре, ки ба одамон хавфноканд, ҳангоми пайдоиш ва паҳншавии карантин ва дигар сироятҳое, ки барои одамон хатарнок мебошанд, -
бо ҷарима ба андозаи то дусад воҳиди пойгоҳии ҳисобӣ ё ки корҳои ҳатмии ҷамоатӣ то сесад соат ё ки бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Паҳн кардани маълумоте, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, бо усули чопӣ ё ки дигари матни зиёдгардондашуда ё дар ВАО, инчунин шабакаи умумиҷаҳонии Интернет –
бо ҷарима аз дусад то чорсад воҳиди пойгоҳии ҳисобӣ ё ки корҳои ҳатмии ҷамоатӣ аз сесад то сесаду шаст соат, ё бо корҳои ислоҳӣ аз ду то се сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад»;
2) матни моддаи 2571  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
“Вайрон кардани қонунгузориҳои санитарӣ ё қоидаҳои мубориза
бо эпидемия, аз ҷумла бесабаб дар шароити пайдоиш ва паҳншавии инфексияи карантин ва дигар сироятҳое, ки ба одамон хавфноканд, иҷро накардани талабот оид ба гузаштан аз муоинаи тиббӣ, табобат ва омадан ба ҷойҳое, ки барои карантин муайян шудаанд ва дар муддати муайян тарк накардани ин ҷойҳо, ошкор кардани маълумот дар бораи шахсоне, ки дар тамос буданд ва ҷойҳои ташрифи онҳо дар давраи хавфи мубтало шудан ба беморӣ, инчунин дигар талаботи қонунии мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ки хатари воқеии бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамонро ба вуҷуд овардаанд ё ки боиси бемории омма  ки заҳролудшавии одамон шудаанд – 
бо ҷарима аз панҷоҳ то сад воҳиди пойгоҳии ҳисобӣ ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи муайян то панҷ сол ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ аз як сол то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор, ки боиси марги инсон шудааст, –
бо корҳои ислоҳи аз ду то се сол ё маҳдуд кардани озодӣ аз се то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдоре, ки боиси қурбонии одамон гардад, –
маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад».
Моддаи 2. Банди 1 қисми якуми моддаи 3812 Кодекси ҷиноятию мурофиавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 сентябри соли 1994 № 2013 - ХII тасдиқ кардааст, (Ахборотномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 1995, № 2, моддаи 5; Ахборотномаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 1995, № 12, моддаи 269; соли 1997, № 2, моддаи 56, № 9, моддаи 241; соли 1998, № 5-6, моддаи 102, № 9, моддаи 181; соли 1999, № 1, моддаи 20, № 5, моддаи 124, № 9, моддаи 229; соли 2000, № 5-6, моддаи 153, № 7–8, моддаи 217; соли 2001, №1-2, моддаҳои 11, 23, № 9-10, моддаҳои 165, 182; соли 2002, № 9, моддаи 165; соли 2003, № 5, моддаи 67; соли 2004, № 1–2, моддаи 18, № 9, моддаи 171; Ахборотномаи палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2005, № 12, моддаи 418; соли 2006, № 6, моддаи 261; соли 2007, № 4, моддаи 166, № 6, моддаҳои 248, 249, № 9, моддаи 422, № 12, моддаҳои 594, 595, 607; соли 2008, № 4, моддаҳои 177, 187, № 9, моддаҳои 482, 484, 487, № 12, моддаҳои 636, 641; соли 2009, № 1, моддаи 1, № 4, моддаи 136, № 9, моддаи 335, № 12, моддаҳои 469, 470; соли 2010, № 6, моддаи 231, № 9, моддаҳои 334, 336, 337, 342, № 12, моддаи 477; соли 2011, № 4, моддаҳои 103, 104, № 9, моддаи 252, № 12/2, моддаи 363; соли 2012, № 1, моддаи 3, № 9/2, моддаи 244, № 12, моддаи 336; соли 2014, № 9, моддаи 244; соли 2015, № 8, моддаҳои 310, 312, № 12, моддаи 452; соли 2016, № 4, моддаи 125, № 9, моддаи 276, № 12, моддаи 385; соли 2017, № 3, моддаи 47, № 6, моддаи 300, № 9, моддаҳои 506, 510, № 10, моддаи 605; соли 2018, №1, моддаҳои 1, 5, № 4, моддаҳои 218, 224, № 7, моддаҳои 430, 431, № 10, моддаи 679; соли 2019, № 1, моддаҳои 3, 5, № 2, моддаи 47, № 3, моддаи 161, № 5, моддаҳои 259, 267, № 7, моддаи 386, № 8, моддаи 469, № 9, моддаҳои 589, 592, № 10, моддаи 671, № 11, моддаҳои 787, 791, № 12, моддаҳои 880, 881, 891) пас аз калимаҳои «моддаҳои 2444 (ба истиснои ҷиноятҳои марбут ба вайронкунии қонунгузории гумрукӣ)» калимаҳои «моддаҳои 2445» илова карда шаванд.
Моддаи 3. Ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 сентябри соли 1994 № 2015 - XII тасдиқ кардааст, (Ахборотномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 1995, № 3, моддаи 6; Ахборотномаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 1995, № 9, моддаи 193, № 12, моддаи 269; соли 1996, № 5-6, моддаи 69, № 9, моддаи 144; соли 1997, № 2, моддаи 56, № 4-5, моддаи 126, № 9, моддаи 241; соли 1998, № 3, моддаи 38, № 5-6, моддаи 102, № 9, моддаи 181; соли 1999, № 1, моддаи 20, № 5, моддаи 124 , № 9, моддаи 229; соли 2000, № 5-6, моддаи 153, № 7–8, моддаи 217; соли 2001, № 1-2, моддаи 23, № 9–10, моддаҳои 165, 182; соли  2002, № 1, моддаи 20, № 9, моддаи 165; соли 2003, № 1, моддаи 8, № 5, моддаи 67, № 9-10, моддаи 149; соли 2004, №1-2, моддаи 18, № 5, моддаи 90, № 9, моддаи 171; соли 2005, № 1, моддаи 18; Ахборотномаи палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2005, № 9, моддаи 312, № 12, моддаҳои 413, 417, 418; соли 2006, № 6, моддаи 261, № 9, моддаи 498, № 10, моддаи 536, № 12, моддаҳои 656, 659; соли 2007, № 4, моддаҳои 158, 159, 164, 165, №. 9, моддаҳои 416, 421, № 12, моддаҳои 596, 604, 607; соли 2008, № 4, моддаҳои 181, 189, 192, № 9, моддаҳои 486, 488, № 12, моддаҳои 640, 641; соли 2009, № 1, моддаи 1, № 9, моддаҳои 334, 335, 337, № 10, моддаи 380, № 12, моддаҳои 462, 468, 470, 472, 474; соли 2010, № 5, моддаҳои 175, 179, № 6, моддаи 231, № 9, моддаҳои 335, 339, 341, № 10, моддаи 380, № 12, моддаҳои 468, 473, 474; соли 2011, № 1, моддаи 1, № 4, моддаҳои 104, 105, № 9, моддаҳои 247, 252, № 12/2, моддаи 365; соли 2012, № 4, моддаи 108, № 9/1, моддаи 242, № 12, моддаи 336; соли 2013, № 4, моддаи 98, № 10, моддаи 263; соли 2014, № 1, моддаи 2, № 5, моддаи 130, № 9, моддаи 244, № 12, моддаҳои 341, 343; соли 2015, № 6, моддаи 228, № 8, моддаҳои 310, 312, № 12, моддаи 452; соли 2016, №1, моддаи 2, № 4, моддаи 125, № 9, моддаи 276, № 12, моддаҳои 383, 385; соли 2017, № 4, моддаи 137, № 6, моддаи 300, № 9, моддаи 510, № 10, моддаи 605; соли 2018, №1, моддаҳои 1, 4, 5, № 4, моддаи 224, № 7, моддаҳои 430, 431, 432, № 10, моддаҳои 671, 673, 679; соли 2019, № 1, моддаҳои 1, 3, 5, № 2, моддаи 47, № 3, моддаҳои 161, 165, 166, № 5, моддаҳои 259, 261, 267, 268, № 7, моддаи 386, № 8, моддаҳои 469, 471, № 9, моддаҳои 591, 592, № 10, моддаҳои 674, 676, № 11, моддаҳои 787, 791, № 12, моддаҳои 880, 891; соли 2020, № 1, моддаи 4), тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд:
номи боби III дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«ФАСЛИ III. ҶАЗОИ МАЪМУРӢ ВА ЧОРАИ МАҶБУРӢ»;

2) бо моддаи 292 мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 292. Татбиқи чораҳои маҷбурии тиббӣ дар шароити пайдоиш ва паҳн шудани инфексияи карантин ва дигари барои инсон хатарнок
Нисбат ба шахсе, ки дар шароити пайдоиш ва паҳншавии инфексияи карантинӣ ва дигари барои одамон хатарнок қонуншикании ба вайрон кардани қоидаҳои мубориза бар зидди эпидемия содир кардаанд, чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ дар намуди табобат ё нигоҳ доштан дар карантин ҳангоми мавҷуд будани асоси дахлдори тиббии мақомоти назорати давлатии санитарӣ  татбиқ карда мешавад.
Чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ якҷоя бо таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба мӯҳлати то сӣ шабонарӯз татбиқ карда мешаванд ва дар ҷойҳое, ки мақомоти назорати давлатии санитарӣ муайян кардаанд, иҷро карда мешаванд.
Иҷрои чораҳои маҷбурии хусусияти тиббиро мақомоти назорати давлатии санитарӣ, корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин мекунанд»;
3) матни моддаи 54 бо мазмуни зайл ифода карда шавад:
«Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии инфексияи карантинӣ ва дигар сироятҳое, ки барои одамон хатарноканд, бар хилофи талаботи махсуси мақомоти ваколатдор бидуни ниқоб будан –
то панҷ воҳиди пойгоҳи ҳисобӣ ҷарима карда мешавад.
Вайрон кардани қоидаҳои ҳатмие, ки бо мақсади пешгирии пайдоиш ё ки паҳншавии инфексияи карантинӣ ва дигаре, ки ба одамон хавфноканд, муқаррар шудаанд,  аз он ҷумла дар шароити пайдо шудан ва паҳн гардидани  инфексияи карантинӣ ва дигари ба одамон хавфнок, риоя накардани тартиби дохилии муассисаи тиббӣ ва бесабаб иҷро накардани талабот оиди гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва муолиҷа, омадан ба ҷойҳое, ки барои карантин муайян шудаанд ва тарк накардани ин ҷойҳо дар мӯҳлати муқарраршуда, ошкор намудани маълумот дар бораи шахсоне, ки бо онҳо тамос шуда буд ва ҷойҳои боздид дар давраи мубтало шудан ба ин беморӣ, инчунин дигар талаботҳои қонунии мақомоти назорати давлатии санитарӣ –
ба шаҳрвандон аз бист то сӣ, барои шахсони мансабдор – аз сӣ то панҷоҳ воҳиди  пойгоҳии ҳисобӣ ҷарима таъин карда мешавад”;
4) сархатҳои дуюм - қисми чоруми моддаи дуюми 257 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Сарнозири давлатии санитарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовини ӯ;
сардорони раёсатҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ва муовинони онҳо;
мудирони филиалҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и раёсатҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”;
5) дар моддаи 287:
банди 1 пас аз рақами «519» бо рақами «54» пурра карда шавад;
дар банди 9 рақами «61» ба рақамҳои «54, 61» иваз карда шавад;
6) дар қисми сеюми моддаи 288 рақами «56» ба рақамҳои «54, 56»
 иваз карда шавад.
Моддаи 4. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
қарорҳои ҳукуматро ба Қонуни мазкур мувофиқ гардонад;
аз нав дида баромадан ва аз ҷониби мақомоти идоракунии  давлатӣ бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, ки хилофи Қонуни мазкур мебошанд, таъмин намояд;
иҷро, то ба иҷрогарон расондан ва дар байни аҳолӣ тавзеҳ додани моҳият  ва аҳамияти Қонуни  мазкурро таъмин намояд.
Моддаи 5. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.

Президенти
Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
26 марти соли 2020.

№ ҚҶӮ-613

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: